Дар Душанбе муҳоҷирати ғайриқонунӣ ошкор шуд

© Sputnik Заграничный биометрический паспорт гражданина РТ, архивное фото
Заграничный биометрический паспорт гражданина РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокини ноҳияи Шоҳмансур аз шаҳрвандон ба миқдори 11000-доллар гирифта, барои ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Урупо фиристонидан ғайриқонунӣ шартномаҳои хаттӣ бастааст

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik.  Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

Ба иттилоъи манбаъ, дар паи баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 25-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур ҳамчун гумонбар дар ташкил намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир шудааст. 

Вай бо мақсади ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристодан ва бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар бинои "Армуғон", воқеъ дар кӯчаи Дӯстии Халқҳо ҶДММ "Меҳр-2017"-ро ташкил намуда, ба ҳайси роҳбар фаъолият кардааст. 

"Сипас ғайриқонунӣ бе доштани иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷирати Тоҷикистон аз  зани 32-сола ва ду марди 25 ва 27-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва марди 27-солаи сокини шаҳри Ҳисор, маблағи пулӣ ба миқдори 11000-доллар гирифта, бо номбурдагон барои ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Аврупо фиристонидан шартномаҳои хаттӣ бастааст", —омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки зз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудаасту  тафтишот идома дорад.    

Лентаи хабарҳо
0