Имомуддин Сатторов-сафири Тоҷикистон дар Русия

Сатторов: Русия ва Тоҷикистон қарордодҳои наве барои муҳоҷират омода мекунанд

267
(Таҷдидшуда 12:13 01.03.2018)
Сафири Тоҷикистон дар Русия ба рӯзноманигорон аз омодасозии қарордодҳои нав дар заминаи муҳоҷират миёни ду кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Тоҷикистон ҳамакнун се қарордод бо Русия дар мавзуъи муҳоҷират омода мекунад, гуфт сафири Тоҷикистон дар Маскав Имомуддин Сатторов.

“Мо якчанд қарордод дар заминаи муҳоҷират омода кардаем. Се қарордод барои имзо кардан омода шудаанд. Акнун баррасӣ дорем, ки онҳоро дар чорчӯби кадом барнома, сафару боздид ё ҳамоишҳо метавонем имзо кунем”, — гуфт вай дар нишасти Кумитаи баргузории шашумин ҳамоиши миёнмаҷлисии Русия ва Тоҷикистон дар Шурои Федеросюни Русия.

Сатторов ҳамчунин гуфт, ки дар назар аст нишасти Кумисюни муштараки ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар моҳи апрел баргузор шавад. Шашумин ҳамоиши миёнмаҷлисии Русия ва Тоҷикистон дар поёни моҳи октябри соли 2018 ба нақша гирифта шудааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки Русия порсол дар моҳҳои март ва апрел бархе аз муҳоҷирони қонуншиканро афв карда буд. Ин “бахшоиш” иҷозаи вуруд ба қаламрави Русия ва расмисозии кори муҳоҷиронеро дар назар дошт, ки ғайриқонунӣ дар сарзамини Русия будубош доштанд.

267
Барчаспҳо:
қарордод, муҳоҷират, Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, Имомуддин Сатторов, Русия, Тоҷикистон
Мавзуъ
Имомуддин Сатторов хостори ҷалби бештари гардишгарони Русия ба Тоҷикистон шуд
Имомуддин Сатторов: муҳоҷирони тоҷик ҳеҷ иртиботе бо гурӯҳҳои ифротӣ надоранд
Дидори Сатторов бо тоҷикони Новосибирск: аз омӯзиши забони миллӣ то арҷгузорӣ ба фарҳангу ойинҳои бумӣ
Сатторов: муҳоҷироне, ки дар Русия кор мекунанд, сазовори ҳурматанд