Маркази муҳоҷиратӣ. Акс аз бойгонӣ

Дарёфти патент осон мешавад: барои муҳоҷирон сафҳаи шахсӣ боз карданд

379
(Таҷдидшуда 17:06 21.08.2017)
Маркази муҳоҷиратии Маскав барои корбарони муҳоҷир сафҳаи шахсӣ роҳандозӣ кардааст
!-- —>

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Равобити умумии шаҳрдории Маскав иттилоъ медиҳад, ки Маркази муҳоҷиратӣ дар вебгоҳаш барои корбарони муҳоҷир сафҳаи шахсӣ роҳандозӣ шудааст.

Ин сафҳа имкон медиҳад, ки муҳоҷир ҷараёни омода шудани патент ё муҷаввизи кори худро онлайн ё бархатт пайгирӣ кунад.

Сафҳаи шахсӣ ҳамчунин имкон медиҳад, ки муҳоҷир дар ин сафҳа ҳазинаи муҷаввизашро пардохт кунад. Ҳамчунин корбар метавонад пешинаи пардохтҳои худро баррасӣ кунад ва паёмакҳоро хонда ва дар сурати иваз шудани рақами телефон онро аз сари нав таҷдид кунад.

Ҳамакнун бо ёрии ин сафҳа пур кардани суратҳисоби пардохти ҳазинаи муҷаввиз осонтар мешавад. Сарбарги ин суратҳисоб дар сафҳаи корбарон бо ҳама додаҳои лозим дар бораи муҳоҷир пайдо мешавад, бояд танҳо муддати замони эътибори муҷаввизро дар сарбарг навишт.

Сафҳаи шахсӣ ҳангоми таҳияи асноду мадорик барои дарёфти муҷаввиз барои ҳар як муҳоҷир боз мешавад.

Акнун гирифтани патент осонтар мешавад. Фақат бояд ҳуҷҷатҳоро ба маркази муҳоҷиратӣ супорида дар саҳифаи инфиродӣ ҳолати омодашавии онро назорат кард.

379
Барчаспҳо:
саҳифаи инфиродӣ, Маркази муҳоҷирати меҳнатӣ, Маскав
Мавзуъ
Коршинос сабаби ба Русия муҳоҷират кардани тоҷиконро гуфт
Ба пеш ба Русия: пешсафии Тоҷикистон дар муҳоҷират ба Русия
Беш аз 1500 шаҳрванди Тоҷикистон ба Шарқи Дур муҳоҷират кардаанд
Хисороти молии "Сомон Эйр" дар мавсими муҳоҷират

Муҳоҷиронро дар Санкт-Петербург дар киштиҳои сайёҳӣ ҷой медиҳанд

266
(Таҷдидшуда 14:48 20.11.2020)
Муҳоҷиронеро, ки дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҳолати вазнин қарор гирифтаанд, дар бошишгоҳҳои ғайриодие ҷой медиҳанд, ки дар замони пандемия истифода намешаванд

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар бораи вазъи муҳоҷирон дар шаҳри Санкт-Петербург, губернатор Александр Белов нақл кард, навиштааст  "Невские новости".

Ба гуфтаи губернатор вазъи муҳоҷирон дар Санкт-Петербург дар маҷмӯъ назоратшаванда мебошад.

“Таҷаммӯи оммавии шаҳрвандони хориҷӣ, ки имкони бозгашт ба Ватанашонро надоранд, то ҳол ба қайд гирифта нашудааст”, - изҳор дошт губернатор.

Белов афзуд, муҳоҷирони дармондаро мақомот дар  киштиҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳои обӣ ва инчунин шаҳракҳои хаймавии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ҷой медиҳанд.

Инчунин губернатори Санкт-Петербург иттилоъ дод, ки барои кумак ба муҳоҷирон  шабакаи махсуси телефонӣ фаъол шудааст, ки ба корафтодагон дар масоили гуногун, аз ҷумла тиббию иҷтимоӣ машварат медиҳад.

Дар баробари ин хориҷиён метавонанд, бо суолҳояшон ба гуруҳи махсус, ки дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" ташкил шудааст, муроҷиат намоянд.

266
Барчаспҳо:
Санкт-Петербург, муҳоҷирон, Русия
Покупатель в аптеке

Кор дар дорухонаҳову марказҳои тиҷории бузурги Русия барои хориҷиҳо мамнӯъ шуд

341
(Таҷдидшуда 18:43 19.11.2020)
Ҳукумати Русия саҳмияи ҷазби коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар ин кишварро дар соли 2021 эълом кард, ки бинобар он муҳоҷирон дар дорухонаҳову марказҳои тиҷории бузург ба кор гирифта нахоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik.  Ба гузориши сомонаи итилоърасонии ҳукумати Русия, коргарони муҳоҷир метавонанд бештар дар бахшҳои хадамоти шаҳрӣ, ҷангал, сохтмонсозӣ, кишоварзӣ ва ҳамлунақл фаъолият кунанд.

Саҳми ин афрод дар бахши сохтмонсозӣ дар соли 2021 наздик ба 80 дарсад хоҳад буд.

Дар кишоварзӣ, буридани ҷангал ва саноати мебелсозӣ саҳми коргарони муҳоҷири хориҷӣ 50 дарсадро ташкил хоҳад кард. Ин афрод дар бахши ҳамлунақли умумӣ дорои 25 дарсад саҳмияи истихдомӣ шудаанд.

Аммо дар бахши варзиш ба онон 25 дарсад саҳмия ихтисос ёфтааст. Дар фурӯшгоҳҳои хурд ба коргарони муҳоҷири хориҷӣ 15 дарсад иштиғол муҷоз дониста мешавад.

Бар асоси гузориши расмӣ, беш аз як миллион нафар коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ду сеюми онон дар бахши сохтмонсозӣ фаъолият мекунанд, ки ба далели густариши Ковид -19 аксари онон ба кишвари хеш бозгашт кардаву бо баста шудани марзҳо наметавонанд дубора вориди Русия шаванд.

Ҳукумати Русия эълом кардааст, ки ба далели густариши вируси корона ва хуруҷи коргарони муҳоҷир бахши сохтусоз дар ин кишвар бо мушкили ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда ва акнун барномаи боз кардани марзҳо барои вуруди дубораи ин афрод дар дасти баррасӣ мебошад.

341
Барчаспҳо:
хориҷӣ, кор, беҳтарин дорухона, муҳоҷират, Русия
Ноги, архивное фото

Макони ишқварзӣ ба ивази 120 сомон: боздошти зани 41-сола барои ташкили фоҳишахона

0
(Таҷдидшуда 11:16 24.11.2020)
Вазорати  умури дохилии Тоҷикистон як зани 41-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахтро бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, боздоштшуда хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил додааст.

Манбаъ мегӯяд, номбурда, 23-юми ноябри соли 2020, дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба ҷавони 21 сола ва ҷавонзани 22-солаи сокинони шаҳри Душанбе шароит фароҳам оварда, аз онҳо 120 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

“Ҳамчунин, номбурда ҳамон рӯз дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба ҷавони 23-сола ва ҷавонзани 20-солаи сокинони пойтахт шароит фароҳам оварда, аз онҳо 120 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”,-афзудааст, манбаъ.

Боздошти зани 47 сола барои ташкили фоҳишахона: ду нафарро шинос карду 400 сомон гирифт

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

0
Барчаспҳо:
ташкили фоҳишахона, зан, боздошт, Душанбе, Тоҷикистон