Бозори Садовод, акс аз бойгонӣ

Бозори "Садовод" дигарбора оташ гирифт, мардумро мекӯчонанд

168
Дар қатори севвуми бозори "Садовод" ғурфае месӯзад, ки масоҳати он тақрибан 20 метри квадратиро ташкил медиҳад, хабар медиҳад манбае аз хадамотҳои фаврии Маскав

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар бозори "Садовод" —  дар шимолу шарқи Москва ғурфае оташ гирифтааст, хабар медиҳад манбае аз хадамоти фаврии Маскав.

"Ғурфае дар қатори севвуми бозори "Садовод" месӯзад, ки масоҳати он 20 метри квадратиро ташкил медиҳад",- омадааст дар гузориши РИА Новости.

Ба гуфтаи вай, ҳоло мардум ва моли ғурфаро мекӯчонанд.

Ҳафтаи гузашта низ дар бозори "Садовод" сӯхтори мудҳише ба амал омада буд.

Гуфта мешуд, наздики 300 метри мураббаъи бозор сӯхта хокистар шуд. Барои хомӯш кардани сӯхтор беш аз 100 наҷотдиҳанда ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд. 40 кас аз дохили бозор берун оварда шуданд.

Далели асли сӯхторро партовҳои сохтмонӣ гуфта буданд.

Дар ҳоли ҳозир сӯхтор пурра хомӯш карда шудааст.

168
Барчаспҳо:
сӯхтор, бозори "Садовод", Москва, Русия