Муҳоҷирон, акс аз бойгонӣ

Тоҷире гуфт, ки шаҳрдори Маскав мешаваду тоҷиконро аз пойтахт пеш мекунад

826
(Таҷдидшуда 17:10 07.06.2018)
Тоҷири муваффақи рус Герман Стерлингов ваъда додааст, ки агар шаҳрдори Маскав шавад, тамоми муҳоҷирони меҳнатиро аз шаҳр ихроҷ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Соҳибкори машҳури Русия Герман Стерлингов дар саҳифаи Вконтакте эълон кардааст, ки номзадии худро ба симати шаҳрдори Маскав мегузорад ва дар сурати пирӯзӣ тамоми муҳоҷиронро аз шаҳр ихроҷ мекунад.

Стерлингов раиси Анҷумани деҳқонони Русия буда, мақсади барномаи интихоботии вай —  кам кардани аҳолии Маскав будааст. Ба гуфтаи вай, аҳолии Маскав бояд баъди 4 сол ба 1 миллион расад.

"Ваъда медиҳам, ки  дар чор сол тамоми аҳолии шаҳрро  дар "Садовое кольцо" меғунҷонам. Милионҳо муҳоҷирони корӣ ба хонаҳои худ бармегарданд. Дар Маскав барои онҳо дигар кор намемонад. Маскав низ монанди Вашингтон пойтахти   хурд мешавад, ки дар он танҳо мансабдорон, низомиён, бознишастаҳо ва ашхоси хизматрасон ба онҳо зиндагӣ хоҳанд кард", — ваъда додааст вай.

Тибқи барномаи вай, ҳар сокини оиладори Маскав дар вилоятҳои Твер, Смоленск, Кулуга ва Рязан бо манзил таъмин мешаванд.

Герман Стерлингов афзудааст, ки хоҳишмандонро ба зудӣ ба манотиқи атрофи пойтахт мефиристад. Ба онҳо аз ҳисоби буҷаи шаҳр  замин, масолеҳи сохтмонӣ, чорво, тухмӣ, нақлиёт ва ғайра харидорӣ менамояд.

"Ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд аз шаҳр берун раванд ё дар пойтахт бимонанд ба ман овоз диҳанд. Барои ҳама зиндагӣ беҳтар мешавад. Ман зуд ва қатъиян амал хоҳам кард" — ваъда додаст вай.

Қаблан соҳибкор Герман Стерлингов дар интихоботи шаҳрдори  Маскав дар соли 2003 ширкат карда буд ва дар он беш аз 3 дар сад овоз ба даст оварда буд. Сипас соли 2004 Стерлингов номзадии худро ба курсии раисҷумҳури Русия монд, вале даври якуми бақайдгироро нагузашта аз рақобат канор монд.

Маркази интихоботии Русия номзадии ӯро ба далели нодуруст тартиб додани ҳуҷҷатҳояш рад кард.      

826
Барчаспҳо:
шаҳрдорӣ, кор, муҳоҷирон, Русия, Тоҷикистон
Президент РФ В. Путин

Путин гуфт, Русия ба кадом гурӯҳи муҳоҷирон ниёз дорад

434
(Таҷдидшуда 17:54 04.07.2020)
Президенти Русия Владимир Путин гуфт Русия ба ҷавонони омодаи таҳсил ё соҳиби касбу маълуоти олӣ ниёз дорад

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Русия барои рушди иқтисодӣ ба муҳоҷирон ниёз дорад, гуфт президенти Русия Владимир Путин зимни вохӯрӣ бо лоиҳакашони ислоҳоти конститутсионӣ.

"Русия ба воридшавии муҳоҷирон манфиатдор аст, вале ба онҳое, ки ба кишвар лозиманд.<...> Русия ба воридшавии шаҳрвандони ҷадид ниёз дорад.<...> Чизе, ки ба иқтисод вобаста аст, комилан возеҳ аст ва пас аз чанде боз норасоии қувваи корӣ аёнтар хоҳад шуд", - гуфт президент.

Путин нарасидани қувваи кориро барои пешрафти иқтисоди кишвар монеъаи ҷиддӣ хонда аз онро аз мушкилоти мубрам гуфт.

Паспорта РФ в процессе производства
© Sputnik / Владимир Астапкович

Фармони нави Путин дар бораи патенту муҳоҷирон: кадом сабукиҳо мемонанду кадом не?-видео

Президенти Русия Владимир Путин таъкид кард, ки  Русия ба ҷавонони омодаи таҳсил ё соҳиби касбу маълуоти олӣ, ниёз дорад.

Дар баробари ин кишвардор қайд кард, ки дар раванди ҷалби муҳоҷирон набояд ҳуқуқи шаҳрвандони Русия нақз шавад.

Путин афзуд, ки Русия бамаротиб хостори воридшавии донандагони забони русӣ ва фарҳанги ин кишвар аст.

434
Барчаспҳо:
муҳоҷират, баррасии воридшавӣ, муҳоҷирон, Владимир Путин
Таджикские мигранты застрявшие на границе Казахстана и Узбекистана

Беш аз 700 муҳоҷири дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон дармонда ба Тоҷикистон баргаштанд

144
(Таҷдидшуда 10:57 04.07.2020)
Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) ва Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ба бозгашти беш аз 700 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон дармонда буданд, мусоидат намуданд

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik.  Мавҷи сеюми муҳоҷирони тоҷик, ки дар гузаргоҳи марзии Жибек Жоли дармонда буданд, тақрибан 700 нафар, аз ҷумла 41 кӯдакро фаро гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Созмони байналмилалии муҳоҷират.

Манбаъ қайд кардааст, ки ин ибтикорро Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳамоҳанг намуд ва онро намояндагиҳои СБМ дар ҳар се ҷумҳурӣ созмон доданд. Ин амалиёти интиқол ва ироаи ёриҳои башардӯстона ба муҳоҷирони дармонда бо ёрии молии Подшоҳии Норвегия сурат гирифт.

Дар ҳафтаҳои ахир, садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба марзи Қазоқистон бо Узбекистон бо умеди идомаи роҳ ба Тоҷикистон омада буданд. Бархе аз онҳо, аз ҷумла кӯдакон ва модаронашон дар марз дар шароити сабрзудо бо дастрасии маҳдуд ба об, ғизо ва маводи беҳдоштӣ ва зери хатари гирифторӣ ба КОВИД-19 муддате ба сар бурданд. Ба сабаби набудани паноҳгоҳ, муҳоҷирон дар зери ҳавои кушод ва гарм ба сар бурданд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки кормандони СБМ дар ҳамкорӣ бо созмони маҳаллии иҷтимоии Сана Сезим ба муҳоҷирон об, ғизо, маводи беҳдоштӣ тақсим кард. ЮНИСЕФ Тоҷикистон дар бозгашти кӯдакон ба хонаҳояшон кӯмак расонид.

Бояд қайд кард, ки бемории фарогири КОВИД-19 ҳукуматҳоро водор намуд, то ҷиҳати пешгирӣ аз густариши вирус чораҳои зарурӣ андешанд. Ин чораҳо, ҳамчунин, аз маҳдудиятҳои сафар ва ҳаракат ҳам иборат буданд, ки ба ҳама таъсир расониданд, ва баъзе аз ин чораҳо вазъи осебпазири муҳоҷиронро мушкилтар гардонида, дар натиҷа, боиси бандмонии шумораи зиёди муҳоҷирон гардиданд.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират аз меъёрҳои пешгирӣ аз густариши КОВИД-19 истиқбол мекунад ва ҳамзамон, ба эҳтироми ҳаққи муҳоҷирон ва аҳли хонадони онҳо барои бозгашт таъкид менамояд. СБМ ва ЮНИСЕФ аз ҳамаи ҷонибҳои дахлдор дар кишварҳои мизбон, интиқол, ва ватани муҳоҷирон даъват намудааст, то роҳҳои бозгардонии муҳоҷирони дармонда, аз ҷумла кӯдаконро бо назардошти риояи меъёрҳои ҳимояи саломатии ҷомеа ҷӯё шаванд.

144
Барчаспҳо:
дармонданд, Ӯзбекистон, Қазоқистон, бозгашт, Ҳукумат, СММ, кӯдакон, муҳоҷират, муҳоҷирон, Тоҷикистон
Линии электропередачи

Барқхомӯшкунӣ дар тобистон: сокинон мегӯянд, бо равшании телефон таъоми шом мехӯрем

0
(Таҷдидшуда 18:21 04.07.2020)
Сокинони деҳоти ноҳияи Деваштичи Суғд аз мушкили қатъ шудани нерӯи интиқоли барқ ба манзилҳояшон таъкид мекунанд. Онҳо мегуянд, ин вазъ беш аз як моҳ ба ин тарф дар фасли тобистон давом дорад

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Масрур як сокини ҷамоати Ваҳдат дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, қатъи интиқоли барқ дар вақти шомгоҳон барои онҳо дар шароити рустоҳо мушкилӣ меорад.

"Бегоҳ аз кори саҳро меоӣ, ки дар хонаҳо барқ нест ва ҳама ҷо торик. Дар торикӣ чи гуна хуроки шом хурданро намедонӣ. Бо истифода аз равшании фонари телефонҳо хӯроки шом мехурем", - гуфт ӯ.

Фирӯз як сокини деҳаи Басманда ҳам аз мушкили хомӯшшавии барқ иброз намуд. Ӯ гуфт, хомӯшкунии барқи ин деҳа шомгоҳон аз соати 19 то 20 ва гоҳо аз соати 20 то соати 21: 30 дақиқа тӯл мекашад.

Муҳиддин Аҳмадзода, сармуҳандиси шабакаҳои барқии Истаравшан дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон вазъи мавҷударо шарҳ дод.

Ӯ гуфт, "бо сабаби таъмири ноқилҳо ва чораҳои профилактикӣ ин гуна ҳолат ба вуҷуд меояд".

Вале сокинон таъкид меварзанд, ки чунин вазъ беш аз як моҳ ба ин тараф идома дорад, аммо ҳеҷ яке аз масъулини шабакаҳои барқи минтақа бо пахши эълон, расман аҳолиро огоҳ намекунанд.

Баъзе аз соҳибназарон иллати қатъи интиқоли нерӯи барқро ба фаъолияти чоҳҳои амудии (скважина) ҳудуди ҷамоат рабт медиҳанд.

Бино ба гуфтаи онҳо, ҳоло шумори ин гуна чоҳҳои обрасони зироати сокинон зиёд шудааст ва дар як вақт кор кардани аксари ин чоҳҳо, сабаби зиёд тасфидани зеристогоҳҳои барқӣ мегардад ва аз ҳамин хотир масъулин бо хомӯш намудани барқ то якуним соат кори зеристгоҳҳоро дам доданиянд.

Аммо сокинон мегӯянд, назар ба ин, ки барқи манзилҳои онҳо хомӯш карда шавад, бояд масулини идораи барқ, танзими кори чоҳҳои амудиро ба роҳ монанд.

0
Барчаспҳо:
маводи хӯрока, барқ, Суғд