Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират.Акс аз бойгонӣ

На одам: робот муҳоҷиронро аз омода шудани патент огоҳ мекунад

122
(Таҷдидшуда 20:06 10.11.2017)
Барои фаҳмидани омодагии патент муҳоҷир бояд рақами аризаи худро ба оператори вертуалӣ гӯяд

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Муҳоҷирони Маскавро аз омодашавии патент робот огоҳ мекунад. Дар ин бора равобити умумии Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират хабар медиҳад.

Айни замон робот беш аз 30 ҳазор зангҳои телефониро дар як моҳ қабул мекунад.

"Ӯ қодир аст, бо шунидани сухани инсон мустақилона ба савол посух гӯяд ё муштариро бо корманди дигари масъул пайваст кунад", — омадааст дар хабарнома.

Барои санҷиши омодагии патент, муҳоҷир бояд рақами аризаи худро ба оператори вертуалӣ гӯяд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Маскав нархи патент гарон мешавад.

Акнун арзиши патент барои муҳоҷирони корӣ дар Маскав 4.500 рубл мешавад. Пештар шаҳрдори Маскав Сергей Собянин пешниҳод карда буд, ки Қонуни молиёт ислоҳ карда шавад.

Ин иқдом бо пешниҳоди шаҳрдори Маскав Сергей Собянин сурат гирифтааст.

"Дар соҳаҳое, ки муҳоҷирон кор мекунанд, ҳуқуқи моҳиёна то 14 дарсад афзоиш ёфтааст. Бо дар назардошти он ки ҳуқуқи муҳоҷирон кунд афзоиш меёбад, мо пешниҳод мекунем, ки арзиши патент 7 дарсад гарон карда шавад", — гуфтааст дар ин ҷаласа роҳбари шуъбаи сиёсати иқтисодӣ ва рушди Маскав Владимир Ефимов.

122
Барчаспҳо:
робот, патент, Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират, Русия
Мавзуъ
Вазорати кору муҳоҷират: ҷавоне, ки дар бозори Маскав лату кӯб шуда, зинда аст
Коршинос сабаби ба Русия муҳоҷират кардани тоҷиконро гуфт
Ба пеш ба Русия: пешсафии Тоҷикистон дар муҳоҷират ба Русия
Беш аз 1500 шаҳрванди Тоҷикистон ба Шарқи Дур муҳоҷират кардаанд

Вакил гуфт, бекор кардани патент барои муҳоҷирон чӣ пайомад дорад

172
(Таҷдидшуда 20:06 28.10.2020)
Ба гуфти вакил сабукӣ барои муҳоҷирони метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русияро ба бор орад ва ба амният хатар дошта бошад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. ВУД Русия пешниҳод карда, ки қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР" ислоҳ карда шавад ва барои бархе аз гурӯҳи муҳоҷирон патент бекор гардад.

Светлана Бессараб, узви Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва собиқадорон, дар суҳбат бо Парламентская газета аз чунин навоварӣ интиқод кард.

Дар Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ Маркази имдод ифтитоҳ мешавад

"Ман ба чунин ташаббус эҳтиёткорона муносибат мекунам. Тавре таҷриба нишон медиҳад, аз ҷумла дар кишварҳои Урупо, на ҳамеша пур кардани ҷойҳои корие, ки мардуми бумӣ намехоҳад аз ҳисоби муҳоҷирон, хуб аст. Аксар вақт ин амалкард бо амнияти давлатӣ алоқаманд аст". қайд кард Бессараб.

Вакил афзуд, ки чунин навгониҳо барои муҳоҷирони сохтмончӣ метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русия ва иттифоқҳои касабаро ба бор орад.

Чунин вокуниш махсусан имрӯзҳо, ки сатҳи бекорӣ дар Русия дар ҳоли афзоиш аст, интизоршаванда мебошад.

Ба ширкатҳои бузурги сохтмонӣ иҷозат дода мешавад, муҳоҷиронро аз Тоҷикистон даъват кунанд

Рӯзи 26 октябр Вазорати корҳои дохилии Русия тарҳи ислоҳи қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия" -ро барои муҳокимаи умум нашр кард.

Тибқи ҳуҷҷат, хориҷиён метавонанд бидуни патент ва иҷозатномаи кор дар ширкатҳои байналмилалии Русия кор кунанд: дар сохтани иншооти барои чорабиниҳо зарурӣ пешбинишуда ва ҳангоми омодагӣ ва иштирок дар чунин чорабиниҳо.

Рӯйхати чорабиниҳо, ташкилкунандагон ва лоиҳаҳои сохтмонро ҳукумат муайян мекунад.

172
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, хатар, патент, Русия
Мигранты на строительном объекте. Архивное фото

Ба ширкатҳои бузурги сохтмонӣ иҷозат дода мешавад, муҳоҷиронро аз Тоҷикистон даъват кунанд

1300
(Таҷдидшуда 15:37 27.10.2020)
Русия имкониятҳои дақиқи иҷозати ширкатҳои бузурги сохтмониро барои овардани муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ фаъолона таҳия мекунад

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Дар Русия масъалаи имтиёзҳои иловагӣ барои корфармоён, ки муҳоҷиронро киро мекунанд, ҳалли худро меёбад, гуфт муовини вазири сохтмон ва манзилию коммуналӣ Никита Стасишин дар форуми таҳиягарон ва меъморон Forbes.

Ширкатҳои бузурги сохтмонӣ мумкин аст барои овардани муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ тибқи рӯйхатҳо иҷозат гиранд.

Стасишин қайд кард, ки пеш аз ҳама, ин тағиротҳо ба имкони таъмини вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба Русия дахл хоҳад дошт.

Ин ҳатто дар вазъияти душвори эпидемиологӣ вуруди мӯътадили муҳоҷирони меҳнатиро ба вуҷуд меорад.

Собянин аз норасоии муҳоҷирон дар Маскав гуфт: на ҳама маскавиҳо барои кор омодаанд

Дар баробари имкониятҳои иловагӣ, корфармоён барои тамоми занҷири амнияти саломатии муҳоҷирон масъуланд: "аз лаҳзаи қабули қарори вуруд - то лаҳзаи бозгашти онҳо ба хона".

Собянин гуфт, Маскав бе муҳоҷирон ба чӣ мушкил мувоҷеҳ шудааст

Аз ҷумла корфармоён оид ба санҷиши муҳоҷирон барои коронавирус масъуланд.

1300
Барчаспҳо:
корҳои сохтмонӣ, муҳоҷирин, Русия, Тоҷикистон