Муҳоҷирон, акс аз бойгонӣ

Муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русия коҳиш ёфтааст

123
(Таҷдидшуда 13:52 18.04.2018)
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2018 камтар барои кор ба Русия сафар кардаанд

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Ҷараёни муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русия  дар семоҳаи аввали соли 2018 то 3 дарсад коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад ТоҷикТА.

Гуфта мешавад, дар семоҳаи аввали соли 2018 109 ҳазор 53 шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба кишварҳои хориҷ рафтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 3 ҳазору 757 нафар камтар аст.

Аз шумораи умумии нафароне, ки муҳоҷиратро ихтиёр кардаанд, 105 ҳазору 193 нафарашон Русияро интихоб кардаанд ва 2,5 ҳазор ба Қазоқистон рафтаанд.
Ҳамчунин дар ҳамин давра 84 ҳазору 955 тоҷик ба Ватан бар гаштаанд.

Афзун ба он, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба хориҷа мераванд, шаҳрвандони хориҷа низ ба Тоҷикистон барои кор омадаанд. Ҳамин тавр дар семоҳаи аввали соли 2018 927 шаҳрванди хориҷӣ дар Тоҷикистон фаъолият кардаанд.

Ёдрас мешавем, ки минбаъд хориҷиён метавонанд дар Тоҷикистон 10 бидуни сабти ном иқомат кунанд.

123
Барчаспҳо:
коҳиш ёфтан, муҳоҷирон, Тоҷикистон, Русия
Выдача патентов в миграционном центре Московской области. Архивное фото

Дар вилояти Томски Русия қимати патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ гарон мешавад

162
(Таҷдидшуда 14:49 24.11.2020)
Дар соли оянда қимати патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар вилояти Томски Русия афзоиш хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар соли 2021 қимати патент барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави вилояти Томски Русия кору фаъолият мекунанд, имкон дорад тағйир ёбад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти думаи қонунгузори вилояти Томск.

Қимати патент дар қаламрави ин минтақа тақрибан 4317 рубл дар як моҳро ташкил хоҳад дод. Бояд гуфт, ки то имрӯз қимати патент дар ин минтақа 4193 рублро ташкил медод.

Ҳамин тавр, арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ тақрибан ба 120 рубл афзоиш хоҳад ёфт.

Тибқи омор дар вилоят дар соли равон бино бар паҳншавии вируси корона теъдоди муҳоҷирон ба маротиб коҳиш ёфтааст. Гуфта шудааст, ки аз 13,7 ҳазор муҳоҷири меҳнатие, ки қаблан ба вилояти Томск ворид мешуд, имсол бино бар пандемия ҳамагӣ 4,3 ҳазор муҳоҷир ба ин минтақа ворид шудааст.

Инчунин тақрибан ду баробар гирифтани патент кам шудааст. Шумори муҳоҷироне, ки патент мегирифтанд аз 6,2 ҳазор то 3,2 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст. Ҷамъоварии андоз низ 22 дарсад коҳиш ёфтааст ва имсол ҳамагӣ 96 миллион рублро ташкил додааст.

"Барои муқоиса дар ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби пардохти андози муҳоҷирони меҳнатӣ ба буҷаи ин минтақа 157,4 миллион рубл ворид шуда буд", - гуфта шудааст дар иттилоияи думаи минтақаи Томск.

162
Барчаспҳо:
Томск, гарон, арзиш, патент, Русия, муҳоҷир

Муҳоҷиронро дар Санкт-Петербург дар киштиҳои сайёҳӣ ҷой медиҳанд

270
(Таҷдидшуда 14:48 20.11.2020)
Муҳоҷиронеро, ки дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҳолати вазнин қарор гирифтаанд, дар бошишгоҳҳои ғайриодие ҷой медиҳанд, ки дар замони пандемия истифода намешаванд

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар бораи вазъи муҳоҷирон дар шаҳри Санкт-Петербург, губернатор Александр Белов нақл кард, навиштааст  "Невские новости".

Ба гуфтаи губернатор вазъи муҳоҷирон дар Санкт-Петербург дар маҷмӯъ назоратшаванда мебошад.

“Таҷаммӯи оммавии шаҳрвандони хориҷӣ, ки имкони бозгашт ба Ватанашонро надоранд, то ҳол ба қайд гирифта нашудааст”, - изҳор дошт губернатор.

Белов афзуд, муҳоҷирони дармондаро мақомот дар  киштиҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳои обӣ ва инчунин шаҳракҳои хаймавии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ҷой медиҳанд.

Инчунин губернатори Санкт-Петербург иттилоъ дод, ки барои кумак ба муҳоҷирон  шабакаи махсуси телефонӣ фаъол шудааст, ки ба корафтодагон дар масоили гуногун, аз ҷумла тиббию иҷтимоӣ машварат медиҳад.

Дар баробари ин хориҷиён метавонанд, бо суолҳояшон ба гуруҳи махсус, ки дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" ташкил шудааст, муроҷиат намоянд.

270
Барчаспҳо:
Санкт-Петербург, муҳоҷирон, Русия

Вазорат аз 39 ҳолати нави сироятёби ба COVID-19 дар Тоҷикистон хабар дод

0
(Таҷдидшуда 19:02 24.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 39 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 24 ноябр 11 ҳазору 971 ҳолатро ташкил медиҳад.

"Дар як шабонарӯзи охир 43 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 355 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,8% - и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID - тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
фавт, вазорат, вируси корона, Тоҷикистон