Сомонӣ ва рубл, акс аз бойгонӣ

Беқурбшавии рубли русӣ дар Тоҷикистон ба кисаи оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ зарба мезанад

129
(Таҷдидшуда 19:34 13.04.2018)
Даромади оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ метавонад хеле кам шавад, агар беқурбшавии рубл дар нисбати сомонӣ идома ёбад, мегӯяд Фаррух Мирзоев

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Раиси шӯрои Ҷамъияти фарҳангии тоҷикистонии "Сомон" чунин мешуморад, ки беқурбшавии рубл дар Тоҷикистон ба даромади оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ таъсир хоҳад расонд, хабар медиҳад ТоҷикТА.

"Афтодани қурби рубл ба музди муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия таъсир нахоҳад кард. Вале агар афтодани қурби рубл идома ёбаду ба гипперинфлятсия оварда расонад, пас, албатта, муҳоҷирон онро ҳис мекунанд. Гарчанде ки аз ҳар гуна тағирёбии қурб ба самти манфӣ, дар навбати аввал, аъзои оилаҳои онҳо дар Тоҷикистон зиён мебинанд, зеро муҳоҷирон ба онҳо маблағ бо ҳисоби рубли русӣ мефиристанд", — таъкид кард Фаррух Мирзоев, роҳбари Анҷумани халқҳои Урал ва раиси шӯрои ҷамъиятии тоҷикистонии "Сомон".

Хотиррасон мекунем, ки дар давоми ҳафтаи гузашта қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон 10,5% арзон шуд.

Афтодани қурби рубл, пеш аз ҳама, ба ҷорӣ намудани таҳримҳои навбатии ИМА дар нисбати Русия аст. Сармоягузорон ва шаҳрвандони оддии Тоҷикистон дар баробари тағйирёбии қурби рубли русӣ дар нисбати доллару евро, вокуниш нишон доданд.

Дар айни замон, қурби расмии 1 рубл 0,1364 сомониро ташкил медиҳад. Рӯзи душанбе ин таносуб чунин буд: 1 рубл — 0,1523 сомонӣ.

Имрӯз рубли русӣ каме тақвият ёфт. Қурби расмии муқарраршудаи БМТ аз 13 апрел чунин аст: 1 доллар — 8 сомониву 83 дирам, ки зиёда аз як банд аз нишондиҳанда дар 12-уми апрел, аст. Ба наздикӣ қурби БМТ 8 сомониву 84 дирамро ташкил медод.

129
Барчаспҳо:
қурби асъор, сомонӣ, рубли русӣ, муҳоҷирон, Русия, Тоҷикистон