Тамбов тоҷиконро барои зисти ҳамешагӣ даъват мекунад

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкРабочие на строительной площадке, архивное фото
Рабочие на строительной площадке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин вилоят барои зисти муваққатӣ 20 марказ бунёд шудааст, ки муҳоҷирон фақат бо пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ метавонанд дар тӯли шаш моҳ ин ҷо зиндагӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Вилояти Тамбов барои ҳамватаноне, ки мехоҳанд ихтиёран дар барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон ширкат  кунанд, чорабинии фаҳмондадиҳӣ баргузор кард.

"Вилотяи Тамбов дар тӯли роҳандозии барнома худро чун минтақаи муҳимтарини Русия барои зисти ҳамешагӣ бо камтатрин изҳори рад нишон додааст. Аз соли 2013 инҷониб аз Тоҷикистон 7 ҳазор ариза ба мо расид ва аз ин шумул 750 аризадиҳанда ба Тамбов кӯчидааст", — гуфт дар суҳбат бо рӯзноманигорон намояндаи ВКД Русия дар Тоҷикистон Владислав Маркевич.

Мудири раёсати кор ва шуғли аҳолии вилояти Тамбов Михаил Филимонов гуфт, ки аз оғози роҳандозии ин барнома то ин дам аз Тоҷикистон 12 ҳазор кас кӯч бастааст.

"Мо кӯшиш мекунем аз ҳамаи кишварҳое, ки ҳамватанонамон он ҷо ба сар мебаранду хотсори зиндагӣ дар Русия ҳастанд, боздид кунем ва ба мардум дар бораи вилоятамон маълумоти дақиқ диҳем", — қайд кард Михаил Филимонов.

Филимонов ҳамчунин хабар дод, ки дар ин вилоят барои зисти муваққатӣ 20 марказ бунёд шудааст, ки муҳоҷирон фақат бо пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ имкон доранд, дар тӯли шаш моҳ ин ҷо ба сар баранд.

Дар бораи ҷои кор Филимонов қайд кард, ки дар вилоят кишоварзӣ, чорводорӣ ва саноати сабук аз соҳаҳои рушдкунанда ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0