Бастаи калидҳо, акс аз бойгонӣ

Сиёсати нав: яке аз доротарин минтақаҳои Русия ба муҳоҷирон хона медиҳад

722
(Таҷдидшуда 09:30 13.08.2018)
Наталя Комарова, губернатори минтақаи мухтори Хантӣ Манасийск, лоиҳаеро ба тасвиб расондааст, ки бар асоси он муҳоҷирони мутахассис бо манзили истиқоматӣ таъмин мешаванд

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хантӣ Мансийск, дар минтақа сиёсати давлатӣ дар умури муҳоҷирон барои солҳои 2018-2020 ба тасвиб расид.

Губернатор Наталя Комарова изҳор доштааст, ки минтақаи таҳти идорааш таҷрибаи ғании қабули теъдоди зиёди муҳоҷиронро дорад.

"Мехоҳем дар барномаи давлатӣ чорабиниҳои дахлдорро барои ҷалби муҳоҷирони мутахассис ба лоиҳаҳо дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва истеҳсолот ворид кунем. Ҳадди ақал фонди махсуси манзил ташкил мешавад, ки муҳоҷирони мутахассисро бо хона таъмин хоҳад кард", — гуфтааст Комарова.

Алексей Варлаков, мудири бахши меҳнат ва шуғли аҳолии минтақаи мухтори Хантӣ Мансийск изҳор доштааст, ки дар ҷалби мутахассисон ҳавасманданду барои мутобиқсозии фарҳангию забонии онҳо чорабиниҳои махсусро роҳандозӣ мекунанд.

Ба гуфтаи Варлаков муҳоҷирон аз тамоми имтиёзҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла таъминот бо манзили зист бархӯрдор хоҳанд шуд.

Минтақаи мухтори Хантӣ Мансийск —Югра, субъекти федералӣ буда, ба вилояти Тюмен шомил мебошад.

Минтақа аз нафту газ бой буда, аз нигоҳи вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Русия, баъди Маскав дар ҷои дуюм қарор дорад.

722
Барчаспҳо:
манзили зист, имтиёз, муҳоҷират, мутахассисон, Тоҷикистон
Вице-президент фонда Миграция XXI век Наталья Власова

Власова дар бораи боз кардани сарҳади Русия: бе муҳоҷирон намешавад

1338
(Таҷдидшуда 17:11 26.05.2020)
Наталя Власова коршиноси соҳаи муҳоҷирати Русия мегӯяд, соҳаи кишоварзии Русия ба дасти муҳоҷирон ниёз дорад

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputniк. Дар Донишгоҳи РАНХиГС - и Русия ҳисоб карданд, ки беш аз 500 ҳазор муҳоҷирон дар соҳаи кишоварзии Русия банд аст. Ва барои кишти бомувафаққият, ҳатто дар вазъияти пандемия бояд, сарҳадро боз кард.

"Таъмини мардум бо маводи озуқаворӣ масъалаи бисёр муҳим аст. Дар соҳаи кишоварзӣ доим камбуди қувваи корӣ аст. Ва феълан, ки ин баҳор муҳоҷирон ба Русия наомаданд, норасоии дасти корӣ бештар эҳсос мешавад", - гуфт Власова дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфти ӯ таҷрибаи дигар кишварҳо барои ҷалби қувваи кории маҳаллӣ ба чунин корҳо бе самара аст.

"Ба сокинони бумӣ, чунин кор пешниҳод шуд ва онҳое ҳам, ки розӣ шуданд пас аз як рӯзи кор аз меҳнат даст кашиданд", - гуфт ӯ.

Ба фикри коршинос дар Русия ҳам чунин мешавад, чун кор дар соҳаи кишоварзӣ бисёр сахт аст.

"Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ бо корҳои саҳроӣ одат кардаанд, онҳо ҳар сол дар кишт ва ҷамъоварии ҳосил ба мо хеле кумак мекарданд , - гуфт Власова.

"Вазифаи таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ аз муҳимтарин аст ва дар ин росто бояд ниҳодҳои дахлдор масъалаи боз кардани сарҳад ва омадани муҳоҷиронро барои корҳои саҳроӣ баррасӣ кунанд".

Барои ин кор омори дақиқи лозим аст, то маълум шавад, ки барои кадом минтақа чӣ қадар муҳоҷир даркор аст.

Дар баробари ин Власова афзуд, аз ҳисоби он муҳоҷироне, ки дар Русия бекор мондаанд гурӯҳҳои мобилӣ ташкил шавад ва онҳо барои корҳои саҳроӣ ҷалб шаванд.

Ба гуфти ӯ пандемияи коронавирус нишон дод, ки соҳаи муҳоҷиртаи Русия то ҳол ноқис аст ва ба коркарду ташкили базаи хабарӣ ниёд дорад.

1338
Барчаспҳо:
муҳоҷират, Тоҷикистон, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Рабочие на строящемся объекте

Корхонаи Новосибирск 60 муҳоҷири тоҷикро ба кор даъват мекунад

250
(Таҷдидшуда 15:19 26.05.2020)
Корхона дар Новосибирски Русия омода аст, муҳоҷиронро расман ба кор қабул карда, бо ҷои хоби ройгон ва музди меҳнат ба қадри 20 ҳазор рубли русӣ дар як моҳ, таъмин намояд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Роҳбарияти корхонаи истеҳсоли хишт "Кор", ки дар Новосибирски Русия воқеъ аст ба Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби қувваи корӣ дархост фиристодааст, хабар медиҳад, ожонсии Тоҷик.ТА.

Корхона омода аст, муҳоҷиронро расман ба кор қабул карда, бо ҷои хоби ройгон ва музди меҳнат ба қадри 20 ҳазор рубли русӣ дар як моҳ, таъмин намояд.

Пешниҳоди Жириновский: вуруди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба Русия боздошта шавад

Гуфта мешавад, ки муҳоҷирон метавонанд бо хости худ рӯзҳои кориашонро бештар кунанд. 

Дар ҳудуди корхона хобгоҳ вуҷуд дорад, ки барои истироҳати муҳоҷирон шароит фароҳам шудааст. Ҳамчунин муҳоҷиронро ба тааври рогйон ба қайд хоҳанд гирифт.

Фаврӣ: Тоҷикистон шаҳрвандонашро марҳила ба марҳила аз Русия, ба Ватан бармегардонад

Вале қайд мешавад, ки ҳуҷҷатҳои дигар зимни расман ба кор қабул кардани муҳоҷирон аз ҳисоби корхона омода шуда ва дар рафти кор аз музди муҳоҷирон гирифта мешавад.

Феълан барои кор дар завод 60 муҳоҷир лозим аст. Муҳоҷирон дар бахшҳои боғдорӣ, боркашонии хишт ва хиштбарорӣ кор хоҳанд кард.

250
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, кор, Новосибирск
Эмомали Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Қарори Ҳукумат барои пардохти кумакпулиҳо ба мардум: киҳо ва чанд сомонӣ мегиранд?

0
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат, тартиби нави пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоатро тасдиқ карда, барои иҷрои он дастур додааст

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Тибқи тартиботи нав, кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба камбизоатон аз буҷаи давлат дар ҳаҷми 116 сомонӣ ҳар чормоҳа, дар маҷмуъ соле 464 сомонӣ пардохт мегардад.

Бар асоси қарор, ки Эмомалӣ Раҳмон, 14 май имзо кардааст, кумакпулиҳо ба бархе навоҳӣ аз 1 июл пардохта мешавад.

Таъйину пардохти кумакпулиҳо аз 1 июл барои оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар навоҳии Вахш, Восеъ, Данғара, Дӯстӣ, Кӯшониён, Носири Хусрав, Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ, Қубодиён, Хуросон, Ҷайҳун ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон амалӣ мешавад.

Кумакпулиҳо барои камбизоатон инчунин дар шаҳру навоҳии Гулистон, Исфара, Истиқлол, Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Спитамени вилояти Суғд, шаҳру навоҳии тобеи марказ – Варзоб, Ваҳдат, Роғун ва Турсунзода таъйин мешавад.

Дар қарор инчунин омадааст, ки аз 1 июл барои камбизоатон дар навоҳии Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ пардохт мегарданд.

Бар асоси тартиби муқарраршуда, барои дастрас кардани пардохту кумакпулиҳои иҷтимоӣ афроду оилаҳои камбизоат бояд дар мақомоти маҳаллии ҷои истиқоматашон ба қайд гирифта шаванд.

0
Барчаспҳо:
камбизоат, кумакпулӣ, Тоҷикистон