Оружие, архивное фото

Дар Маскав байни тоҷикону чеченҳо тирпарронӣ шуд

548
(Таҷдидшуда 17:42 03.03.2018)
Ҳодиса рӯзи гузашта дар назди метрои Котелники рух додааст. Бино бар гуфтаи шоҳидон, онҳо садои 10 тирро шунидаанд

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Тавре як манбаи Sputnik Тоҷикистон хабар дод, дар вилояти Маскав байни тоҷикҳо ва чеченҳо тирпарронӣ ба амал омад.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса рӯзи гузашта дар назди метрои Котелники, тақрибан соатҳои  15:50 (бо вақти Маскав) рух додааст.

Ба нақли шоҳидон, дар тирпарронӣ ҳудудан даҳ тир холӣ карда шудааст.

Бино бар маълумоти пешакӣ дар натиҷаи ин ҳодиса 6 тан ҷароҳат бардоштанд. Тафтишот идома дорад.

Ҳамчунин як шоҳиди ҳодиса-фурӯшандаи Маркази савдо  мегӯяд, ҳоло дар ҳудуди назди истгоҳи метрои Котелники, дар тамоми марказҳои савдо пулиси Маскав ҳуҷҷатҳои шаҳрвандонро аз назар мегузаронад.

Мақомот расман ин қазияро шарҳ наддоданд.

548
Барчаспҳо:
тирпарронӣ, чечен, Тоҷикистон, Русия

Вакил гуфт, бекор кардани патент барои муҳоҷирон чӣ пайомад дорад

111
(Таҷдидшуда 20:06 28.10.2020)
Ба гуфти вакил сабукӣ барои муҳоҷирони метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русияро ба бор орад ва ба амният хатар дошта бошад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. ВУД Русия пешниҳод карда, ки қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР" ислоҳ карда шавад ва барои бархе аз гурӯҳи муҳоҷирон патент бекор гардад.

Светлана Бессараб, узви Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва собиқадорон, дар суҳбат бо Парламентская газета аз чунин навоварӣ интиқод кард.

Дар Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ Маркази имдод ифтитоҳ мешавад

"Ман ба чунин ташаббус эҳтиёткорона муносибат мекунам. Тавре таҷриба нишон медиҳад, аз ҷумла дар кишварҳои Урупо, на ҳамеша пур кардани ҷойҳои корие, ки мардуми бумӣ намехоҳад аз ҳисоби муҳоҷирон, хуб аст. Аксар вақт ин амалкард бо амнияти давлатӣ алоқаманд аст". қайд кард Бессараб.

Вакил афзуд, ки чунин навгониҳо барои муҳоҷирони сохтмончӣ метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русия ва иттифоқҳои касабаро ба бор орад.

Чунин вокуниш махсусан имрӯзҳо, ки сатҳи бекорӣ дар Русия дар ҳоли афзоиш аст, интизоршаванда мебошад.

Ба ширкатҳои бузурги сохтмонӣ иҷозат дода мешавад, муҳоҷиронро аз Тоҷикистон даъват кунанд

Рӯзи 26 октябр Вазорати корҳои дохилии Русия тарҳи ислоҳи қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия" -ро барои муҳокимаи умум нашр кард.

Тибқи ҳуҷҷат, хориҷиён метавонанд бидуни патент ва иҷозатномаи кор дар ширкатҳои байналмилалии Русия кор кунанд: дар сохтани иншооти барои чорабиниҳо зарурӣ пешбинишуда ва ҳангоми омодагӣ ва иштирок дар чунин чорабиниҳо.

Рӯйхати чорабиниҳо, ташкилкунандагон ва лоиҳаҳои сохтмонро ҳукумат муайян мекунад.

111
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, хатар, патент, Русия
Мигранты на строительном объекте. Архивное фото

Ба ширкатҳои бузурги сохтмонӣ иҷозат дода мешавад, муҳоҷиронро аз Тоҷикистон даъват кунанд

1278
(Таҷдидшуда 15:37 27.10.2020)
Русия имкониятҳои дақиқи иҷозати ширкатҳои бузурги сохтмониро барои овардани муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ фаъолона таҳия мекунад

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Дар Русия масъалаи имтиёзҳои иловагӣ барои корфармоён, ки муҳоҷиронро киро мекунанд, ҳалли худро меёбад, гуфт муовини вазири сохтмон ва манзилию коммуналӣ Никита Стасишин дар форуми таҳиягарон ва меъморон Forbes.

Ширкатҳои бузурги сохтмонӣ мумкин аст барои овардани муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ тибқи рӯйхатҳо иҷозат гиранд.

Стасишин қайд кард, ки пеш аз ҳама, ин тағиротҳо ба имкони таъмини вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба Русия дахл хоҳад дошт.

Ин ҳатто дар вазъияти душвори эпидемиологӣ вуруди мӯътадили муҳоҷирони меҳнатиро ба вуҷуд меорад.

Собянин аз норасоии муҳоҷирон дар Маскав гуфт: на ҳама маскавиҳо барои кор омодаанд

Дар баробари имкониятҳои иловагӣ, корфармоён барои тамоми занҷири амнияти саломатии муҳоҷирон масъуланд: "аз лаҳзаи қабули қарори вуруд - то лаҳзаи бозгашти онҳо ба хона".

Собянин гуфт, Маскав бе муҳоҷирон ба чӣ мушкил мувоҷеҳ шудааст

Аз ҷумла корфармоён оид ба санҷиши муҳоҷирон барои коронавирус масъуланд.

1278
Барчаспҳо:
корҳои сохтмонӣ, муҳоҷирин, Русия, Тоҷикистон