Сотрудники ФСБ России, архивное фото

ФСБ Русия як роҳи муҳоҷирати қонуншиканона аз Осиёи Марказиро баст

64
(Таҷдидшуда 21:40 17.11.2017)
Созмони амнияти федералии Русия як шабакаи табаҳкори созмонёфтаеро торумор кард, ки муҳоҷирати қонуншиканона аз Осиёи Марказиро роҳандозӣ карда буд

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Созмони амнияти федералии Русия ҳамроҳ бо Вазорати умури дохилӣ ва Русгвардия гурӯҳи табаҳкори созмонёфтаеро ошкор ва боздошт карда, ки шабакаи густардаи муҳоҷирати қонуншиканона аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русияро роҳандозӣ карда буд.

"Дувоздаҳ тан аз саркардагону дастандаркорони гурӯҳи табаҳкор боздошт шудаанд. Онҳо муттаҳам ба "созмондеҳӣ роҳандозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ шудаанд", — гуфта мешавад дар хабаре, ки равобити умумии САФ Русия мунташир кардааст.

Ҷузъиёти ин боздошт ошкор нашуда, вале гуфта шуда, ки дар паи бозҷӯӣ дар дафтару хонаҳое, ки ин гурӯҳ барои табаҳкорияш ба кор мебурда, мӯҳрҳои сохта, аз ҷумла мӯҳрҳои гузор аз марз, баргаҳои сохтаи муҳоҷират, санадҳои шиносоии расмии шаҳрвандони хориҷӣ ва рӯнавишти онҳо ва дигар афзорҳо ёфта ва ситонда шудаанд.

64
Барчаспҳо:
муҳоҷирати қонуншиканона, ФСБ Русия, Русия-Осиёи Марказӣ
Мавзуъ
ФСБ навори боздошти ҷангҷӯёни гурӯҳи "Артподготовка"-ро нашр кард
Миннатдории мудири ФСБ ба мақомоти қудратии Тоҷикистон
ФСБ боз ду теруристи ДОИШ аз Осиёи Марказиро дастгир кард
ФСБ панҷ муҳоҷир аз Осиёи Марказиро дастгир кард. Навори боздошт

Ду донишҷӯи тоҷик мубталои коронавирус шуда, ба бемористон бистарӣ шуданд

618
Ду донишҷӯи тоҷик дар шаҳри Рибински вилояти Ярослав дар пайи сироятёбӣ аз коронавирус зери табобати пизишкон фаро гирифта шуданд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ду донишҷӯи тоҷикистонӣ дар вилояти Ярослав пас аз натиҷаҳои мусбии тахшиси коронавирус дар беморхонаи шаҳрӣ зери назорати табибон қарор гирифтанд.

Дар ин бора нашрияи минтақавии Рибинск хабар медиҳад.

"Ду донишҷӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон ба беморхона интиқол ёфтанд. Ташхиси коронавирус дар бадани онҳо мусбӣ будаст. Аммо нафаре аз онҳо ягон нишанаи бемориро надоштаанду феълан худро хуб ҳис мекунанд", - менависад нашрия.

Ҳарду донишҷӯ ҳам дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекарданд. Бино бар сабаби карантин ва баста шудани роҳҳо натавонистанд ба Тоҷикистон раванд.

Боқимонда донишҷӯёне, ки дар ҳамин хобгоҳ зиндагӣ мекарданд, аз ташхис гузаштанд. Онҳо зери назорати табибон қарор доранд.

Фаврӣ: Тоҷикистон шаҳрвандонашро марҳила ба марҳила аз Русия, ба Ватан бармегардонад

 

133 донишҷӯи дигар ба карантини 14-рӯза фаро гирифта мешаванд.

 

618

Русия афви сартосарии муҳоҷиронро баррасӣ дорад: Вазир аз камии муҳоҷирон гуфт

2100
(Таҷдидшуда 21:07 02.06.2020)
Вазоратҳои меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва корҳои дохилии Русия сари тағйири сиёсат дар умури муҳоҷират кор карда истодаанд

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Антон Котяков, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия, гуфт, дар бархе минтақаҳои кишвар аллакай камбуди шадиди муҳоҷирон эҳсос мешавад.

“Вазъ дар умури муҳоҷирон вобаста ба минтақаҳои Русия гуногун мебошад. Имрӯзҳо дар қисме аз минтақаҳо аллакай норасоии шадиди муҳоҷирон барои даст ёфтан ба ҳадафҳои гузоштаамон, эҳсос мешавад”, - изҳор дошт Котяков.

Вазири меҳнати Русия таъкид кардааст, ки феълан якҷо бо ВУД тағйирот дар умури муҳоҷиратро баррасӣ доранду ояндаи наздик пешниҳодоти мушаххасро ироа хоҳанд кард.

Қаблан РИА Новости бо такя ба ВУД Русия аз эҳтимоли афви сартосарии муҳоҷирон дар қаламрави кишвар хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар марҳилаи пандемия то 12 миллион шаҳрванди хориҷӣ дар Русия қарор доштанд, ки аз ин танҳо 2.5 миллион нафар расман ба қайд гирифта шудаанд.

“Пешниҳод шуд, ки дар Русия афви сартосарӣ эълон карда шавад, то муҳоҷироне, ки ғайрирасмӣ ё нимарасмӣ дар Русия қарор доранд, ҳузурашонро қонунӣ кунанд. Ҳамин тариқ сабти оммавии давлатӣ амалӣ  карда шавад”, - иттилоъ дода буд ВУД.

Манбаъ таъкид карда буд, ки феълан ин масъала дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

2100
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Свеча

Мусибат дар хонаводаи Мӯъмин Қаноат: набераи 42 - солааш ҷаҳони фониро падруд гуфт

234
(Таҷдидшуда 23:48 06.06.2020)
Баҳрин нахустнабераи шоири зиндаёд Мӯъмин Қаноат дар синни 42 - солагӣ аз олам ҷашм пӯшид. Иллати марги ӯ маризии гурда арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Хабари фавти бармаҳали Баҳрин - нахустнабераи Мӯъмин Қаноат шоири зиндаёдро адиби тоҷик Аҳмадшоҳи Комилзода дар сафҳаи Фейсбукии худ коридаст.

акс аз сафҳаи фейсбукии Комилзода Аҳмадшоҳ
Баҳрин нахустнабераи Мӯъмин Қаноат

Ба навишати Комилзода, набераи устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат ҳамагӣ 42 - сол умр дошта, бар асари бемории шадиди гурда, рӯзи 6 - уми июн аз олам чашм пӯшид. 

"Баҳрин ҷавони донишманд, донанда ва тарҷумони хуби се забон – порсии тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буд, ки бо ин се забон кору тарҷума мекард", - навиштааст Комилзода.

Хезед бобо Дарвоз мерем: арӯси хонаводаи Мӯъмин Қаноат аз вопасин суханҳои шоир нақл кард

Аз марҳум ду фарзанд Суруш ва Мумтоз, ки яке 15 - сола ва дувумӣ 13 - солаанд, ятим монданд.

Дӯстони Баҳрин, даргузашти ӯро ҳамчун шахсияти соҳибхираду соҳибғурур ва нафари ботамкин, як мусибати бузурги ҷуброннопазир арзёбӣ мекунанд.

234