Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы, архивное фото

Тоҷикистон нахустин бор мизбони ҷашнвораи ҷаҳонии филми муҳоҷират мешавад

28
(Таҷдидшуда 16:53 04.12.2017)
Ҷашнвораи ҷаҳонии филми муҳоҷират дар Тоҷикистон то 18 декабр идома хоҳад дошт ва филмҳо ройгон намоиш дода мешаванд.

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Тоҷикистон нахустин бор мизбони Ҷашнвораи ҷаҳонии филми муҳоҷират мешавад, гузориш медиҳад равобити умумии Созмони байналмилалии муҳоҷират.

"Маросими ифтитоҳи намоиши филмҳои ҳунарӣ ва мустанад дар чорчӯби Ҷашнвораи ҷаҳонии филми муҳоҷират 5 декабр дар Маркази исмоилия дар шаҳри Душанбе оғоз меёбад", — гуфта мешавад дар иттилоъияи СБМ, ки баргузоркунандаи он аст.

Созмони байналмилалии муҳоҷират ин ҷашнвораро ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон баргузор мекунад, ки ҳар сол 18 декабр баргузор мешавад.

Дар чорчӯби ин ҷашнвора 4 филм намоиш дода хоҳад шуд, ки масоилу мушкилоти муҳоҷирон ва ҳамчунин саҳми арзишмандеро, ки муҳоҷирон дар рушду тавсеъаи кишварҳои худ ва хориҷӣ мегузоранд, ба тасвир кашидаанд.

Ҷашнвораи ҷаҳонии филми муҳоҷират дар Тоҷикистон то 18 декабр идома хоҳад дошт ва филмҳо ройгон намоиш дода мешаванд.

Ин ҷашнвора имрӯза дар беш аз 100 кишвар дар саросари ҷаҳон баргузор мешавад. Филмҳои ҳунарӣ ва мустанади ҷашнвораи кор ва зиндагии рӯзмараи муҳоҷиронро бозтоб медиҳанд.

28
Барчаспҳо:
Ҷашнвораи ҷаҳонии филми муҳоҷират, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Тоҷикистон
Мавзуъ
Рақс дар рӯзи мотам: Қиссаи 22 соли муҳоҷирати Муҳаббат Кимсанова дар Русия
ФСБ Русия як роҳи муҳоҷирати қонуншиканона аз Осиёи Марказиро баст
Раисҷумҳур раҳбари Хадамоти муҳоҷиратиро барканор кард
Вазорати кору муҳоҷират: ҷавоне, ки дар бозори Маскав лату кӯб шуда, зинда аст
Маркази муҳоҷиратӣ дар филме роҳҳои таҳияи патентро нишон дод
Патрушев: натавонистем муҳоҷирати ғайриқонуниро коҳиш диҳем
Коршинос сабаби ба Русия муҳоҷират кардани тоҷиконро гуфт
Ба пеш ба Русия: пешсафии Тоҷикистон дар муҳоҷират ба Русия

Ду донишҷӯи тоҷик мубталои коронавирус шуда, ба бемористон бистарӣ шуданд

618
Ду донишҷӯи тоҷик дар шаҳри Рибински вилояти Ярослав дар пайи сироятёбӣ аз коронавирус зери табобати пизишкон фаро гирифта шуданд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ду донишҷӯи тоҷикистонӣ дар вилояти Ярослав пас аз натиҷаҳои мусбии тахшиси коронавирус дар беморхонаи шаҳрӣ зери назорати табибон қарор гирифтанд.

Дар ин бора нашрияи минтақавии Рибинск хабар медиҳад.

"Ду донишҷӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон ба беморхона интиқол ёфтанд. Ташхиси коронавирус дар бадани онҳо мусбӣ будаст. Аммо нафаре аз онҳо ягон нишанаи бемориро надоштаанду феълан худро хуб ҳис мекунанд", - менависад нашрия.

Ҳарду донишҷӯ ҳам дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекарданд. Бино бар сабаби карантин ва баста шудани роҳҳо натавонистанд ба Тоҷикистон раванд.

Боқимонда донишҷӯёне, ки дар ҳамин хобгоҳ зиндагӣ мекарданд, аз ташхис гузаштанд. Онҳо зери назорати табибон қарор доранд.

Фаврӣ: Тоҷикистон шаҳрвандонашро марҳила ба марҳила аз Русия, ба Ватан бармегардонад

 

133 донишҷӯи дигар ба карантини 14-рӯза фаро гирифта мешаванд.

 

618

Русия афви сартосарии муҳоҷиронро баррасӣ дорад: Вазир аз камии муҳоҷирон гуфт

2100
(Таҷдидшуда 21:07 02.06.2020)
Вазоратҳои меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва корҳои дохилии Русия сари тағйири сиёсат дар умури муҳоҷират кор карда истодаанд

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Антон Котяков, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия, гуфт, дар бархе минтақаҳои кишвар аллакай камбуди шадиди муҳоҷирон эҳсос мешавад.

“Вазъ дар умури муҳоҷирон вобаста ба минтақаҳои Русия гуногун мебошад. Имрӯзҳо дар қисме аз минтақаҳо аллакай норасоии шадиди муҳоҷирон барои даст ёфтан ба ҳадафҳои гузоштаамон, эҳсос мешавад”, - изҳор дошт Котяков.

Вазири меҳнати Русия таъкид кардааст, ки феълан якҷо бо ВУД тағйирот дар умури муҳоҷиратро баррасӣ доранду ояндаи наздик пешниҳодоти мушаххасро ироа хоҳанд кард.

Қаблан РИА Новости бо такя ба ВУД Русия аз эҳтимоли афви сартосарии муҳоҷирон дар қаламрави кишвар хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар марҳилаи пандемия то 12 миллион шаҳрванди хориҷӣ дар Русия қарор доштанд, ки аз ин танҳо 2.5 миллион нафар расман ба қайд гирифта шудаанд.

“Пешниҳод шуд, ки дар Русия афви сартосарӣ эълон карда шавад, то муҳоҷироне, ки ғайрирасмӣ ё нимарасмӣ дар Русия қарор доранд, ҳузурашонро қонунӣ кунанд. Ҳамин тариқ сабти оммавии давлатӣ амалӣ  карда шавад”, - иттилоъ дода буд ВУД.

Манбаъ таъкид карда буд, ки феълан ин масъала дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

2100
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Свеча

Мусибат дар хонаводаи Мӯъмин Қаноат: набераи 42 - солааш ҷаҳони фониро падруд гуфт

219
(Таҷдидшуда 23:48 06.06.2020)
Баҳрин нахустнабераи шоири зиндаёд Мӯъмин Қаноат дар синни 42 - солагӣ аз олам ҷашм пӯшид. Иллати марги ӯ маризии гурда арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Хабари фавти бармаҳали Баҳрин - нахустнабераи Мӯъмин Қаноат шоири зиндаёдро адиби тоҷик Аҳмадшоҳи Комилзода дар сафҳаи Фейсбукии худ коридаст.

акс аз сафҳаи фейсбукии Комилзода Аҳмадшоҳ
Баҳрин нахустнабераи Мӯъмин Қаноат

Ба навишати Комилзода, набераи устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат ҳамагӣ 42 - сол умр дошта, бар асари бемории шадиди гурда, рӯзи 6 - уми июн аз олам чашм пӯшид. 

"Баҳрин ҷавони донишманд, донанда ва тарҷумони хуби се забон – порсии тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буд, ки бо ин се забон кору тарҷума мекард", - навиштааст Комилзода.

Хезед бобо Дарвоз мерем: арӯси хонаводаи Мӯъмин Қаноат аз вопасин суханҳои шоир нақл кард

Аз марҳум ду фарзанд Суруш ва Мумтоз, ки яке 15 - сола ва дувумӣ 13 - солаанд, ятим монданд.

Дӯстони Баҳрин, даргузашти ӯро ҳамчун шахсияти соҳибхираду соҳибғурур ва нафари ботамкин, як мусибати бузурги ҷуброннопазир арзёбӣ мекунанд.

219