Константин Затулин, акс аз бойгонӣ

Затулин: гирифтани шаҳрвандӣ барои сокинони кишварҳои ИДМ осон мешавад

273
(Таҷдидшуда 16:42 28.06.2018)
Нахустмуовини раиси Кумитаи Маҷлиси Русия дар масоили кишварҳои ИДМ, якпорчагисозии АвруОсиё ва иртибот бо ҳамватанон Константин Затулин мӯҳтавои тарҳи қонун дар бораи содагардонии гирифтани шаҳрвандии Русияро тавзеҳ дод

Затулин таъкид кардааст, ки айни замон Вазорати умури дохилаи Русия бидуни ҳукми додгоҳ  шиносномаҳои бархе аз шаҳрвандони кишварро пас мегирад ва ё беэътибор мегардонад, ки комилан ҳуқуқи онҳоро поймол мекунад.

Аз ин иқдом бештар шаҳрвандони кишварҳои собиқи Шӯравӣ, ки солҳои 90-ум аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Русия бар гашатанд, зарар мебинанд. Ба гуфтаи Константин Затулин аксарияти онҳо худро шаҳрванди Русия меҳисобиданд.

"Мо барои онҳо (яъне шаҳрвандони ҷумҳуриҳои узби собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ — идора) тартиби гирифтани шаҳрвандиро осон намудем, аммо кашида гирифтани шиносномаро бе ҳукми додгоҳ пешгирӣ накардем, ки ин мухолифи тамоми қавонини кишвари мо мебошад", — гуфтааст Затулин ба радио Sputnik.

Вай таъкид кардааст, ки барои қабули қонуне, ки ба шаҳрвандони кишварҳои ИДМ гирифтани шаҳрвандии Русияро осон мекунад, корҳои зиёде анҷом додан лозим аст.

Инчунин Затулин умедвор аст, ки намояндагони порлумон ва дастгоҳи раисҷумҳури Русия ин лоиҳаи қонунро дастгирӣ хоҳанд кард.

Лозим ба ёдоварист, ки ахиран раисҷумҳури Русия Владимир Путин Вазорати умури дохилаи кишвар ва Вазорати меҳнатро ӯҳдадор кард, ки дар Русия тартиби гирифтани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ва доимиро барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бидуни тобеият осон карда шавад.

Пештар, вакили Маҷлиси Русия Константин Затулин пешниҳод кард, ки дар Русия тартиби гирифтани шаҳрвандӣ осон шавад.

Ба гуфтаи Затулин, бо ин роҳ Руссия даҳҳо миллион ҳаммеҳанонашро ба ватан бар мегардонад.
Вай пешниҳод кард, ки шаҳрвандони хориҷӣ тавонанд бе маҳрум шудан аз шаҳрвандии кишвари худ, дар Русия иҷозатномаи иқоматии доимӣ ба даст оранд.

273
Барчаспҳо:
Тартиби гирифтани шаҳрвандӣ, ВКД-и Руссия, шаҳрвандӣ, муҳоҷират, муҳоҷир, Русия