Паспорти руси, акс аз бойгонӣ

Раисҷумҳури Русия ба тартиби гирифтани шаҳрвандӣ сабукӣ ҷорӣ мекунад

1552
(Таҷдидшуда 15:01 09.08.2018)
Сабукиҳо барои чанд гурӯҳ шаҳрвандони хориҷӣ муайян карда шудааст, ки хоҳиши зиндагӣ ва кор дар Русияро дошта, шаҳрвандӣ гирифтан мехоҳанд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ҳукумати Русия пешниҳод намудааст, ки ба раисҷумҳур Владимир Путин ваколати шахсан муайян кардани гурӯҳи шаҳрвандони хориҷиеро, ки ҳуқуқи гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд, дода шавад.

Лоиҳаи ин тарҳ ба Думаи давлатии Русия пешниҳод шудааст.

Тибқи лоиҳаи мазкур, гирифтани шаҳрвандӣ барои нафароне, осон карда мешавад, ки кишварҳояшон дучори мушкилии иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодӣ аст. Аз ҷумла ин тарҳ ба шаҳрвандоне дахл дорад, ки дар ватанашон ҷанг аст ё дар ҳоли табодули ҳукуматӣ қарор дорад.

Инчунин, сабукиҳо барои ширкаткунандагони барномаи даъвати  ҳамватанон (пересеоения) ҷорӣ мешавад.

Дар сурати қабул шудани ин қонун, шаҳрвандони хориҷӣ тибқи барномаи даъвати ҳамватанон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро барои гирифтани шаҳрвандӣ ба минтақае супорианд, ки дар он кор ва фаъолият мекунанд.  Ҳатто ба онҳо дар ҳолати зиндагии камтар аз панҷ сол дар он минтақа ва надоштани маблағи кофӣ барои зиндагӣ ва надонистани забаони русӣ шаҳрвандӣ дода мешавад.

Ҳамчунин дар қонуни нав сабукиҳо барои шаҳрвандони хориҷие ҷорӣ шудааст, ки дар барномаи даъвати ҳамватан иштирок надоштанд. Тибқи қоидаҳои нав, агар онҳо шаҳрвандии Русия бо низоми осон гирифта бошанд, метавонанд аз шаҳрвандии кишвари худ даст накашанд.

Бори аввал дар бораи зарурати ин тағйиротҳо Путин дар рафти "Пахши мустақим" 7 июн таъкид кард. Раисҷумҳур дар посух ба суол дар бораи шаҳрвандии Русия гуфт, ки кишвар бояд ин равандро сода кунад.

Пештар, вакили Маҷлиси Русия Константин Затулин пешниҳод кард, ки дар Русия тартиби гирифтани шаҳрвандӣ осон шавад.

Ба гуфтаи Затулин, бо ин роҳ Руссия даҳҳо миллион ҳаммеҳанонашро ба ватан бар мегардонад.

Вай пешниҳод кард, ки шаҳрвандони хориҷӣ тавонанд бе маҳрум шудан аз шаҳрвандии кишвари худ, дар Русия иҷозатномаи иқоматии доимӣ ба даст оранд. 

"Гап дар бораи даҳҳо миллион нафар меравад. Агар онҳо шаҳрванди Русия шаванд, ба кишвар зараре мерасад?", — изҳори нигаронӣ кардааст вай.

Ба гуфтаи вакил, дар ҳоли сода кардани тартиби гирифтани шаҳрвандӣ, хориҷиёни бештаре ҷалб мешаванд. Зеро бештари нафаронеро, ки соҳиби шаҳрвандии Русия шудан мехоҳанд, коғазбозии зиёд метарсонад.

1552
Барчаспҳо:
Тартиби гирифтани шаҳрвандӣ, муҳоҷирони корӣ, шаҳрвандӣ, тоҷик, муҳоҷирон, Тоҷикистон, Тоҷикистон, Русия