Ду ҷавоне, ки 50 танро аз сӯхтор дар Кемерово наҷот доданд, тоҷиканд

© Facebook / Я таджик и горжусь этимХуршед и Фарзон - работники обувного магазина, спасшие людей из пожаре в Кемерово
Хуршед и Фарзон - работники обувного магазина, спасшие людей из пожаре в Кемерово - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳмуд ҳамагӣ ду ҳафта пештар дар дӯкони кафшфурӯшие дар маркази савдои "Зимняя вишня" посбон шуда ба кор даромада буд

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Фарзон Салилов ва Маҳмуд Хоҷаев- кормандони дӯкони кафшфурӯшӣ, ки 50 танро аз оташ наҷот дода буданд, шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Тавре пештар иттилоъ дода шуда буд, онҳо ҳамагӣ ду ҳафта пештар дар макази савдои "Зимняя вишня" ба дӯкони кафшфурӯшие яке посбон ва дигар фурӯшанда шуда ба кор даромада буданд.

Чун ҳар ду аз ҳодисаи сӯхтор бохабар шуданд, онҳо зуд ба кӯмаки мардум шитофтанд ва дар натиҷа ҷони наздики 50 танро аз хатар наҷот доданд.

"Мо дидем, ки одамон дар қабати дуввум даводав мекарданд ва ба даҳшат омада буданд. Мо ҳам мехосетм берун шавем, вале дидем, ки дар назди баромадгоҳ мардуми зиёд ҷамъ шуданд ва роҳи баромад мекобанд. Дар ин ҳол як баромадгоҳи эҳтиётие, ки ба воситаи мағозаи мо буд, кушодем. Вақте ки ҳама ҷоро дуди оташ фаро гирифт, мо ҳам берун шудем",- ба ёд  меорад Фарзон.

Ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон маълум шуд, ки Маҳмуд Хоҷаев шаҳрванди Тоҷикистон аст. Вай дар мусоҳиба гуфт, ки асалан намехост дар бораи кӯмакаш ба дармондагон ҳарфе бигӯяд.

"Ҳар чизе ки пештар ба расонаҳо гуфтам рост аст. Дигар чизе намехоҳам гӯям",- гуфт вай.

Дар навбати худ корбарони тоҷики Фейсбук ҳамватани худ Фарзон Салиловро дар акс шинохтаанд.

"Ман медонам, ки Фарзон хело инсони хуб аст. Вай як писар дорад, ки номаш Сиёвуш аст. Шуморо эҳштиром мекунем, Фарзон",- навиштааст Шабнам Довудова.

Баробари дастрас шудани маълумоти бештар дар бораи ин ду шаҳрванди Тоҷикистон ба хонандагон пешкаш хоҳем кард.

Лентаи хабарҳо
0