Муҳоҷирон имсол аз Русия ба Тоҷикистон 1,5 миллиард доллар интиқол кардаанд

Обуна шудан
Интиқоли мабалағ аз ҷониби муҳоҷирон дар соли 2017 нисбат ба соли гузашта ба 231 миллион доллар зиёд шудааст

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Имсол муҳоҷирони тоҷик ба Ватан зиёда аз 1,5 миллиард доллар интиқол кардаанд.

Бино бар гузориши Бонки марказии Русия, интиқоли мабалағ аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик  дар соли 2017 нисбат ба соли гузашта ба 231 миллион доллар зиёд шудааст.

Гуфта мешаввад, танҳо дар семоҳаи охир  741 миллион доллар фиристода шудааст, ки аз он 171 миллион долларро зодагони Тоҷикистон, ки шаҳрванди Русия шудаанд ва 570 миллиони боқимондаро шаҳрвандони Тоҷикистон интиқол кардаанд.

Дар умум интиқоли маблағ аз Русия ба кишварҳрои ИДМ афзоиш ёфтааст. Тавре манбаъ меафзояд, тӯли 9 моҳи соли равон ба кишварҳои узви Иттиҳод 8,7 миллиард доллар маблағ интиқол ёфтааст.

Гуфта мешавад, дар ин давра аз Русия ба Узбакистон — 2 миллиард 636 миллион доллар ва Қирғизистон — 1 миллиард 576 миллион доллар маблағ фиристода шудааст.

Соли 2016 ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон 1 миллиард 929 милион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2015 ба миқдори 651 миллион доллар  бештар буд. Соли 2014 ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон — 3 миллиарду 831 миллион ва соли 2013 — 4 миллиарду  155 миллион долларро ташкил дода буд.

Лентаи хабарҳо
0