Пассажирский самолет, архивное фото

Шаппотӣ ба рӯйи меҳмондор ва таҳдид бо "бомб": ҷанҷоли марди тоҷик ҳавопайморо баргардонд

518
Бино бар иттилои пешакӣ, 28 август дар рафти парвози Маскав-Душанбе шаҳрванди Тоҷикистон меҳмондори ҳавопйморо задааст

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Мақомоти тафтишотии Русия бо далели занозанӣ дар ҳавопаймои парвози Москва-Душанбе тафтишот оғоз карданд. Дар ин бора Кумитаи тафтишотии Русия хабар медиҳад.

"Бино бар маълумоти пешакӣ, 28 август тақрибан соати 19 бо вақти Маскав дар рафти парвози ҳавопаймои Москва-Душанбе шаҳрванди Тоҷикистон ҷанҷол бардошта, меҳмондори ҳавомайморо задаст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Гуфта мешавад, ки сарнишини ҳавопаймо пас аз ҷанҷол қарор қабул кард, ки парвозро ба самти Душанбе лағв карда, ба фурудгоҳи "Жуковский" баргардад.

Хатсайрро ҳавопаймои "Уральские авиалинии" анҷом медод.

Тавре хабаргузории "Москва" иттилоъ медиҳад, ҳодиса аз ҷанҷоли ду мусофири ҳавопаймо сар шуд, ки яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон буд. Баробари ин, ҷавони тоҷик таҳдид кард, ки бомб дорад. Ҷанҷолро меҳмондорони ҳавопаймо хостанд бартараф кунанд, ки дар натиҷа яке аз онҳоро ҷавони  як торсакӣ задааст.

Тафтишот идома дорад.

518
Барчаспҳо:
ҷанҷол, ҳавопаймо, Русия, Тоҷикистон