Муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ

Ёрона, имтиёз ва телевизиюн: коршиносон роҳи ҳалли мушкилоти муҳоҷиронро ёфтанд

80
(Таҷдидшуда 14:14 13.07.2017)
Коршисонон ба давлати Тоҷикистон тавсия кардаанд барои муҳоҷироне, ки аз Русия бар мегарданд, ёронаву имтиёзҳои бонкӣ, молиётӣ ва иҷтимоъӣ бидиҳад

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Гурӯҳе аз коршиносони тоҷик чораҳоеро барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

Ин чораҳо дар санаде бо 10 пешниҳод таҳия шуда ва барои Ҳукумати ҶТ, Вазорати кору шуғли аҳолӣ, Вазорати умури хориҷа, Вазорати умури дохила ва Кумитаи умури занону хонавода фиристода хоҳанд шуд.

Ин пешниҳодҳо тавсияҳое ҳастанд, ки мизи гирде дар мавзуъи "Танзими раванди муҳоҷирати корӣ: имконот ва дурнамо" бо ширкати намояндагони давлат ва созмонҳои мардумниҳод ба даст омадаанд.

Фазои иқтисодӣ ва имтиёзҳои иҷтимоъӣ

Яке аз муҳимтарин мушкилотро коршиносони умури муҳоҷиарт бозгашти муҳоҷироне мешуморанд, ки дар "феҳристи сиёҳи" Русия номнавис шудаанд.

Бино ба гузоришҳои расмӣ, Русия дар паи "авфи якмоя"  беш аз 102 ҳазор муҳоҷири қонуншиканро аз ин "феҳрист" хориҷ кардааст. Вале камобеш 90 ҳазор муҳоҷир ҳамчунон дар он "феҳрист" мондаанд ва бозгашти онҳо ба Тоҷикистон ногузир аст.

"Дар ин росто тавсия мешавад, ки давлат барои беҳтар бозпайвастани муҳоҷирони бозгарданда бо ҷомеъа барои онҳо ва корфармоёни билқувваашон ёрона, имтиёзҳои молиётӣ, бонкӣ ва иҷтимоъӣ бидиҳад то фазои иқтисодиро барои фаъолияти муҳоҷирон аз ҷумла барои рушди корофаринӣ (соҳибкории инфиродӣ, бунгоҳҳои кишоварзӣ ва дастварзӣ) мусоъид ва шароити лозим фароҳам оварда шавад", — гуфта мешавад дар ин санад.

Коршиносон ҳамчунин тасвиби барномаи роҳбурдии миёнмуддатеро низ зарур мешуморанд, ки дар он аҳдофу авлавиятҳо на танҳо дар заминаи бозпайвастани муҳоҷирон, балки омодасозияшон барои бозгашт ба кишвари муҳоҷирпазир ва пуштибонии қонунӣ, иҷтимоъӣ ва пизишкии онҳо низ дар назар гирифта шаванд.

Роҳандозии шабакаи телевизиюнӣ ва беҳбуди огаҳирасонии муҳоҷирон

Се сол пеш аз ин дар Тоҷикистон ниҳоди давлатие барои омодасозии корҷӯён ба муҳоҷират ташкил шуда буд, ки мебоист онҳоро роҳнамоӣ ва огаҳирасонӣ мекард.

Ин ниҳод дар ҳашт шаҳру ноҳияҳои кишвар бунгоҳҳое ташкил кард, ки бояд муҳоҷиронро бо қонуну муқаррароти буду бош дар кишвари муҳоҷирпазир ошно мекарданд. Вале камбуди сармоягузории ҳадафгирона имкон намедиҳад, ки ин ниҳод шумораи бештари корҷӯёнро фаро бигирад.

"Дар ин росто пешниҳод мешавад, ки барои роҳандозии бунгоҳҳои омодасозии корҷӯён дар шаҳрҳои Ваҳдат, Кӯлоб, Панҷиканд, Турсунзода, Исфара ва ноҳияи Рашт сармоягузорӣ карда шавад", — мегӯянд коршиносон.

Ҳамчунин тавсия мешавад барои густардатар кардани доманаи огаҳирасонӣ шабакаи хабарии родюӣ ё телевизиюнӣ бунёду роҳандозӣ шавад то муҳоҷирону хонаводаҳояшонро пайгирона аз масоъили муҳоҷират огоҳ кунанд.

Коршиносон ҳамчунин пешниҳод доранд имкони баргузории Ҳамоиши солона дар мавзуъи муҳоҷират баррасӣ шавад, ки дар он намояндагони бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, коршиносону пажӯҳишгарон ва созмонҳои мардумниҳоду расонаҳо битавонанд равандҳову чашмандозҳои муҳоҷиратро баррасиву воковӣ карда чораҳову роҳкорҳоеро пайдо ва ба давлат пешниҳод кунанд.

80
Барчаспҳо:
ёрона, имтиёз, муҳоҷират, Тоҷикистон, Русия
Мавзуъ
Сарсониҳои як муҳоҷир дар паи эъломи авф: “наздик буд ихроҷам мекарданд...”
ФСБ панҷ муҳоҷир аз Осиёи Марказиро дастгир кард. Навори боздошт
Шаш муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ дар Петербург ба иттиҳоми даст доштан дар теруризм боздошт шуданд
Чигуна муҳоҷир метавонад дар се моҳ гувоҳиномаи ронандагии нав бигирад?
Выдача патентов в миграционном центре Московской области. Архивное фото

Дар вилояти Томски Русия қимати патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ гарон мешавад

209
(Таҷдидшуда 14:49 24.11.2020)
Дар соли оянда қимати патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар вилояти Томски Русия афзоиш хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар соли 2021 қимати патент барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави вилояти Томски Русия кору фаъолият мекунанд, имкон дорад тағйир ёбад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти думаи қонунгузори вилояти Томск.

Қимати патент дар қаламрави ин минтақа тақрибан 4317 рубл дар як моҳро ташкил хоҳад дод. Бояд гуфт, ки то имрӯз қимати патент дар ин минтақа 4193 рублро ташкил медод.

Ҳамин тавр, арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ тақрибан ба 120 рубл афзоиш хоҳад ёфт.

Тибқи омор дар вилоят дар соли равон бино бар паҳншавии вируси корона теъдоди муҳоҷирон ба маротиб коҳиш ёфтааст. Гуфта шудааст, ки аз 13,7 ҳазор муҳоҷири меҳнатие, ки қаблан ба вилояти Томск ворид мешуд, имсол бино бар пандемия ҳамагӣ 4,3 ҳазор муҳоҷир ба ин минтақа ворид шудааст.

Инчунин тақрибан ду баробар гирифтани патент кам шудааст. Шумори муҳоҷироне, ки патент мегирифтанд аз 6,2 ҳазор то 3,2 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст. Ҷамъоварии андоз низ 22 дарсад коҳиш ёфтааст ва имсол ҳамагӣ 96 миллион рублро ташкил додааст.

"Барои муқоиса дар ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби пардохти андози муҳоҷирони меҳнатӣ ба буҷаи ин минтақа 157,4 миллион рубл ворид шуда буд", - гуфта шудааст дар иттилоияи думаи минтақаи Томск.

209
Барчаспҳо:
Томск, гарон, арзиш, патент, Русия, муҳоҷир

Муҳоҷиронро дар Санкт-Петербург дар киштиҳои сайёҳӣ ҷой медиҳанд

274
(Таҷдидшуда 14:48 20.11.2020)
Муҳоҷиронеро, ки дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҳолати вазнин қарор гирифтаанд, дар бошишгоҳҳои ғайриодие ҷой медиҳанд, ки дар замони пандемия истифода намешаванд

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар бораи вазъи муҳоҷирон дар шаҳри Санкт-Петербург, губернатор Александр Белов нақл кард, навиштааст  "Невские новости".

Ба гуфтаи губернатор вазъи муҳоҷирон дар Санкт-Петербург дар маҷмӯъ назоратшаванда мебошад.

“Таҷаммӯи оммавии шаҳрвандони хориҷӣ, ки имкони бозгашт ба Ватанашонро надоранд, то ҳол ба қайд гирифта нашудааст”, - изҳор дошт губернатор.

Белов афзуд, муҳоҷирони дармондаро мақомот дар  киштиҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳои обӣ ва инчунин шаҳракҳои хаймавии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ҷой медиҳанд.

Инчунин губернатори Санкт-Петербург иттилоъ дод, ки барои кумак ба муҳоҷирон  шабакаи махсуси телефонӣ фаъол шудааст, ки ба корафтодагон дар масоили гуногун, аз ҷумла тиббию иҷтимоӣ машварат медиҳад.

Дар баробари ин хориҷиён метавонанд, бо суолҳояшон ба гуруҳи махсус, ки дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" ташкил шудааст, муроҷиат намоянд.

274
Барчаспҳо:
Санкт-Петербург, муҳоҷирон, Русия
Асозода Дилшод Алимурод глава города Нурек  посетил ветерана ВОВ  Гулов Малах

Мақомоти шаҳри Норак ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ хона сохт

0
(Таҷдидшуда 19:28 24.11.2020)
Мақомоти шаҳри Норак эълон кардааст, ки ахиран ба Гулов Малах, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра сохта тақдим карда шуд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари маӣбуоти раиси шаҳри Норак ахиран раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Гулов Малах рафт.

Раиси шаҳри Норак бо вазъи зисту зиндагонии пири хирад Гулов Малах ошно гардидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки бо ташаббуси мақомоти шаҳр манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра, ошхона барои аҳли оилаи Гулов Малах сохта, ба истифодаи онҳо супорида шуд.

Ҳамзамон раиси шаҳри Норак барои мавсими зимистонгузаронӣ ба иштирокчии ҶБВ маблағи пулӣ тақдим кардааст.

Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

0
Барчаспҳо:
ҶБВ, куҳансарбоз, собиқадорон, Норак, Тоҷикистон