Дума тарҳи қонунеро пазируфт, ки ҳаққи аз қайд гирифтани муҳоҷиронро медиҳад

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкВыдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области, архивное фото
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин қонун ба шаҳрванди Русия ҳаққ медиҳад, ки шаҳрванди хориҷиро аз қайди муҳоҷират ихроҷ кунанд

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Думаи кишварӣ – Маҷлиси қонунгузори Русия дар хониши якум пешнависи қонунеро қабул кард, ки бар асоси он шаҳрванди Русия ҳаққ хоҳанд дошт шаҳрвандони хориҷиро дар сурати аз даст додани далел барои сабти ном, аз қайди иқомат дар маҳалл ихроҷ кунанд.

Қонунгузорон бо ин ибтикорашон хостаанд аз ҳуқуқи шаҳрвандони Русия дифоъ кунанд ва ҳамчунин дурустии омори сабти муҳоҷиратро бештар кунанд. Тарҳи қонун ба шаҳрвандони Русия, ҳамчун ҷониби қабулкунанда, ҳуқуқ медиҳад, ки муҳоҷирро ҳангоми надоштани асосҳо барои сабтином дар маҳалли зист, аз қайд барорад.

Чораҷӯиҳои бехатарӣ дар метрои Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Дума мехоҳад муҳоҷиронро бо ҳазинаи худашон аз Русия ихроҷ кунад

Аризаи марбутаро метавон ба ВКД, тавассути ММФ, ба воситаи почта ё интернет метавон фиристод, бармеояд аз аснод.

Тибқи гуфтаҳои яке аз муаллифони ташаббус — муовини сухангӯи ДД Русия Ирина Яровая, имрӯз ҷониби қабулкунанда муҳоҷирро ба қайд гузошта, имкон надорад, ки ӯро аз он барорад, ҳатто агар бо вай алоқаашро канда, ё муносибатҳои меҳнатияшро қатъ карда бошад.

Ин, ба фикри намояндагони парлумон, ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиддии моликият ва манзил мебошад ва, дар ҳақиқат, шаҳрванди Русияро дар мавриди таҷдиди назар дар робюита ба тасмимоти худ ҳангоми бақайдгирии муҳоҷирон, табъиз месозад. Илова бар ин, тарафи қабулкунанда мумкин аст ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шавад, агар муҳоҷир дар ҷойи бақайдгирифташудаи худ зиндагӣ накунад, қайд мекунанд онҳо.

Раисиҷумҳури ФР Владимир Путин дар моҳи апрели соли гузашта ҷаласае бо аъзои Шӯрои қонунгузорӣ — мақоми машваратӣ, ки дар моҳи майи соли 2012 дар шаҳри Санкт-Петербург таъсис ёфтааст, барои табодули таҷриба ва ҳамкориҳои палатаҳои федеролӣ ва парлумонҳои минтақавӣ, гузаронд.

Ба ҳайати он сухангӯён ва муовинони раисони Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия, инчунин роҳбарони мақомоти қонунгузории субъектҳои ФР, шомиланд. Путин дар ин вохӯрӣ қайд намуд, ки мушкилии муҳоҷирати меҳнатӣ такмили механизмҳои ҳифзи шаҳрвандони ФР-ро аз одамони бевиҷдон, ки дар ин соҳа фаъолият мекунанд, талаб мекунд.

Пештар, ҳукумати ФР лоиҳаи қонун дар робита ба ворид намудани тағйирот ба моддаи 16 қонуни федералии "Дар бораи ҳолати қонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия"-ро қабул карда буд.

Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, масоили иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ консепсияи лоиҳаи қонун дар бораи масъулияти шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандоне, ки хориҷиёнро ба Русия даъват менамоянд, ва агар онҳо мӯҳлати берун шудан аз кишварро вайрон кунанд, ва ё мақсади эълоншудаи сафари худро риоя накунанд, дастгирӣ менамояд, эълом дошт раиси кумита Сергей Гаврилов.

Дума қонун дар бораи ҷарима барои кор бидуни тахассусро тасвиб кард

Ба андешаи ӯ, ин ташаббуси қонунгузорӣ масъулияти шахсони ҳуқуқӣ ва шахсонеро, ки шаҳрвандони хориҷиро даъват мекунанд, ва барои вайрон кардани шартҳои мӯҳлати баромадан аз қаламрави Русия, инчунин барои риоя накардани мақсадҳои эълоншудаи сафари худ ба кишвар, вориди қонун месозад.

"Бовар дорам, ки лоиҳаи қонун хеле муҳим буда, ба таҳкими амнияти кишвар нигаронида шудааст. Мо бояд чунин ҳолатҳоеро, ки шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсадҳои сайёҳӣ вориди кишвар мешаванд, масалан, бо ҳадафи сайёҳӣ, вале дар асл ба фаъолиятҳои меҳнатӣ ва тиҷоратӣ машғуланд, решакан намоем.

Илова бар ин, мӯҳлати баромад аз кишвар замони тамом шудани эътибори раводид дар аксар мавридҳо вайрон карда мешавад. Аён аст, ки масъулият барои чунин вайронкунӣ на танҳо ба ӯҳдаи шаҳрванди хориҷӣ, балки ба ӯҳдаи ҷониби даъваткарда низ гузошта мешавад", — шарҳ дод Гаврилов.

Лентаи хабарҳо
0