Тафтиши ҳуҷҷатҳо. Акс аз бойгонӣ

Даъвати раиси вилоят: мардони муҷаррад ба муҳоҷират нараванд

1107
(Таҷдидшуда 14:37 25.01.2018)
Ҳокими вилояти Фарғона Шӯҳрат Ғаниев дар ҷаласае мардуми ноҳияи Тошлакро, ки дар паи сӯхтори автобус ҷон бохтанд, тунд танқид кардааст

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар Узбакистон пешниҳод карданд, ки мардҳои муҷаррад ба муҳоҷират нараванд.

Ҳокими вилояти Фарғона Шӯҳрат Ғаниев дар нишасте мардуми ноҳияи Тошлакро, ки дар паи сӯхтори автобус ҷон бохтанд, тунд танқид карду ваеъда дод, ки бошандагони ин ноҳия аз ҳаққи адои ҳаҷҷ маҳрум хоҳанд шуд.

"Наход ҷавонони 20-22 сола ба муҳоҷират раванд? Волидонашон дар ин бора чӣ мегӯянд?", — пурсидааст ҳоким.

Вай гуфтааст, ки рафтори ҷавонон бояд аз тарафи ҳокимияти маҳаллӣ таҳти назорат қарор мегирифт.

Ба гуфти ӯ аз миёни 52 муҳоҷир, ки дар паи сӯхтори автобус ҷон бохтанд, 16 касашон аз ноҳияи Тошлак буданд.

Рӯзи 18 январ автобусе, ки 57 муҳоҷирро аз Русия ба Узбакистон мебурд, дар вилояти Оқтеппа оташ гирифт. Дар ин сӯхтор, ки 18 январ дар 1068-умин килуметри бузургроҳи Самара — Чимканд дар ноҳияи Иргиз дар 10-килуметрии деҳаи Қолибой рух дода буд, 52 мусофир кушта шуд.

Сабаби аслии сар задани сӯхтор дар автобусро коршиносон муносибати нодуруст бо оташ гуфтаанд. Гуфта мешавад, аз сабаби сардии ҳаво аввал муҳаррики автобус аз кор мондаасту мусофирон лампаи кафшерро ба сифати гармкунак истифода бурдаанд.

Гармкунак зиёда аз ду соат кор кардаасту, омехтаи бензин ва газ тамоми фазои автобусро иҳота кардааст. Дар ҳамин ҳол ногаҳон бензин рехта ва оташ тамоми автобусро фаро гирифтааст.

1107
Барчаспҳо:
муҳоҷират, Узбакистон