Интиқоли пулии муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон 15 дарсад афзоиш ёфтааст

Обуна шудан
Интиқоли маблағҳо аз ҷониби муҳоҷирони корӣ дар хориҷ дар зарфи 3 моҳи охир 15 дарсад афзоиш ёфт

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар 3 моҳи соли ҷорӣ муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба миқдори 487 миллион доллар маблағ интиқол додаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 15 дарсад зиёд будааст.

Миёни кишварҳои ҳамсуд Тоҷикистон дар интиқоли пулии муҳоҷирон мақоми дувумро ишғол намудааст. Миёни кишварҳои ИДМ Узбакистон дар интиқоли пулии муҳоҷирон пешсаф будааст. Шаҳрвандони Узбакистон дар 3 моҳи соли ҷорӣ ба ватанашон 726 миллион доллар равон кардаанд.

Дар ҷои севум Қирғизистон — бо 435 миллион доллар, баъд Арманистон бо 209 миллион доллар ҷойгир шудаанд.

Муҳоҷирони Озарбойҷон 191 миллион доллар ва муҳоҷирони Укроин бошад 158 миллион доллар ба ватанашон равон кардаанд.

Ин дар ҳоллест, ки қаблан дар семоҳаи аввали соли 2017 муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон 423 миллион доллар интиқол дода буданд.

Дар охири соли 2017 муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 2,5 млрд. доллар равон карда буданд.

 

Лентаи хабарҳо
0