Рӯди Барисово

Муҳоҷире барои иҷрои шарт худро ба рӯди Маскав андохт

191
(Таҷдидшуда 15:17 30.07.2017)
Наҷотдиҳандагони Русия дар рӯде дар Маскав шаҳрванди Узбакистонро дарёфт карданд, ки ӯ ба хотири иҷрои шарт худро ба об андохтааст

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Наҷотдиҳандагони рус рӯзи шанбе шаҳрванди Узбакистонро аз рӯди Барисов берун кашиданд.

Бино ба гузориши РИА Новости, муҳоҷирро дар масофаи 400 метр дуртар аз маркази наҷотдиҳии Баросов дарёфт кардаанд. Манбаъ меафзояд, ки муҳоҷир дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.

Ин мард пас аз ба ҳуш омадан гуфтааст, ки бо рафиқонаш шарт кардааст ва барои иҷрои он худро аз болои купруки Каширсикй ба рӯди Барисов андохтааст.

Муҳоҷири узбакистонӣ ба ёрии тиббӣ ниёз надоштааст.

Қаблан хабар дода шуд, ки раиси шаҳри Мон-де-Марсан, Шарл Дайо ба ваъдааш вафо кард. Ӯ шарт баста буд, ки агар клуби "Пари-сен-Жермен" ба даври чорякниҳоии Лиги қаҳрамонҳо роҳ наёбад, муш мехӯрад. 

Вай дар ниҳоят рӯзи 25 июл дар ҳузури тамошобинон муши бирёнро истеъмон кард.

191
Барчаспҳо:
ба об андохтан, иҷрои шарт, муҳоҷират, Маскав
Мавзуъ
Нерӯҳои дарёии Шри-Ланка филеро аз ғарқ шудан наҷот доданд
Гар шиновар нестӣ..: Донишҷӯ ва мавҷсаворон аз ғарқ шудан наҷот ёфтанд
Ду кӯдак ҳангоми говбонӣ дар “Баҳри тоҷик” ғарқ шуданд
Ронанда ба хотири баровардани экскаватор аз дарё, худаш ғарқ шуд
Рубль, архивное фото

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон барои ситондани пул аз ҳамватан дар Русия

131
(Таҷдидшуда 20:18 28.11.2020)
Як шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳамватанаш бо истифодаи зӯроварӣ ҳамаи маблағҳои доштаашро ситондааст. Муттаҳам боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Аз шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Санкт Петербург наздики 150 ҳазор рубл ситонда шудааст, хабар дод ФАН бо такя ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Ҷабрдида дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳор доштааст, ки ӯро гурӯҳи муҳоҷирон мавриди фишор қарор додаанд. Ӯ таъкид кардааст, ки амали ин гуруҳро як нафар роҳбарӣ менамудааст.

Манбаъ афзуд, ки нахуст аз ҷабрдида 50 ҳазор рублашро гирифта, баъдан маҷбур кардаанд, ки боқимондаи пулро аз корти бонкияш гирифта диҳад.

Дар маҷмӯъ маблағе, ки аз ҷабрдида ситонда шудааст, 149 ҳазор рублро ташкил додааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳор доштаанд, ки муттаҳам дар ташкили ғоратгарӣ боздошт шудааст. Муайян гардидааст, ки ӯ ҳамватани ҷабрдида буда, феълан таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

131
Трудовые мигранты, архивное фото

Бозгашт ба Тоҷикистон тариқи Ӯзбекистону Қирғизистон арзонтар аст

180
Бозгашти муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон аз масирҳои Ӯзбекистону Қирғизистон хароҷоти камтари маблағ дорад

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар ҳоле ки  чиптаи ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе ҳудуди 395 евроро ташкил медиҳад, бозгашт ба Тоҷикистон тариқи шаҳрҳои Ӯзбекистону Қирғизистон арзонтар аст, хабар додаст сомонаи Парстудей.

Манбаъ афзуд, қимати билет аз шаҳрҳои Русия ба Самарқанд 25 ҳазор рубли русӣ аст ва тоҷикҳо ҳазор то ҳазору 500 рубли дигарро барои ронандагони таксиҳо то марзи Тоҷикистон пардохт мекунанд.

“Ҳамчунин тоҷикҳои дорои тобеияти Русия, ки бо ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ ба Қирғизистон меоянд, аз шаҳри Уши ин кишвар то Хуҷанди Тоҷикистон барои хадамоти таксӣ 150 то 200 сомонӣ пардохт мекунанд”, - омадааст дар матлаб.

Манбаъ афзудааст, ки парвоз ба шаҳрҳои Ӯзбекистону Қирғизистон барои бозгашти коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия 8 то 15 ҳазор рубл арзонтар тамом мешавад.

Қаблан далели гарон будани нархи чиптаҳоро масъулини ширкати тоҷикистонӣ ба пур кардани танҳо 60 дарсади сандалиҳо барои ҷилавгирӣ аз густариши Ковид 19, гаронии сӯхт ва ҳазинаҳои ҷонибӣ ба манзури хариди маводи зиддиуфунӣ унвон мекунанд

180

Дар Хатлон 941 иншооти тандурустӣ бунёду навсозӣ мешавад

0
(Таҷдидшуда 20:57 28.11.2020)
Дар вилояти Хатлон бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон бунёди 941 иншооти тандурустӣ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар вилояти Хатлон 532 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд гардидааст, хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

Манбаъ аз қавли шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дод, то ҷашни Истиқлол дар вилоят бунёду навсозии 941 иншооти тиббӣ ба нақша гирифта шудааст, ки наздики 70 дарсади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.

“Аз ҷумла, 27 беморхона, 55 маркази саломатӣ, 159 бунгоҳи тиббӣ, 142 нуқтаи хатнакунӣ, 14 таваллудхона ва 135 дорухона дар хизмати аҳолӣ қарор дода шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки айни ҳол сохтмони иншооти калонҳаҷм, аз қабили бинои Маркази перинаталӣ ва Маркази табобатии бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар, Беморхонаи бисёрсоҳа бо 200 кати бистарикунонӣ ва Маркази саломатӣ барои қабули 300 бемор дар ноҳияи Қубодиён, Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара ва Беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бомаром идома дошта, дар арафаи анҷомёбист.

Инчунин, дар деҳот сохтмони бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ идома дорад.

Нашрия зикр намудааст, ки ҳоло дар вилояти Хатлон 115 муассисаи сохтори госпиталӣ ва 41 муассисаи амбулаторию госпиталӣ фаъолият менамоянд.

0
Барчаспҳо:
сохтмон, Тоҷикистон