Александр Калинин. Акс аз бойгонӣ

Калинин ба муҳоҷирон: бо оташ бозӣ накунед

652
(Таҷдидшуда 11:11 17.12.2017)
Александр Калинин раиси Комиссияи сиёсати муҳоҷиратии Маскав мегӯяд, ки дар соли интихоботи раисҷумҳури Русия ва Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол, қавонини муҳоҷират сангинтар мешавад

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Александр Калинин раиси Комиссияи сиёсати муҳоҷиратии Маскав дар бораи сангин шудани қавонини муҳоҷират дар соли 2018 нақл кард.

Ба гуфти Калинин замоне, ки ВКД Русия фаъол ҳасту буду боши ғайриқонуниро пайгирӣ мекунад, муҳоҷирон на бояд бо "оташ" бозӣ кунанд.

Калинин: в 2018 году миграционная политика ужесточится

"Мо ба он муҳоҷироне маслиҳат медиҳем, ки онҳо дар Русия буду боши ғайриқонунӣ доранд. Амалиёти санҷиши ҳуҷҷатҳо, дастгир шудан ва ба маҳкумгоҳи муваққатӣ равон кардану пасон депорт шудан, вақти зиёдеро талаб мекунад. Ва аз ин амалиёт худи шумо-муҳоҷирон зиён мебинеду имконияти кумак ба хонаводаҳоятонро аз даст медиҳед", — гуфт ӯ.

Калинин ҳушдор дод, ки дар соли интихоботи раисҷумҳури Русия ва Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол, қавонини муҳоҷират сангинтар мешавад.

"Барои муайян кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳатто дар меҳмонхонаҳо ва манзилҳои истиқоматие, ки муҳоҷирон барои зиндагӣ иҷора гирифтаанд, амалиёти вижаи ҷустуҷӯӣ баргузор мешавад",- ҳушдор дод Калинин.

652
Барчаспҳо:
Александр Калинин, Русия

Муноқишаи муҳоҷирон бо мақомоти қудратӣ дар марзи Русия ва Қазоқистон: ҷузъиёт

213
(Таҷдидшуда 16:00 05.08.2020)
Интизорӣ барои бозгаштан ба Ватан, дар марзи Русия ва Қазоқистон бо муноқишаи миёни муҳоҷирон ва кормандони қудратӣ анҷомид

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар марзи Русия ва Қазоқистон миёни муҳоҷирон ва кормандони қудратӣ муноқиша сар зад. Нахустин шуда шабакаи Match аз ин ҳодиса хабар дод.

Дар ин шабака наворе нашр шуда буд, ки дар он муҳоҷирон ба сӯи марз ҳаракат мекунанд. Аз навор суханони қабеҳ шунида мешуд.

Пасон намояндаи расмии Гвардияи миллии Русия Валерий Грибакин дар суҳбат бо "Интерфакс" гуфт, ҷанҷол рӯзи 3 август рух дод.

Шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон, ба Ватан расиданд

"Муноқишаи миёни муҳоҷирон ва мақомоти қудратӣ дар вилояти Самара ба зудӣ, бидуни дахолати намояндагони Гвардияи миллӣ пахш шуд", - қайд кард Грибакин.

Бино ба гузориши "Интерфакс" қазия субҳидам, соати 9 ба вуқӯъ пайваст. Мардум дар интизори сафар буданд, вале ягон хабар нашуду онҳо ба ғазаб омаданд.

Дар паи ин низоъ касе осеб надидааст. Феълан вазъият дар марзи Русия ва Қазоқистон ором аст.

Айни ҳол дар урдугоҳи муваққатӣ дар марзи Қазоқистону Русия 840 муҳоҷир дар интизори интиқоли онҳо ба ватан мебошанд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳастанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Самара то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст.

213
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, муноқиша, Қазоқистон, Русия
Арест, архивное фото

Боздошти сокини Петербург барои қатли муҳоҷири тоҷик: ҷавони 22 - соларо буғӣ карда кушт

543
Дар Санкт - Петербурги Русия як марди 48 - сола ба гумони қатли муҳоҷири 22 - сола аз Тоҷикистон боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Муҳоҷири 22 - сола аз Тоҷикистон дар шаҳри Санкт - Петербург кушта шуд, хабар медиҳад нашрияи Петербург. ру.

Ба иттилои манбаъ, хабари кушта шудани муҳоҷирро ба мақомоти пулис марди 45 - сола расонд. Гуфта мешавад муҳоҷири тоҷик дар хонаи ин мард ба ҳайси иҷоранишин зидагӣ мекард.

Вазорати меҳнат гуфт, дар шаш моҳ чӣ қадар муҳоҷир ба Русия рафт

Манбаъ меафзояд, ҷавони 22 - соларо нахуст кӯфтанд ва сипас аз роҳи буғӣ кардан ба қатл расонданд.

Зимнан, кормандони пулис ба гумони қатли муҳоҷири ҷавон, соҳибхона, марди 45 - сола, ки бекор аст, боздошт намуданд.

Феълан алайҳи боздоштшуда протокол тартиб дода шуда ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад. 

Зикр мегардад, ки тафтишот дар ин самт идома дорад.

543
Барчаспҳо:
қатл, тоҷик, муҳоҷир, Санкт-Петербург
Молоток судьи в суде, архивное фото

Се соли зиндон: суди Хуҷанд ҳукми корманди қалбакии идораи зидди фасодро эълон кард

0
(Таҷдидшуда 17:22 06.08.2020)
Суди шаҳри Хуҷанд нисбати Нуриддинов Анвархӯҷа Ҳайдарович, ки худро корманди Идораи мубориза бо коррупсия хонда аз мақомдорони давлатӣ бо ҳар баҳона пул меситонд, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин намудааст

ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Суди шаҳри Хуҷанд дар рафти мурофияи додгоҳӣ се ҳолати қаллобии Нуриддиновро ошкор намуда, нисбати ӯ бар асоси Қонуни ҷинояии Тоҷикистон ҷазо таъин намудааст.

Ба иттилои Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, дар ҷараёни маҷлиси судӣ таъкид шудааст, ки Нуриддинов Анвархӯҷа дар се ҳолат тариқи суҳбати телефонӣ худро корманди Идораи мубориза бо коррупсия муаррифӣ карда, аз як раиси ҷамоат ва ду хизматчии давлатии дигар барои гуё ифшо накардани камбудиҳои кориашон ҷамъ 9,2 ҳазор сомонӣ ситонидааст.

"Ҳаракатҳои мардумфиребона тавассути суҳбати телефонӣ сурат гирифта, баъди ба мувофиқа расидан Нуриддинов ба ҳайси шогирд ва иҷрокунандаи супориши роҳбар ба назди ҷабрдидаҳо омада, маблағи маслиҳатшударо ба даст меорад. Ҳол он, ки нафари сеюм вуҷуд надошт ва нафари дар телефон суҳбаткарда низ, худи ӯ мебошад", - иттилоъ медиҳад Шарифӣ.

Боздошти кормади ҳукумати Кӯлоб аз суи Ожонси зидди фасод бо ҷурми заминфурӯшӣ

Судшаванда Нуриддинов Анвархӯҷа Ҳайдарович, сокини 26 солаи шаҳри Хуҷанд буда, ягон ихтисоси касбӣ надорад ва дар ҳеҷ куҷо расман кор намекунад. Ӯ моҳи марти соли 2019 дар асоси моддаҳои 11 ва 237 и Кодекси ҷиноӣ суд шуда нисбаташ бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд ҷазо дар намуди ҷарима тадбиқ шудааст.

Қаблан дар нишасти матбуотӣ Шараф Аваззода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, гуфт дар ҳоле аз амалҳои ғайриқонунии ин сокини шаҳри Хуҷанд огоҳ шудаанд, ки ӯ худро корманди ниҳоди онҳо хонда ба ситонидани маблағи шаҳрвандон машғул шудааст.

Тафтиши саросарии "Агроинвестбонк": Ожонси зидди фасод пулҳои “гумшуда”-ро меҷӯяд

Суди шаҳри Хуҷанд ҳолатҳои айбдории Нуриддинов Анвархӯҷа Ҳайдаровичро бар асоси моддаи 247 қисми 2 бандҳои "а" ва "в" - и  асноди ҷиноӣ баррасӣ намуда, нисбати номбурда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 сол бо адо кардани ҷазо дар Калонияи ислоҳии дорои низоми умумӣ бо ҳуқуқи маҳрум сохтан аз ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин кардааст.

0
Барчаспҳо:
Ожонси зидди фасод, қалбакӣ, корманд, ҳукм, Хуҷанд, суд