Муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ

Гирифтани иҷозатномаи корӣ барои муҳоҷирон мушкилтар шудааст

155
(Таҷдидшуда 15:07 23.05.2018)
Дар Русия шумораи иҷозатномаҳои корӣ барои хориҷиён ду маротиба кам шудааст

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар давоми панҷ сол шумораи иҷозатҳои корӣ, ки муҳоҷирон дарёфт кардаанд, тақрибан ду баробар кам шудааст, хабар медиҳад RT бо такя ба манбаъ дар ВКД.

Иҷозатномаҳои кориро шаҳрвандони кишварҳое бояд гиранд, ки байни Русия ва давлаташон низоми раводид барқарор шуда аст.

Муайян карда мешавад, ки соли 2017-145 812 ҳазор нафар иҷозатномаи корӣ гирифтаанд, дар ҳоле, ки соли 2012 ин шумора ба 262 574 баробар буд.

Шумораи ками аснодро муҳоҷирони Туркия гирифтаанд, судури ҳуҷҷатҳо барои шаҳрвандони ин кишвар дар муддати панҷ сол 4 маротиба коҳиш ёфтааст.

Ду маротиба кам иҷозатнома ба коргарони Чин (52 302) ва Сербистон (7 916) дода шуда буд, ва дар ин росто соли 2017, Кореяи Шимолӣ ва Ветнам пешсаф мебошанд.

Пештар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия гузориш дода буд, ки нақшаи афзоиши квотаҳо барои додани иҷозатнома ба коргарони хориҷиро барои кор дар кишвар, зиёд мекунад.

Тибқи санад, ба нақша гирифта шудааст, ки иҷозатномаҳои зиёд дар Маскав (барои 373 нафар), Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград (мутаносибан 3007 ва 1615), Красноярск ва минтақаи Приморе (427 ва 2751), вилояти Новосибирск (581) ва ОФШ (3163) дода мешавад.

155
Барчаспҳо:
иҷозатномаи кор, муҳоҷират, Русия
Посольство Республики Таджикистан в Москве

Ҷанҷол дар сафорат: муҳоҷири бекормонда бинию ангушти дипломати тоҷикро шикаст

2617
Муҳоҷири 38-солаи тоҷик дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия ду нафарро мавриди латукӯб қарор дод

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Рӯзи 24 сентябр ба идораи милисаи Пресненский хабар дода шуд, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар бинои сафорати ин кишвар дар тангкӯчаи Гранатнийи шаҳри Маскав ду нафарро латукӯб кард, иттилоъ дод РИА Новости.

Яке аз ҷабрдидаҳо, мутахассиси пешбари сафорати Тоҷикистон дар Русия мебошад, ки дасту бинияш шикаста, осеби майнаи сар бардоштааст. Ҷабрдидаи дигар ронанда будааст, ки мақоми дипломатӣ надошта ва ҷароҳати ҷисмонӣ низ набардоштааст, хабар дод ожонси хабарии “Москва”.

Аз ҳамлагар шаҳрванди бекормандаи Тоҷикистон зикр мешавад, ки соли таваллудаш 1982 мебошад.

Нисбати нафари муттаҳам дар ҳамла ба кормандони сафорат, барои нақзи қоидаҳои вуруд ба қаламрави Русия санади маъмурӣ тартиб дода шудааст. Манбаъ афзуд, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дошта, ба ҷабрдида кумаки тиббӣ расонда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир ба далели адами парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия талабот ба чиптаҳо барои парвозҳои чартерӣ зиёд шудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз нархҳои гарони  ин чиптаҳо ва ҷой доштани ҳолатҳои қаллобӣ зимни фурӯши онҳо шикоят карда буданд.

2617
Барчаспҳо:
сафорат, дипломатия, Тоҷикистон
Подпись документов

Путин сабукиҳои карантиниро барои муҳоҷирон тамдид кард: то 15 декабр

591
(Таҷдидшуда 12:14 24.09.2020)
Мӯҳлати буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия то 15 декабри соли равон тамдид карда шуд

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин сабукиҳои қарантиниро барои шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ дар Русия то 15 декабр тамдид кард.

Ҳуҷҷати зерин дар портали ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Мутобиқи фармони роҳбари Федератсияи Русия, мӯҳлати будубоши муваққатӣ ё доимии хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия ва мӯҳлати сабти номашон дар маҳалли будубош то 15 декабр тамдид карда мешавад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки то миёнаҳои моҳи декабр аз Русия муҳоҷирон депорт кард намешавад.

Баъди 15 сентябр чӣ мешавад? генерал Казакова дар бораи сабукиҳо ба муҳоҷирон-садо

Ёдрас мешавем, ки ҳукумати Русия дар давраи ҳамагирии коронавирус ду маротиба муҳлати буду боши шаҳрвандони хориҷиро тамдид карда буд.

Фармони нави Путин дар бораи патенту муҳоҷирон: кадом сабукиҳо мемонанду кадом не?-видео

Пештар барои муҳоҷирон то 15 июн ва баъд то 15 сентябр муҳлати буду бош тамдид карда шуд.

591
Барчаспҳо:
буду боши хориҷиён, тамдиди буду бош, Владимир Путин, тамдид, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Работники морга погружают гроб с погибшим от коронавируса, архивное фото

1 фавт ва 43 ҳолати ҷадиди гирифторшави ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

0
Шабонарӯзи гузашта аз маризии сироятии коронавирус дар Тоҷикистон боз як нафари дигар ҷон супорид. Вазорат низ хабари фавти маризи коронавирусро тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Вазорати тандурустӣ омори як рӯзи ахири гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии коронавирусро нашр намуд.

Бар хабари котиботи вазорати мазкур, шабонарӯзи гузашта аз ин маризӣ боз як нафар ҷон бохта, ҳамзамон 43 мавриди нави гирифторшавӣ ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ меафзояд, дар муддати аз 30 апрел то 26 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9 605 нафар расид.

Зимнан, аз ин беморӣ то кунун 8385  ё худ 87,3 дарсади гирифторон шифо ёфта, 75 нафар фавтиданд.

"Шабонарӯзи охир 97  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Феълан Ҳукумати  Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон