Ба муҳоҷирон тамдиди мӯҳлати иҷозатномаи иқомат ба воситаи додгоҳ имконпазир шуд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкВыдача видов на жительство и разрешений на временное проживание, архивное фото
Выдача видов на жительство и разрешений на временное проживание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳоҷироне, ки аллакай якчанд сол дар Русия зиндагӣ кардаанд, метавонанд тариқи додгоҳ мӯҳлати иҷозатномаи иқоматашонро тамдид намоянд. Ин нуқтаро Додгоҳи конститутсионии Русия имконпазир шуморид

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Додгоҳи конститутсионии Русия тавзеҳ додааст, ки дар сурати саривақт тамдид накардани мӯҳлати иҷозатнома иқомат, муҳоҷир чӣ кор карда метавонад.

Додгоҳи консититутсионии Русия пас аз шикояти як шаҳрванди Ветнам банди 1 ва 3 қонуни федералии Русия "Дар бораи ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия"-ро бозбинӣ кардааст.

Ин шаҳрванди Ветнам беш аз 30 сол дар Русия бо иҷозатномаи иқоматӣ зиндагӣ мекардааст, вале бори охир натавонистааст онро тамдид кунад.

Вақте Хадамоти муҳоҷират ва додгоҳ аризаи муҳоҷирро дар бораи барқарор кардани мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷат рад карданд,  ӯ ба Додгоҳи конститутсионӣ муроҷиат намудааст.

Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Русия шумораи квотаҳоро барои гирифтани шаҳрвандӣ коҳиш медиҳад

Додгоҳ барқарор кардани мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳро  имконпазир донист ва тавзеҳ дод, ки муҳоҷир метавонад аризаашро барои тамдиди мӯҳлати иҷозатномаи иқомат ба додгоҳ супорад. 

Додгоҳи конститутсионӣ бо қарори вижа додгоҳҳоро ӯҳдадор кард, ки тибқи тартиби муайяншуда ҳукмашонро аз нав ба манфиати  шаҳрванди Виетнам тағйир диҳанд.

Ба иттилои Додгоҳи конститутсионӣ, ин тартибот ба додгоҳҳо имкон медиҳад, ки ҳангоми баррасии шикояти муҳоҷирон нисбати  Хадамоти муҳоҷиратӣ,  муҳлати тамдиди иҷозатномаи иқоматро барқарор кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Додгоҳи конститусионӣ тақозо дорад, ки муҳоҷир бояд дармуддати дароз ва қонунӣ дар ҳудуди Русия истиқомат карда бошад.

Лентаи хабарҳо
0