Валерий Семериков. Акс аз бойгонӣ

Муҳоҷират-таҳти назорат: баррасии муҳоҷират дар кишварҳои узви СПАД

62
(Таҷдидшуда 12:31 27.04.2018)
Муовини дабири кулли СПАД Валерий Семериков гуфт, дар ҳоли ҳозир вазъи муҳоҷират дар кишварҳои узви СПАД устувор ва таҳти назорат аст

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар қаламрави кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ҷараёнҳои назарраси муҳоҷират вуҷуд дорад, аммо дар кулл вазъи умумии он мӯътадил асту таҳти назорат қарор дорад, иттилоъ дод муовини дабири кулли СПАД Валерий Семериков.

Дар ин бора вай рӯзи панҷшанбе дар Алмаато, ҳангоми баромадаш дар ҷаласаи 21-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии СПАД, қайд намуд.

"Дар айни замон, вазъи муҳоҷират дар давлатҳои ҳамҷавор (узви СПАД) устувор ва таҳти назорат аст. Вале новобаста аз ин, бояд зикр кард, ки дар паҳнои фаъолияти СПАД ҷараёнҳои назарраси муҳоҷират, аз ҷумла муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз кишварҳои Ҷанубу Шарқии Осиё, минтақаи Осиёву ҳавзаи Уқёнуси Ором, Шарқи Дуру Миёна дида мешаванд", — шарҳ дод вай.

Пештар иттилоъ дода шуд, ки Владимир Путин ҳимояи марзҳои Русия аз террористон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддирро,  аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи давлат номид.

"Пеш аз ҳама зарур аст, ки усулҳои маҷмаавӣ дар хунсо кардани хатарот ва таҳдидҳои марбут ба амнияти марзӣ, истифода шаванд", — иброз дошт сарвари Русия дар ҷаласаи Шӯрои амният.

Ҳамчунин зарур аст, ки ба кишварҳои узви СПАД, СҲШ ва ИИАО шаклҳои нави ҳамкорӣ дар ҷодаи таъминоти амнияти марзҳо пешниҳод карда шавад, аз ҷумла мубодилаи иттилоот ва амалиёти муштарак, гуфт Путин.

"Муҳимм аст, ки ҳамкориҳои мутаносиб ва ҳамаҷонибаи ҳамвору васеъи сохторҳои марзиро ба роҳ монда, шаклҳои нави шарикиро, пеш аз ҳама ба ҳамкасбони мо аз созмонҳои СПАД, СҲШ ва Иттиҳоди Авруосиё, пешниҳод намуд", — тавзеҳ дод Владимир Путин.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки кишварҳои узви СПАД оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, созишномае омода кардаанд. Эҳтимол аст, ки ин қонун соли ҷорӣ қабул шавад, хабар дод Валерий Семериков.

Тибқи гуфти ӯ, шурӯъ аз соли 2006 дар доираи амалиёти "Нелегал"-и кишварҳои узви СПАД, зиёда аз 3 ҳазор нафар, ки дар рӯйхати ҷустуҷӯи байналмиллалӣ қарор доштанд, дастгир шудаанд.

62
Барчаспҳо:
муҳоҷират, СПАД, Валерий Семериков, Тоҷикистон-СПАД
Посольство Республики Таджикистан в Москве

Ҷанҷол дар сафорат: муҳоҷири бекормонда бинию ангушти дипломати тоҷикро шикаст

2645
Муҳоҷири 38-солаи тоҷик дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия ду нафарро мавриди латукӯб қарор дод

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Рӯзи 24 сентябр ба идораи милисаи Пресненский хабар дода шуд, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар бинои сафорати ин кишвар дар тангкӯчаи Гранатнийи шаҳри Маскав ду нафарро латукӯб кард, иттилоъ дод РИА Новости.

Яке аз ҷабрдидаҳо, мутахассиси пешбари сафорати Тоҷикистон дар Русия мебошад, ки дасту бинияш шикаста, осеби майнаи сар бардоштааст. Ҷабрдидаи дигар ронанда будааст, ки мақоми дипломатӣ надошта ва ҷароҳати ҷисмонӣ низ набардоштааст, хабар дод ожонси хабарии “Москва”.

Аз ҳамлагар шаҳрванди бекормандаи Тоҷикистон зикр мешавад, ки соли таваллудаш 1982 мебошад.

Нисбати нафари муттаҳам дар ҳамла ба кормандони сафорат, барои нақзи қоидаҳои вуруд ба қаламрави Русия санади маъмурӣ тартиб дода шудааст. Манбаъ афзуд, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дошта, ба ҷабрдида кумаки тиббӣ расонда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир ба далели адами парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия талабот ба чиптаҳо барои парвозҳои чартерӣ зиёд шудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз нархҳои гарони  ин чиптаҳо ва ҷой доштани ҳолатҳои қаллобӣ зимни фурӯши онҳо шикоят карда буданд.

2645
Барчаспҳо:
сафорат, дипломатия, Тоҷикистон
Подпись документов

Путин сабукиҳои карантиниро барои муҳоҷирон тамдид кард: то 15 декабр

600
(Таҷдидшуда 12:14 24.09.2020)
Мӯҳлати буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия то 15 декабри соли равон тамдид карда шуд

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин сабукиҳои қарантиниро барои шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ дар Русия то 15 декабр тамдид кард.

Ҳуҷҷати зерин дар портали ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Мутобиқи фармони роҳбари Федератсияи Русия, мӯҳлати будубоши муваққатӣ ё доимии хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия ва мӯҳлати сабти номашон дар маҳалли будубош то 15 декабр тамдид карда мешавад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки то миёнаҳои моҳи декабр аз Русия муҳоҷирон депорт кард намешавад.

Баъди 15 сентябр чӣ мешавад? генерал Казакова дар бораи сабукиҳо ба муҳоҷирон-садо

Ёдрас мешавем, ки ҳукумати Русия дар давраи ҳамагирии коронавирус ду маротиба муҳлати буду боши шаҳрвандони хориҷиро тамдид карда буд.

Фармони нави Путин дар бораи патенту муҳоҷирон: кадом сабукиҳо мемонанду кадом не?-видео

Пештар барои муҳоҷирон то 15 июн ва баъд то 15 сентябр муҳлати буду бош тамдид карда шуд.

600
Барчаспҳо:
буду боши хориҷиён, тамдиди буду бош, Владимир Путин, тамдид, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Флаг Ирана

Эрон аз мубодилаи маҳкумони эронӣ ва тоҷикистонӣ хабар дод

0
(Таҷдидшуда 19:14 26.09.2020)
Мақомоти Эрон аз мубодилаи ду маҳкуми эронӣ ва тоҷикистонӣ ва интиқоли яке аз маҳкумони эронӣ аз Қазоқистон ба кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Маҳмуди Аббосӣ, муовини ҳуқуқи башар ва умури байналмилали вазири додгустарӣ ва раиси Кумитаи интиқоли маҳкумони Эрон,  иттиҳоми ин афродро қочоқи маводи мухаддир унвон кард ва ба афроде, ки ба кишварҳои Осиёи Миёна ва минтақаи Қафқоз сафар мекунанд ҳушдор дод, муҷозотҳои сангине дар қиболи иртикоби ҷурм бавижа қочоқи маводи мухаддир ва маводи равонгардон дар интизори онҳо аст, иттилоъ додааст ИРНА.

Оқои Аббосӣафзудааст, ки интиқоли маҳкумон илова бар инки тобеи иродаи сиёсии кишварҳо аст ва ҳазинаи сангине бар байтулмол таҳмил мекунад, инъиқоди мувофиқатномаи маҳкумон илзоман ба маънеи интиқол нест ва ин мавзу ба иродаи сиёсии кишварҳо бар мегардад, бинобар ин таъкиди мо бар худдорӣ аз иртикоби ҷурм аз ноҳияи афрод ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурм тавассути дастгоҳҳои масъул аст.

Раиси кумитаи интиқоли маҳкумон изҳор дошт, ҳамкории хубе байни вазорати додгустарӣ ва муовинати умури иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурми қувваи қазоияи Эрон шакл гирифта ва бояд аз руйкарди ҳамаҷонибаи муовини умури иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурми қувваи қазоияи Эрон ташаккур ва қадрдонӣ кунем, ки зимни мувофиқат бо ташкили кори гуруҳи пешгирӣ аз вуқуъи ҷурм дар Кумитаи ҳуқуқӣ ва қазоии ҳимоят аз эрониёни хориҷ аз кишвар, заминаи муносибе барои пардохтан ба ин мабоҳис дар қиболи эрониёни хориҷ аз кишвар фароҳам карданд.

0
Барчаспҳо:
табибони эронӣ, тоҷикистонӣ, мубодила, маҳбус, интиқол, маҳкум, Эрон, Тоҷикистон