Муҳоҷирон дар Маскав, акс аз бойгонӣ

Дар Маскав ниқобпӯшони силоҳбадаст муҳоҷиронро ғорат ва латукӯб карданд

118
Ҷинояткорон муҳоҷиронро латукӯб ва ҳамаашонро дар чанд хона маҳкам карда, сипас пул ва ҳуҷҷатҳояшонро дуздидаанду аз ҷои ҷиноят ғайб задаанд

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар Маскав нафарони ношиноси мусаллаҳ ва ниқобпӯш ба хобгоҳи муҳоҷирон зада даромада, онҳоро ғорат кардаанд, иттилоъ дод ба Sputnik Тоҷикистон ҳуқуқшиноси муҳоҷирон Валентина Чупик.

Ғорат рӯзи 26-уми апрел дар хобгоҳи муҳоҷирони меҳнатӣ "Памир-Алянс" дар суроғаи Павелетская набережная, бинои 2, сохтмони 7, ба амал омадааст.

"Инҳо нафарони ношинос бо либосҳои низомӣ ва бе аломатҳои мушаххас буданд. Ҳама ниқоб ва силоҳ доштанд", — гуфт ҳуқуқшинос ба Sputnik Тоҷикистон.

Ҷинояткорони номаълум бошандагони хобгоҳро аз ҳуҷраҳо ронда, латукӯб карда, ҳамаашонро дар чанд ҳуҷра қулф задаанд. Мардҳо чунон бисёр будаанд, ки дар ҳуҷра онҳо танҳо рост истода тавонистаанду халос.

Пас аз як соат ба макони ҳодиса кормандони ОМОН омада, муҳоҷиронро озод кардаанд. Вақте ки онҳо ба утоқҳои худ баргаштаанд, маълум шудааст, ки ашёи шахсӣ ва пулҳои аксарияташон гум шудааст — онҳоро ба яғмо бурдаанд. Даричаҳои тумбочка ва ҷевонҳо шикаста, рахтҳои хобашон ба ҳар тараф афканда шуда будааст.

"Шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 77 ҳазор рубл, ва дигараш 69 ҳазор рубл гум кардаанд. Дигарон камтар зарар дидаанд — аз 5 то 22 ҳазор рубли онҳо дуздида шудааст", — илова кард ҳуқуқшинос.

Маълум нест, ки  ғоратгарон, киҳо будаанд. Кормандони пулис ҷинояткоронеро, ки ба муҳоҷирон дарафтодаанд, ҷустуҷӯ доранд.

Биноҳои хобгоҳи "Памир-Альянс"-и Маскав дар наздикии истгоҳҳои метрои "Павелецкая", "Рязанский проспект", "Нагорная", "Измаиловская" ва "Саларево" ҷойгир аст. Хобгоҳи навъи меҳмонхонаи камхарҷ ба истиқоматкунандагон утоқҳои 6, 8, 10 ва 12 ҷоиро бо тахтҳои хоби дутабақа, ироа мекунад.

Дар ҳар ошиёнаи меҳмонхона ошхона ҳаст, ки бо плитаҳои барқӣ, печкаҳои микромавҷӣ, яхдонҳо, мизҳои қатъшаванда, телевизор ва чойникҳои барқӣ муҷаҳҳаз шудаанд.

Меҳмонхонаи "Памир-алянс" муҳоҷиронро бо нархҳои дастрас ба худ ҷалб мекунад. Арзиши зиндагӣ дар он аз 200 рубл барои ҳар як нафар сар мешавад. Ҷобаҷокунӣ дар тамоми утоқ ба амал меояд ва иҷораи чунин манзил барои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки гурӯҳ-гурӯҳ барои кор меоянд, хеле муносиб аст.

118
Барчаспҳо:
латукӯб, ғорат, муҳоҷирон, Русия, Тоҷикистон