Муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ

Президент: муҳоҷирон орзуи шаҳрванди Русия шудан надоранд

385
(Таҷдидшуда 15:29 08.02.2018)
Коршиносон дар мизи гирди "Муоширати озоди байналмилалӣ" дар Маскав ду масъаларо муҳокима карданд: оё русия ба муҳоҷирон ниёз дорад ва чӣ тавр бояд онҳоро бо ин ҷомеа одат кунонд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Сиёсатмадорон, фаъолони иҷтимоӣ ва намояндагони созмонҳои муҳоҷиратӣ қавонини муҳоҷират дар Русияро баррасӣ карданд. Ҳамоиши "Муоширати озоди байналмилалӣ" дар хонаи миллатҳои Маскав баргузор шуд.

Дар давоми се соат ширкаткунандагон масоили зиёдеро баррасӣ карданд: оғоз аз бекор кардани барномаи шаҳрвандӣ барои муҳоҷирон ва депорт то базмҳои якҷо ва таҷлили Наврӯз.

Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон талош кард муайян кунад, ки оё мизи гирд мушкилоти муҳоҷиратро каме ҳал кард ё на?

Русия ба муҳоҷирон ниёз дорад?

Ба фикри профессори Донишгоҳи давлатии идоракунӣ Владимир Волох, яке аз масоили муҳимтарини имрӯз ислоҳи қонуни муҳоҷират ва вогузор кардани он ба сохтори салоҳиятнок аст.

"Агар дар бораи сиёсати давлатии муҳоҷират гӯем, имрӯзҳо вазъият тағйир меёбад, таҳдидҳои берунӣ пайдо мешаванд. Ва бе чуну чаро он дигар мешавад. Шояд ин дуруст бошад", — гуфт профессор.

Вале на ҳама бо коршинос ҳамовоз шуданд. Чунончӣ, вакил Матвей Тсзен каме роҳи дигарро пеш гирифта ба коршиносн суол дод, ки умуман Русия ба муҳоҷирон ниёз дорад?

"Саволи усулӣ-оё муҳоҷирон ба мо лозиманд? Шояд монанди Ҷопон кунем? Ҷопон кишвари пӯшида аст, соли гузашта ҳукумат танҳо 2700 муҷаввизи иқомати муваққатӣ ҷудо кард. Ва сатҳи ҷиноятӣ дар ин кишвар ду баробар пасттар аз Русия аст. Шояд мо ҳам аз ин намуна истифода кунем?".

Тсзен бар ин аст, ки имрӯз ҳар касе ки хост метавонад ба Русия биёяд, барои вуруди ӯ ягон монеаи ҳуқуқӣ ё физикӣ вуҷуд надорад, вале муҳоҷирон бояд ба ҷомеаи Русия чунин одат кунанд, ки ба нафъи сокинони маҳаллӣ ба давлат бошад.

Дар навбати худ президенти Федеросюни муҳоҷирон Вадим Коженов чанд далели ниёзи Русияро ба муҳоҷирон номбар кард.

Ба гуфти Коженов нахуст-муҳоҷирон қувваи кории боэътимод аст.

"Кайҳо боз маълум аст, ки кори муҳоҷирон арзон нест. Онҳо ба монанди мардуми маҳаллӣ музд мегиранд, вале дар баробари ин хубтар кор мекунанд. Дар Русия ба вижа дар манотиқи аҳлоҳида талафоти зиёди қобилияти корӣ вуҷуд дорад. Ва ниёз ба муҳоҷирон, маноъи устуворӣ ва осоиштагиро дорад", — қайд кард коршинос.

Дар баробир ин Коженов илова кард, ки имрӯз кишварҳои ИДМ аллакай муҳоҷирфирист нестанд: ҳамаи онҳое, ки мехост ба Русия кӯч бандад, аллакай ҳамин ҷост.

"Мо дигар мардуме, надорем, ки аз ягон ҷиҳате ба халқи рус наздик бошад. Мо наметавонем ними мардуми Чинро ба кишварамон биёрем-чиниён миллате нестанд, ки ба осонӣ бо дигар халқ омехта шавнд. Барои ман саволи оё муҳоҷирон лозиманд ё на, вуҷуд надорад. Суол ин аст, ки чӣ гуна бояд бо онҳо кор кард?", — хулоса кард Коженов.

Шаҳрвандӣ лозим нест

Сиёсатшинос Алексей Абанин масъалаи марказиро матраҳ кард. Ӯ зидди шаҳрвандӣ гирифтани муҳоҷироне, ки барои кор ба Русия меоянд, аст.

"Дар кадом асос мо барои муҳоҷире, ки ба хотири кор ба Русия меояд шаҳрвандӣ медиҳем? Ман фикр мекунам, ки лозим нест, ки ба ин тарз муҳоҷиронро ба зиндагии сиёсии кишвар наздик кунем. Одамро на шиноснома балки интегратсия ба фарҳанге, ки инсон мехоҳад қабул кунад, шаҳрванди ин ё он кишвар месозад", —гуфт коршинос.

Ба фикри Абанин бояд шаҳрвандии ҳамаи муҳоҷироне, ки 20 сол пеш онро гирифтаанд, бекор карда шавад. Бояд ба онҳо муҷаввизи иқомати муваққатӣ дод, то дар ҳудуди Русия окр кунад.

Раҳбари маркази иттилоотӣ-ҳуқуқии "Муҳоҷират ва қонун" Гавҳар Ҷураева бо Абанин розӣ шуда гуфт, ки гирифтани шаҳрвандӣ бояд интихоби ҷиддӣ бошад, на раванде барои корёбӣ.

"Шаҳрвандиро набояд муҳоҷирон барои корёбӣ гиранд. Ин бояд интихоби ҷиддӣ бошад. "Русия-Ватан", он замон миллат дигар фарқе надорад. Ва бояд бо тиҷорат кор карданро омӯхт, ин нуқтае ҳаст, ки намегузорад то инсони дар муҳоҷират буда, худро аз ҷиҳате паст эҳсос кунад", — гуфт Ҷураева.

Ӯ илова кард, ки агар муҳоҷир Русияро чун хонаи худ қабул кунад бояд қисме аз фарҳанги ин кишвар бошад.

Дар баробаи ин Коженов ёдоварӣ кард, ки барои гирифтани шаҳрвандии Русия муҳоҷир бояд аз шаҳрвандии худ даст кашад.

"Яъне ӯ ба Ватани худ чун ба ҷои бегона боз мегардад. Ман наметаавонам бигӯям, ки ҳамаи муҳоҷирон орзуи шаҳрвандӣ гирифтанро доранд",-гуфт Коженов.

Наврӯз ва футбол

Дар тӯли се соат коршиносон дар мавриди чӣ гуна одат кунонидани муҳоҷирон ба Русия фикрҳои гуногун пешниҳод мекарданд: нафаре мегуфт, ки девори бузурге сохта шавад, нафаре тарафдори ҷорӣ карлдани низоми раводид шуд ва дигаре ҳам баръакс даъват мекард, ки бояд якҷо бо баргузории сабқатҳои варзишӣ аз ҷумла футбол ва таҷлили Наврӯзу Маслинитса ба муҳоҷирон дар одат кардан ба ҷомеаи Русия кумак кард.

385
Барчаспҳо:
қавонин, муҳоҷират, Тоҷикистон, Русия
Мигрант у здания УФМС в Калининграде

Дар Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ Маркази имдод ифтитоҳ мешавад

190
Шӯрои уламои мусалмонони Русия дар 18 минтақаи кишвар барои муҳоҷирон Маркази имдодрасонӣ ифтитоҳ мекунад. Ба ин марказ тамоми муҳоҷирон новобаста аз дину миллаташон метавонанд муроҷиат кунанд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар Русия Маркази ҳифзи ҳуқуқии муҳоҷирон ифтитоҳ мешавад, гузориш медиҳад РИА Новости.

Афзун бар марказ, барои муҳоҷирон телефони боварӣ фаъол шуд, ки онҳо новобаста аз миллат ва мазҳабашон метавонанд ба он занг зада, кӯмак дарёфт кунанд.

Ҳамчунин таъкид мешавад, ки барои муроҷиат будубоши қонунӣ ё ғайриқонунии муҳоҷирон муҳим нест.

Ба гуфтаи раиси Шӯрои уламои мусалмонони Русия Албир Крганов ин лоиҳа дар 18 минтақаи Русия ба роҳ монда шудааст.

"Дар давоми чанд ҳафта мо сомонаи "Росмигрант.рф"-ро бо чанд забон роҳандозӣ мекунем. Дар он ба масоили муҳоҷиратӣ маълумот дода, хоҳишмандон метавонанд ба саволҳояшон тариқи WhatsApp, Viber ё тариқи паёмак посух гиранд", - қайд мекунад Крганов.

Ҳамчунин вай таъкид кард, ки ба муҳоҷироне, ки дар Русия ғайриқонунӣ ба сар мебаранд бояд кӯмак кард, то тибқи қонунгузории кишвар будубошашонро қонунӣ кунанд. 

 

Крганов гуфт, ки дар бештари ҳолатҳо ин муҳоҷиронро корфармоён истифода мебаранд ва шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд аз ҳуқуқҳояшон ҳимоя кунанд.

"Мо ҳама якҷо барои ҳалли мушкилии эшон кӯшиш хоҳем кард, зеро мақсади мо кӯмак аст, на ҷарима ва ё ихроҷ", - мегӯяд муфтӣ.

Дар навбати худ Шӯрои уламои мусалмонони Русия бо ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, сафоратхонаҳо, ВКД, ки ин лоиҳаро пешниҳод кардаанд, ҳамкорӣ мекунад.

Кӯмак: Коженов байни муҳоҷирон хӯрока тақсим кард - Навор

Ин амал ифротгароиро ва ҷиноятро пешгирӣ мекунад ва муносибатҳои байниқавмӣ ва байни мазҳабиро қавӣ мегардонад ва боиси зудтар одат кардани муҷоҳирон ба муҳити Русия мегардад.

Крганов дар анҷом қайд кард, ки дар давоми пандемияи коронавирус шӯро ба муҳоҷирон кӯмаки моддӣ низ расонмида буд.

190
Руки в наручниках, архивное фото

Силоҳ: боздошти ду тоҷикистонӣ дар Маскав ва Петербург

390
(Таҷдидшуда 16:19 18.10.2020)
Дар ду шаҳри бузурги Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки эҳтимол меравад  даст дар истифодаи силоҳи оташфишон доштаанд, боздошт шуданд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Мақомоти қудратии Русия дар шаҳрҳои Маскав ва Русия чанд шаҳрванди хориҷиро боздошт карданд, хабар медиҳад "Фантанка".

Бино бар иттилои манбаъ, амалиёти вижа, ки мақомоти Санкт-Петербург якҷо бо кормандони хадамоти ҳифзи сохти конститутсионӣ ва мубориза бо терроризми Раёсати ФСБ Русия дар шаҳр ва вилоят ва ҳамчунин мутахассисони бозҷӯии Маскав анҷом доданд, ду шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд.

 Дар рафти тафтишот дар манзили муҳоҷирон силоҳ ва адабиёти мамнӯи экстремистӣ пайдо намуданд.

Яке аз тоҷикистониён дар Русия ғайриқонунӣ қарор дошта, бидуни ягон ҳуҷҷат будубош доштааст. Яке аз онҳо дар Маскав сабтином шудааст.

Мактуб аз баргҳо: муҳоҷири роҳруб тарзи мубориза бо коронавирусро нишон дод - навор

Бино бар иттилои пешакӣ, боздоштшудагон эҳтимол дар ҳамлаҳои ғоратгарона, ки дар авалҳои тирамоҳ дар Петербург сурат гирифта буд, даст доштанд.

Он замон ғоратгарон дар рӯй ниқоб аз як ширкати сохтмонӣ 1 миллин рублро рабуда буданд. Дар пайи ин ҳодиса шаҳрвандони Ӯзбекистон дастгир шуданд.

 

390
День 21 октября

Ҷашнҳои рӯзи 21 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 18:50 20.10.2020)
Рӯзи 21 октябр дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчун рӯзи ширинӣ ва дар Бритониёи Кабир рӯзи себ таҷлли мешавад

Рӯзи 21 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1969 дар  Тошканд аввалин Кинофестивали байналмилалии давлатҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ доир шуд.

Город Ташкент, архивное фото
Город Ташкент, архивное фото

Соли 1994 Академияи телевизионии Русия ҷоизаи ҳамасолаи "ТЭФИ"-ро таъсис дод.

Вручение телевизионной премии ТЭФИ 2017
© Sputnik / Владимир Астапкович
Вручение телевизионной премии "ТЭФИ 2017"

Рӯзи 21 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 дар Душанбе созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки рушди УрОсиё (БРАО) дар бораи фаъолият ва кушодани дафтари Бонк дар Тоҷикистон ба имзо расид

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Кумита оид ба ҳимояи ҳуқуқи журналистон зери номи “Кумитаи 29 сентябр” таъсис ёфт.

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе татбиқи "Барномаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ барои солҳои 2006-2010" муҳокима карда шуд.

Соли 2014 Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Русия ва Донишгоҳи "Сока" — и  Ҷопон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Здание Российско-Таджикского (славянского) университета, архивное фото
© Sputnik Амир Исаев
Здание Российско-Таджикского (славянского) университета, архивное фото

Соли 2015 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши "Шамоил. Асрҳои Х1Х-ХХ. Сухан ва тасвир" оғоз гардида, 20 ноябр ба анҷом расид.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2016 масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Аморати Муттаҳидаи Араб баррасӣ шуданд.

Соли 2016 вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия барномаи ҳамкории мутақобила барои солҳои 2017-2020 –ро ба имзо расониданд.

Соли 2015 дар чойхонаи миллии қасри таърихии Арбоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.

Дворец Арбоб в Худжанде
© Sputnik / Стас Этвеш
Дворец Арбоб в Худжанде

Соли 2016 дар Қасри миллат дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлют Човушоғлу масоили вақт ва дурнамои ҳамкории ду давлат ва дигар мавзӯъҳои муҳим баррасӣ шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 21 октябр

  • Дар ИМА — Рӯзи ширинӣ.
  • Дар Британияи Кабир —  Рӯзи себ.
  • Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ дар Гондурас.
  • Рӯзи инқилоб дар Сомалӣ ва Судон.

Рӯзи 21 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Нарзулло Азимов (1934)- адабиётшинос, профессор.

Зинаида Захарова (1929) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон.

Маҳмуд Исмоилов (1929-2011) – доктори илми биологӣ, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

Солеҳҷон Фармонов (1922) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Марианна Фофанова (1921) – шоира, мутарҷим, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Григорий Ясвоин (1884 – 1963) – доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи Тоҷикистон.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 14 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 15 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 16 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 17 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон