Зӯроварӣ, акс аз бойгонӣ

Зани муҳоҷирро мардони муҳоҷир лату кӯб ва таҷовуз карда, аз ошёнаи севум партофтанд

1936
Як зодаи Узбакистон пас аз таҷовуз шудан ба бемористон интиқол ёфт. Дар ҳоле, ки табибон барои барқарор кардани саломатии зан талош мекарданд, хешвандонаш ӯро аз бемористон дуздиданд

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар Санкт-Петербург як духтари узбекро, ки пас аз дастдарозии чанд ҳамватанон ба номусаш ба бемористон оварда шуда буд, аз беморхона дуздиданд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Сант-Петербург хабар медиҳанд.

Бино бар иттилои манобеъ, хешвандони ҷавонзан ӯро аз беморхона дуздида, дар ҳуҷрае маҳкам карда, аз вай талаб карданд, ки аризаашро аз мақомоти полис бозпас гирад.

Афзун бар ин, онҳо бо роҳи фиреб духтарро маҷбур кардаанд, ки ихтиёран аз идома табобат дар бемористон даст мекашад.

дастгир шудани шаҳрванди Тоҷикистон
пресс-служба УФСБ России по городу Санкт-Петербургу и Ленинградской области

Онҳо духтарро дар ароба андохта аз бемористон баровардаанд ва дар ҳолати беҳушӣ дар манзиле ҷойгир карданд.

Бино бар иттилои мақомоти Санкт-Петербург, дар ин кор ду зани зодаи Узбакистон ва як марди 30-солаи тоҷик даст доштаанд.

Онҳо боздошт шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, фоҷиаи таҷовуз ба номуси зани узбек дар меҳмонхонаи Санкт-Петербург сурат гирифт: чор шаҳрванди Узбакистон, ки аз 19 то 25 сол доштаанд, дар ҳуҷрае  бо зани узбек шаробнӯшӣ карда, сипас духтарро лату кӯб кард ва таҷовуз кардаанд. Афзун бар ин, онҳо духтарро аз ошёнаи севум партофтаанд.

Дар натиҷа, зан бо ҷароҳатҳои зиёд ба бемористон интиқол меёбад.

Мақомоти Русия муттаҳамонро боздошт ва тафтишотро идома медиҳад.

1936
Барчаспҳо:
таҷовуз, лату кӯби доварон, меҳмонхона, шароб, зани муҳоҷир, Русия, Узбакистон
Бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия, акс аз бойгонӣ

Пулгирӣ аз тоҷикон бо ваъдаҳои дурӯғи бозгашт ба Ватан: ҳушдори Сафорат

478
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳушдор додааст, ки вақтҳои охир бархе афрод бо ваъдаи ташкили сафар ба Ватан тариқи автобусҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон пул гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 31  май — Sputnik. Рӯзҳои охир аз тарафи баъзе шахсони манфиатҷӯ ва ғаразнок дар бораи он, ки гӯиё тавассути нақлиёти заминӣ, аз ҷумла автобусҳо, сафар намудан ба Тоҷикистон имконпазир аст, миёни шаҳрвандон маълумоти беасос ва нодуруст паҳн карда мешавад, хабар додаст Сафорат.

“Ҳамчунин, ҳолатҳое мушоҳида шудааст, ки нафарони тамаъҷӯ шаҳрвандонро фирефта намуда, барои сафар ба Тоҷикистон аз онҳо маблағ гирифтаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки ба маълумоти шубҳанок ва носанҷида бовар накарда, аз сафар ба самти Тоҷикистон тавассути нақлиёти заминӣ худдорӣ намоянд.

“Зеро сарҳадҳои давлатӣ миёни Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз эпидемияи коронавирус ҳанӯз ҳам баста мебошад ва воридшавӣ ба қаламрави давлатҳои мазкур, аз ҷумла тавассути воситаҳои нақлиёти заминӣ, манъ аст”, - тавзеҳ додаст Сафаорат.

Намояндагии Тоҷикистон илова намуд, ки дар сурати ташкил шудани рейсҳои чартерии ҳавопаймоҳо ва ё барқарор шудани хатсайрҳои мунтазам, инчунин кушодашавии сарҳадҳо, расман шаҳрвандон хабардор карда мешаванд.

Ба шаҳрвандон барои гирифтани иттилои иловагӣ рақамҳои телефон, аз ҷумла дар Маскав,  +7 (926) 411 09 61, +7 (995) 501 87 33, +7 (985) 740 02 12,  +7 (495) 690-41-86, шаҳри Санкт-Петербург, +7 (961) 611 16 17, +7 (812) 490 47 46, шаҳри Уфа, +7 (347) 276 52 96, +7(927) 231 71 71, +7(927) 945 65 66, шаҳри. Екатеринбург, +7 (922) 115 33 19, +7 (343) 370 23 60 ва шаҳри Новосибирск рақамҳои +7 (913) 487 38 22, +7 (383) 349 59 70 пешниҳод шудаанд.

478
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, фиреб, Русия, Тоҷикистон
Молитва, архивное фото

Даргузашти Ҳоҷӣ Эҳсоншо, президенти “Ванҷ Фуд” аз коронавирус-акс

2493
(Таҷдидшуда 13:10 29.05.2020)
Ҳоҷӣ Эҳсоншо Мунавваров, президенти ширкати “Ванҷ Фуд”, ки моҳи равон ба синни 43 расид, бар асари коронавирус даргузашт

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Наздикони Мунавваров мегӯянд, ӯ қариб як ҳафтаи охир дар шӯъбаи эҳё қарор дошт ва соати 11 ба 12-и шаби гузашта дар шаҳри Твер ҷон дод.

Эҳсон Раҳмихудоевич Мунавваров зодаи деҳаи Бунайи Ванҷ буда, 2 майи соли 1977 таваллуд шудааст. Мактаби деҳаро хатм карда, ба муҳоҷират ба Русия рафтааст. Дар Донишгоҳи улуми иҷтимоии Маскав чаҳор сол таҳсил намуда, ба далели шуғлаш ба тиҷорат онро ба анҷом нарасондааст.

Ҳоҷӣ Эҳсоншо Мунавваров, ки аз соли 1994 дар Русия қарор дошт, молики ду ширкат-Ванҷ Фуд ва “Арзан Голд” мебошад, ки дар бахшҳои гуногун фаъолият доранд.  Ӯ маҳсулоташро бо унвонҳои “Дары Таджикистана”, “Таджикчай”, “Памир”, “Бунайчай” пешниҳод мекард.

Тибқи иттилои сомонаи vanj.info, Эҳсоншо Мунавваров барномаи хайрияи хешро дошт, ки ба мустаманду дармондагон дасти ёрӣ дароз карда, дар созмондиҳӣ ва адои корҳои хайр дар миёни ҳаммеҳанони шаҳри Твер аз пешсафон буд.

Ӯ изҳор дошта буд, ки “ҳоли зору машаққати бархе аз ҳаммеҳанон дар мулки ғариб андӯҳгинаш менамояд, аз аъмоли бади бархе аз ҳаммеҳанон, ки миллатро бадном мекунанд, сахт озурдаву нороҳат мешавад. Вале худ мекӯшад ба қадри тавон барои баланд бардоштани обрӯи миллат коре анҷом диҳад”.

2493
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Рынок в Душанбе Корвон

Эълони ҳукумати Душанбе дар бораи кори бозорҳо, кошонаҳои ҳусну нуқтаҳои мошиншӯйӣ

1163
(Таҷдидшуда 21:25 31.05.2020)
Ҳукумати Душанбе қарор кардааст, ки бозорҳои либосфурӯшӣ, нуқтаҳои мошиншӯӣ, телефонфурӯшӣ ва кошонаҳои ҳусну сартарошхонаҳо то нимаи июн баста мемонанд

ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Котиботи ҳукумати Душанбе ҳадафи қарорро ҷилавгирӣ аз сирояти  COVID-19 гуфта, таъкид намудааст, ки ҳамаи бозорҳои либосфурӯшию кошонаҳои ҳусн, сарфи назар аз моликияташон то 15 июн баста хоҳанд буд.

“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт, пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) қатъ намудани фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳоро, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ то 15 июни соли 2020 тамдид намуд”, - омадааст дар иттилоия.

Сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва масъулини бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ намоянд.

Ҳукумати шаҳри Душанбе охири моҳи апрел ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши “вируси корона” кори бозорҳои либосфурӯшии шаҳрро пурра қатъ ва дар онҳо рӯзҳои санитарӣ эълон карда буд.

1163
Барчаспҳо:
бозор, нуқтаи назар, Тоҷикистон