Задержанные, подозреваемые в причастности к незаконному обороту наркотических средств в селе Жаштык Баткенской области и сотрудники ГСКН

ВКД Русия 5 қочоқгари маводи мухаддир аз Тоҷикистон, Русия ва Белорусро боздошт кард

62
(Таҷдидшуда 21:14 16.01.2018)
Пулис аз ин гурӯҳи табаҳкор беш аз 6 килуграм ҳеруин ба арзиши беш аз 11 милюн рубл боз ситондааст

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Сухангуи Вазорати умури дохилии Русия аз боздошти панҷ шаҳрванди Русия, Тоҷикистон ва Белорус ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

“Панҷ шаҳрванди Русия, Белорус ва Тоҷикистон боздошт шудаанд. Беш аз 6 килуграм ҳероин, ки беш аз 11 милюн рубл арзиш дорад, аз гардиши ғайриқонунӣ хориҷ карда шуд”, — гуфт Ирина Волк.

Вай гуфт, барои арзёбии ҷурм ва таъйини кайфари ин муттаҳамон ба қочоқи маводи мухаддир парванда ташкил шудааст.

Ин афрод, ки дар амалиёти ҷудогонаи нерӯҳои вижаи пулиси Русия дар вилоятҳои Маскав ва Челябинск дастгир шудаанд, ҳамакнун дар боздоштгоҳ ба сар мебаранд.

Ёдоварӣ мекунем, ки Додгоҳи вилояти Маскав дар поёни соли 2017 Шералӣ Табаров, саркардаи тоҷики як гурӯҳи қочоқчии маводи мухаддирро ба иттиҳоми интиқоли 600 килуграм ҳероин ба Русия дар солҳои 2012 – 2016 ба ҳабси абад маҳкум кард.

Ҳамчунин 14 узви ин гурӯҳ, ки шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, аз 6 то 25 сол маҳкум ба зиндон шуданд.

Дар зиндонҳои Русия беш аз 8 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон давраи маҳкумияти худро мегузаронанд, ки яксевумашон ба иттиҳоми даст доштан дар интиқолу фурӯши маводи мухаддир маҳкум шудаанд.

62
Барчаспҳо:
қочоқи маводи мухаддир, ВУД Русия, Белорус, Тоҷикистон, Русия
Мавзуъ
Дар соли 2017: КДАМ аз қочоқчиён 1740 кг маводи мухаддир мусодира кард
Дар Твер ду тоҷик барои фурӯши маводи мухаддир 9 сол ҳукм гирифтанд
Милисае дар Суғд ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир дастгир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 3 тонна маводи мухаддир ёфтаву ситонда шудааст

Ду донишҷӯи тоҷик мубталои коронавирус шуда, ба бемористон бистарӣ шуданд

220
Ду донишҷӯи тоҷик дар шаҳри Рибински вилояти Ярослав дар пайи сироятёбӣ аз коронавирус зери табобати пизишкон фаро гирифта шуданд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ду донишҷӯи тоҷикистонӣ дар вилояти Ярослав пас аз натиҷаҳои мусбии тахшиси коронавирус дар беморхонаи шаҳрӣ зери назорати табибон қарор гирифтанд.

Дар ин бора нашрияи минтақавии Рибинск хабар медиҳад.

"Ду донишҷӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон ба беморхона интиқол ёфтанд. Ташхиси коронавирус дар бадани онҳо мусбӣ будаст. Аммо нафаре аз онҳо ягон нишанаи бемориро надоштаанду феълан худро хуб ҳис мекунанд", - менависад нашрия.

Ҳарду донишҷӯ ҳам дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекарданд. Бино бар сабаби карантин ва баста шудани роҳҳо натавонистанд ба Тоҷикистон раванд.

Боқимонда донишҷӯёне, ки дар ҳамин хобгоҳ зиндагӣ мекарданд, аз ташхис гузаштанд. Онҳо зери назорати табибон қарор доранд.

Фаврӣ: Тоҷикистон шаҳрвандонашро марҳила ба марҳила аз Русия, ба Ватан бармегардонад

 

133 донишҷӯи дигар ба карантини 14-рӯза фаро гирифта мешаванд.

 

220

Русия афви сартосарии муҳоҷиронро баррасӣ дорад: Вазир аз камии муҳоҷирон гуфт

1941
(Таҷдидшуда 21:07 02.06.2020)
Вазоратҳои меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва корҳои дохилии Русия сари тағйири сиёсат дар умури муҳоҷират кор карда истодаанд

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Антон Котяков, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия, гуфт, дар бархе минтақаҳои кишвар аллакай камбуди шадиди муҳоҷирон эҳсос мешавад.

“Вазъ дар умури муҳоҷирон вобаста ба минтақаҳои Русия гуногун мебошад. Имрӯзҳо дар қисме аз минтақаҳо аллакай норасоии шадиди муҳоҷирон барои даст ёфтан ба ҳадафҳои гузоштаамон, эҳсос мешавад”, - изҳор дошт Котяков.

Вазири меҳнати Русия таъкид кардааст, ки феълан якҷо бо ВУД тағйирот дар умури муҳоҷиратро баррасӣ доранду ояндаи наздик пешниҳодоти мушаххасро ироа хоҳанд кард.

Қаблан РИА Новости бо такя ба ВУД Русия аз эҳтимоли афви сартосарии муҳоҷирон дар қаламрави кишвар хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар марҳилаи пандемия то 12 миллион шаҳрванди хориҷӣ дар Русия қарор доштанд, ки аз ин танҳо 2.5 миллион нафар расман ба қайд гирифта шудаанд.

“Пешниҳод шуд, ки дар Русия афви сартосарӣ эълон карда шавад, то муҳоҷироне, ки ғайрирасмӣ ё нимарасмӣ дар Русия қарор доранд, ҳузурашонро қонунӣ кунанд. Ҳамин тариқ сабти оммавии давлатӣ амалӣ  карда шавад”, - иттилоъ дода буд ВУД.

Манбаъ таъкид карда буд, ки феълан ин масъала дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

1941
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
День 4 июня

Ҷашнҳои рӯзи 4 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:07 03.06.2020)
Рӯзи 4 июн дар Ингушистон — Рӯзи маориф, дар Молдова — Рӯзи кормандони бонк, дар Финландия — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ, дар Қазоқистон — Рӯзи рамзҳои давлатӣ, дар ИМА ӯзи оила, дар Қирғизистон Рӯзи ёдбуд ва дар Эстония Рӯзи парчам таҷлил мешавад

Рӯзи 4 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1922 дар замимаи нашрияи шӯравии «Рабочая газета» аввалин шумораи маҷаллаи суратдори «Рабочий» нашр шуд, ки пас аз чанд вақт номи «Крокодил»-ро гирифт.

Рабочая газета
Рабочая газета

Соли 1940 дар шаҳри Маскав варзишгоҳи "Динамо" мавриди истифода қарор дода шуд.

Соли 1956 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пардохт барои таҳсил дар мактаби миёна ва олӣ бекор карда шуд.

Соли 1956 дар Иттиҳоди Шӯравӣ шумораи нахустини киномаҷаллаи ҳаҷвии «Фитил»  ба экран баромад.

День 2 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1970 Тонга аз Британияи Кабир истиқлолият ба даст овард.

Соли 1975 аввалин маротиба пахши мустақими телевизионӣ аз ҷараёни ҷаласаи парлумони Англия сурат гирифт.

Соли 2010 дар шаҳри Маскав аз ҷониби тоҷикон созмони хайриявии "Даргил наник" таъсис  дода шуд.

Рӯзи 4 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2008 аввалин шумораи ҳафтаномаи "Боргоҳи сухан" чоп шуд.

Соли 2011 Расул Боқиев варзишгари тоҷик барандаи медали тиллои мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон оид ба ҷудо дар шаҳри Бухарест гардид.

На занятии в школе Расула Бокиева, архивное фото
© Sputnik
На занятии в школе Расула Бокиева, архивное фото

Соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади идомаи сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай аз шаҳри Сямэн ба шаҳри Пекин ташриф омад.

День 3 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Лора Пак мулоқот кард. Оқил Оқилов изҳор дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои ояндадори иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои тақвияти раванди ин ҳамкорӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

 

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ  ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуд.

Соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат фабрикаи маъданғанигардонии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Покрӯд" ба фаъолият шурӯъ кард.

Соли 2018 дар Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия машваратҳои сиёсӣ баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 4 июн

  • Дар Ингушистон — Рӯзи маориф.
  • Дар Молдова — Рӯзи кормандони бонк.
  • Дар Финландия — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ.
  • Дар Қазоқистон — Рӯзи рамзҳои давлатӣ.
  • Рӯзи оила дар ИМА.
  • Рӯзи ёдбуд дар Қирғизистон.
  • Рӯзи парчам дар Эстония.

Рӯзи 4 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Розия Акобирова (1937-2009)- киноактриса.

Сафват Бурҳонов (1968)- журналист.

Гушин Игор (1951)- доктори илми тиб.

Марям Давлатова (1955)–мутарҷим, ҷомеъашинос.

Наим Ёқубов (1934) – меъмор, профессор.

Олга Морозова (1902 – 1981) – доктори илми кишоварзӣ, профессор.

Николай Решетников (1923 – 1983) – доктори илми фалсафа, профессор.

Ҳошим Содиқов (1911 – 1994) – физик, профессор.

Фуфигин Виктор (1907 – 1973) – рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Бобо Худойдодов (1927 – 1990) – мутарҷим, адабиётшинос.

Муаттара Ҷӯраева (1975)- собиқ наттоқи ТВ.

Шаферштейн Семен (1898 – 1978) – доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 1 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон