Раисҷумҳури Русия Владимр Путин, акс аз бойгонӣ

Путин муҳоҷирони қирғизро авф мекунад

232
(Таҷдидшуда 14:41 20.06.2018)
Раисҷумҳури Қирғизистон аз ҷониби Русия умедвор аст, ки дар ҳалли мушкилии муҳоҷирони қирғиз ҳамдастӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков эълом кардааст, ки бо раисҷумҳшури Русия Владимир Путин дар бораи авфи муҳоҷирон кишвар дар Русия ба мувофиқа расидааст.

Дар ин бора Ҷээнбеков дар мулоқот бо муовини раиси Кумитаи дифои Маҷлиси Русия Виктор Заварзинов хабар додааст.

Раисҷумҳури Қирғизистон аз ҷониби Русия умедвор аст, ки дар ҳалли мушкилии муҳоҷирони қирғиз ҳамдастӣ мекунад.

"Чанбе пеш бо раисҷумҳури Русия Владимр Путин мулоқоти дуҷониба доштем. Дар мулоқот мо бо раисҷумҳур тавонистон масъалаҳои муҳимро баррасӣ кунем", — гуфтааст Ҷээнбеков.

Бояд қайд кард, ки Қирғизистон муддати тӯлониест, ки аз Русия хостори авф шудани шаҳрвандоонаш дар кишвар мешавад. Ҳазорҳои шаҳрванди Қирғзисмтон бо далели вайрон кардани ин ё он тартиботи дохилии Русия ба "рӯйхати сиёҳ" ворид шудаанд.

Ёдрас мешавем, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Русия Владимир Путин низ моҳи феврали 2017 ба тавофуқа расида буданд, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия авф карда шаванд.

Дар натиҷаи моҳҳои июн Вазорати меҳнати Тоҷикистон эълон кард, ки дар пайи эълони авф ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия беш аз 100 ҳазор тоҷик авф шудаанд.

232
Барчаспҳо:
авф, мулоқот, муҳоҷирон, Сооронбой Ҷээнбеков, Владимир Путин, Тоҷикистон