ВКД Русия дарёфти шаҳрвандиро барои хориҷиҳо осон мекунад

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкПаспорт гражданина Российской Федерации
Паспорт гражданина Российской Федерации - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Русия раванди дарёфти шаҳрванди барои хориҷиёнро осонтар мекунад, гуфт муовини аввали вазир Александр Горовой

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Русия дар назар дорад раванди дарёфти тобеиятро барои шаҳрвандони хориҷӣ осонтар кунад, гуфт муовини аввали вазири умури дохила Александр Горовой.

"Мо ҳама кӯшишу талошашро ба кор гирифтаем то раванди дарёфти тобеияти Русияро барои шаҳрвандони хориҷӣ осонтар кунем", — гуфт Горовой дар нишасти Шурои мадании Вазорати умури дохилии Русия, ки 26 март баргузор шуд.

Вай дар ин нишаст таъкид кард, ки вазорат дар назар дорад барои хориҷиёне, ки барои дарозмуддат ва ё ҳамнша ба Русия меоянд, ҳаддаксари шароит мусоидро фароҳам оварад.

"Мо коршиносону донишҷуён ва хориҷиёнеро, ки дар донишгоҳҳои мо таҳсил кардаву мехоҳанд шаҳрвандии кишварамонро ҳарчи зудтар дарёфт кунанд, ду даст пеши бар пешвоз хоҳем гирифт", — гуфт муовини аввали вазири умури дохилӣ.

Вай афзуд, ки ВКД Русия ба танзими муҳоҷирати корӣ дар қаламрави кишвар низ таваҷҷуҳи вижа дорад. "Мо дар заминаи арзёбии фишори муҳоҷирон бар бозори кор бо Вазорати кор ва ниҳодҳои давлатии шаҳру вилоятҳо ҳамкорӣ кардаву мекунем", — гуфт ӯ.

Лентаи хабарҳо
0