Муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ

Пешниҳоди роҳандозии Green card барои муҳоҷирони Русия

581
(Таҷдидшуда 15:49 28.01.2018)
Коршиносон мегӯянд, ки роҳандозии барномаи бахтсанҷӣ мисоли Green card Амрико ва Blue card Урупо ба рушди муҳоҷирати касбӣ мусоидат мекунад

ДУШАНБЕ, 28 янв- Sputnik. Муаллифони гузориш аз Маркази таҳқиқотӣ бар онанд, ки чунин барнома барои ҷалби муҳоҷирони касбӣ ба Русия мусоидат мекунад.

Барои ба бозори корӣ ворид шудани муҳоҷирони касбӣ бояд, тарзи вурудро барояшон осон кард, мегӯяд Екатерина Деминтсева ҳаммуаллифи барномаи роҳандозии гринкорт ва мудири шӯъбаи таҳқиқотии сиёсии Мактаби иқтисодии Русия.

Тибқи ин гузориш ба муҳоҷирони касбӣ бояд визаи корӣ дода шавад, ки имконият медиҳад дар сурати даъвати корофарин ба кишвар вуруди бемомоният дошта бошаду дорои корти корӣ шавад, ки битавонад бемамоният ва дар муддати кӯтоҳ худро ба қайд гирад.

Коршинос мегӯяд, ки роҳандозии баномаи бахтсанҷӣ мисоли Green card Амрико ва Blue card Урупо ба рушди муҳоҷирати касбӣ мусоидат мекунад.

Ба гуфти коршиносон таваҷҷӯҳи муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ ба бозори кории Руия дар ҳоли коҳиш аст.

Ҳамчунин дар ин гузориш гуфта мешавад, ки пас аз соли 2025 шумораи донишҷӯёни ИДМ низ дар Русия кам мешаваду таваҷҷӯҳи мутахассисон низ ба бозори кории Русия коҳиш меёбад.

Яке аз ноқисиҳои барномаи муҳоҷирати Русияро коршиноон набуди давомнокии сиёсати муҳоҷират ва набуди низоми интихобии муҳоҷирон гуфтаанд.

 

 

581
Барчаспҳо:
муҳоҷират, Екатерина Деминтсева, Русия
Девушка сдает кровь для прохождения теста на наличие антител к вирусу SARS-CoV-2

Дар Русия муҳоҷиронро аз бемории COVID - 19 ройгон табобат мекунанд

53
Барои шаҳрвандони хориҷӣ, новобаста аз мақомашон дар Федератсияи Русия табобати ройгон аз бемории коронавирус кафолат дода мешавад

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Новобаста аз шаҳрвандӣ беморони гирифтори коронавирусро дар Маскав якхел табобат мекунанд, гуфтанд дар суҳбат бо "Парламентская газета" намояндагони Департаменти тандурустии Маскав.

Тибқи қавонини Русия суруғта ва табобат мувофиқи бимаи тиббиии навъи (ОМС) барои шаҳрвандоне, ки иҷозаи иқомати муваққатӣ ё худ РВП ва ВНЖ доранд ва ба шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди УрОсиё ва паноҳҷӯён роҳандозӣ шудааст.

Муҳоҷирон аз Озарбойҷон, Молдова, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бояд бимаи тибби навъи (ДМС) сурғуртаи ихтиёрии тиббӣ дошта бошанд.

Дар робита ба ҳамагирии коронавирус аз моҳи январ ба барномаи бимаи тиббӣ табобат гирифтан за бемории коронавирус низ ворид мешавад.

Барои шаҳрвандони хориҷӣ, новобаста аз мақомашон дар Федератсияи Русия дар расонидани ёрии таъҷилӣ ройгон аст.

Роҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов гуфт, афроде, ки коронавирусро ба таври шадид аз сар гузарониданд, бо табобати пурра таъмин шуданд.

Вале онҳое, ки гирифтори шакли сабуктари коронавирус шуданд, ба вазъияти душвортар дучор гардиданд: бояд ҳама чизро аз ҳисоби худ мехариданд ва аксар вақт маблағ намерасид.

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз қабили созмони "Нур", Бунёди Қодиров ва ғайра ба муҳоҷирон дар ин самт кӯмак мекунанд.

Раёсати тандурустии Маскав гуфтааст, ки шаҳрвандони хориҷии гирифтори коронавирус баробари русҳо табобат карда мешаванд.

"Департамент омори алоҳидаи муҳоҷирони маризи коронавирусро ҳисоб намекунад. Фарқе надорад, ки шаҳрванди кадом давлат табобат мегирад", - гуфтанд дар шӯъба.

Шаҳрвандони хориҷӣ дар дигар манотиқи Русия низ аз COVID-19 ройгон табобат мегирифтанд, гуфт Галина Рагозина, коршиноси Форуми созмонҳои муҳоҷират.

53
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, вируси корона, табобат, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Вакил гуфт, бекор кардани патент барои муҳоҷирон чӣ пайомад дорад

393
(Таҷдидшуда 20:06 28.10.2020)
Ба гуфти вакил сабукӣ барои муҳоҷирони метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русияро ба бор орад ва ба амният хатар дошта бошад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. ВУД Русия пешниҳод карда, ки қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР" ислоҳ карда шавад ва барои бархе аз гурӯҳи муҳоҷирон патент бекор гардад.

Светлана Бессараб, узви Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва собиқадорон, дар суҳбат бо Парламентская газета аз чунин навоварӣ интиқод кард.

Дар Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ Маркази имдод ифтитоҳ мешавад

"Ман ба чунин ташаббус эҳтиёткорона муносибат мекунам. Тавре таҷриба нишон медиҳад, аз ҷумла дар кишварҳои Урупо, на ҳамеша пур кардани ҷойҳои корие, ки мардуми бумӣ намехоҳад аз ҳисоби муҳоҷирон, хуб аст. Аксар вақт ин амалкард бо амнияти давлатӣ алоқаманд аст". қайд кард Бессараб.

Вакил афзуд, ки чунин навгониҳо барои муҳоҷирони сохтмончӣ метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русия ва иттифоқҳои касабаро ба бор орад.

Чунин вокуниш махсусан имрӯзҳо, ки сатҳи бекорӣ дар Русия дар ҳоли афзоиш аст, интизоршаванда мебошад.

Ба ширкатҳои бузурги сохтмонӣ иҷозат дода мешавад, муҳоҷиронро аз Тоҷикистон даъват кунанд

Рӯзи 26 октябр Вазорати корҳои дохилии Русия тарҳи ислоҳи қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия" -ро барои муҳокимаи умум нашр кард.

Тибқи ҳуҷҷат, хориҷиён метавонанд бидуни патент ва иҷозатномаи кор дар ширкатҳои байналмилалии Русия кор кунанд: дар сохтани иншооти барои чорабиниҳо зарурӣ пешбинишуда ва ҳангоми омодагӣ ва иштирок дар чунин чорабиниҳо.

Рӯйхати чорабиниҳо, ташкилкунандагон ва лоиҳаҳои сохтмонро ҳукумат муайян мекунад.

393
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, хатар, патент, Русия
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон: "аз шумо хотироти нек дорам"

0
(Таҷдидшуда 20:53 30.10.2020)
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо аз нав интихоб гардидан ба маснади сарвари давлат муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар нома ин сиёсатмадор аз сафари охирини раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса ёдоварӣ кардааст.

"Ман аз музокироти дар рафти сафари Шумо ба Порис, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд, хотироти нек дорам. Тавре ки он вақт таъкид карда будам, ман алоқаманди таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус муносибатҳои мо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва авиатсия, ки имкониятҳои ҷолиби диққати ширкатҳои ду кишвари моро доранд, ҳастам".

Макрон ҳамчунин талошҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини суботи минтақа ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид кардааст

Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсатмадорони воломақоми Урупо

"Дар баробари ин, ман аз идомаи муколамаи мову шумо доир ба ташаккули таркибии сиғаи минтақавии "5+1", ки Шумо ба он рағбат пайдо карда будед ва аз нигоҳи ман роҳи умедбахши таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мо бо кишвари Шумо ва ҳамсояҳоятон дар Осиёи Марказӣ мебошад, хушҳол хоҳам буд", мегӯяд Макрон.

0
Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Тоҷикистон, Фаронса, Эммануэл Макрон, Раҳмон