Шаҳрдори Маскав ваъда дод, ки музди коргарони сохтмонро зиёд мекунад

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкМэр Москвы Сергей Собянин, архивное фото
Мэр Москвы Сергей Собянин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дар рафти ҷаласаи маҷмааи бинокорон гуфт, ки беш аз 400 ҳазор нафар дар сохтмонҳои гуногуни шаҳр кор мекунанд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Шаҳрдории Маскав ният дорад, ки саҳми музди корро дар арзиши сохтмонҳое афзоиш диҳанд, ки бо супориши шаҳрдорӣ сохта мешаванд, гуфт шаҳрдор Сергей Собянин.

"Набояд фаромӯш кард, ки сохтмонҳоро… коргарони сохтмон бунёд мекунанд, на корафзорҳо", — таъкид кард вай дар дар ҷаласаи шаҳрдории Маскав.

Ӯ ҳамчунин аз сармоягузорон ва сохтмонсозоне, ки дар пойтахти Русия кор мекунанд, хост аз шаҳрдории Маскав пайравӣ кунанд.

Собянин ҳамчунин аз ҳама коргарони сохтмонсоз дар Маскав, ки шумораашон беш аз 400 ҳазор кас аст, сипосгузорӣ карду гуфт "бо чунин ҳаҷму суръате, ки солҳои ахир дида мешавад, Маскав ҳаргиз сохта нашуда буд".

Пештар Собянин гуфта буд, ки аксари муҳоҷирон дар Маскав мондгор намешаванд ва на чун дар Урупо барои гирифтани кӯмакпулӣ, балки барои кор кардану музд ба даст овардан ба Русия меоянд. Ба гуфти шаҳрдори Маскав, пойтахти Русия ҳанӯз ҳам наметавонад аз нерӯи кории муҳоҷирон бениёз бошад.

"Мутаассифона, мо наметавонем аз муҳоҷирон бениёз бошем: мо камобеш 2 миллион ҷои кор афзун бар ниёзамон дорем", — гуфт шаҳрдор.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки Маскав дар соли 2017 аз фурӯши муҷаввизи кор ба муҳоҷирон камубеш 15 миллиард рубл даромад ба даст овардааст.

Лентаи хабарҳо
0