Боздошти "банда"-и мусаллаҳи тоҷикистониён дар Русия

© Sputnik / Anton DenisovСиловики выводят из подъезда дома № 11 на улице Наметкина одного из участников диверсионно-террористической группы, готовившей серию терактов в Москве
Силовики выводят из подъезда дома № 11 на улице Наметкина одного из участников диверсионно-террористической группы, готовившей серию терактов в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони тоҷикистонӣ муҳоҷирони меҳнатиро дар Екатеринбург тороҷ мекарданд

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Тавре расонаҳои маҳаллии Русия иттилоъ медиҳад, полис дар Екатеринбург гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорони тоҷикро боздошт кардааст, ки дар ҳамали ғоратгарона даст доштаанд.

Кормандони бозҷӯии Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташакиили Сарраёсати ВУД Русия дар вилояти Свердлов, низомиёни СОБР-и Гвардияи Русия ва кормандони шӯъбаи 12  кофтукови ҷиноятии полис амалиёти махсус гузаронида, табаҳкории шаҳрвандони Тоҷикистонро ошкор ва онҳоро боздошт карданд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар содир кардани чанд ҷиноят муттаҳам мешаванд, аммо онҳоро пас аз  ғорати узбакистониён боздошт кардаанд.

Бино бар иттилои пешакӣ, дастаи ҷинояткорон рӯзи 31 март бо таҳдиди корд  ба шаҳрвандони Узбакистон ҳуҷум кардаанд.

Гуфта мешавад, муттаҳамон дар Екатеринбург ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуҷум карда, аз онҳо маблағ, телефон ва шиносномаҳояшонро рабудаанд.

"Ҷинояткорон ба ивази шиноснома аз узбакистониён талаб кардаанд, ки ҳар яке 100 ҳазор рубл бидиҳанд. Шаҳрвандони Узбакистон аз ин ҳодиса полдисро хабардор кардаанд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Кормандони полис, дар пайи амалиёти бозҷӯӣ аввал "раис"-и гурӯҳи муташаккил —  Саид ва Абу ном ҷиноякори дигарро, ки шаҳрванди Русия будааст, боздошт карда, сипас ҳаммаслаконашонро пайдо кардаанд.

Тафтишот муайян кард, ки ин даста дар чанд ҷинояти дигар низ муттаҳам мешаванд. Чунончӣ, онҳо рӯзи 13 апрел дар кӯчаи Июлская ба манзиле даромада, ба истиқоматкунандагони он, ки муҳоҷирон будаанд, бо корд ва силоҳ таҳдид карда, 540 ҳазор рубл ва телефонҳои мобилиашонро ғорат кардаанд.

Тавре роҳбари Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташакиили Сарраёсати ВУД Русия Сергей Максимов гуфтааст, ҷинояткорон амалҳои дуздиро мувофиқи нақшаи тартибдодаи худ моҳирона анҷом медоданд.

"Онҳо ниқоб пӯшида, ҷисман обутоб ёфта буданд. Ҳангоми дуздӣ дасту пойи ҷабрдидаҳоро мебастанд ва  латуқ кӯб мекарданд. Касе аз ҷабрдидангон ба узви гурӯҳ мухолифат нишон дода наметавонист",- гуфтааст вай.

Бо ин далел нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон  ду парванди ҷиноӣ боз шудааст. Ба узви дастаи мусаллаҳ то 12 соли зиндон таҳдид мекунад. Агар тафтишот исбот кунад, ки ин гурӯҳ муташаккил буд, ҷазо шадидтар мешавад, гуфтаанд дар ВУД.

Лентаи хабарҳо
0