ихроҷи муҳоҷирон тарици гузаргоҳҳои марзӣ, акс аз бойгонӣ

Ихроҷи наздик ба 4 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ аз Маскав

292
(Таҷдидшуда 13:45 16.09.2018)
Идораи Хадамоти федеролии додварзии Русия дар Маскав эълон намудааст, ки аз аввали сол наздик ба 4 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ аз пойтахт ихроҷ карда шудааст

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Аз аввали сол аз пойтахти Русия 3 ҳазору 847 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ба сабаби риоя накардани талаботи қонунгузорӣ ихроҷ шуданд, иттилоъ додааст Идораи Хадамоти федеролии додварзии Русия дар Маскав.

Ҳамаи муҳоҷирон аз тарафи кормандони Идораи мазкур тариқи гузаргоҳҳои марзии Русия аз кишвар ихроҷ карда шуданд. Додгоҳи Русия ҳузури онҳоро дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ донистааст.

"Аксарияти ихроҷшудагон шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ — Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд. Инчунин миёни ихроҷшудагон шаҳрвандони Сенегал, Конго ва Алжир низ будааст", — гуфтааст манбаъ.

Тибқи қавонини Русия, шаҳрвандони хориҷие, ки аз Русия ихроҷ мешаванд дар муҳлати 5 сол ҳуқуқи вуруд ба ин кишварро надоранд.

Ёдрас мешавем, ки бештар аз 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар Русия кору иқомат мекунанд ва пули муҳоҷирон, яке аз омилҳои муҳими ҳифзи вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар аст.

Бино ба иттилои Бонки марказии Русия, интиқоли маблағи муҳоҷирон аз ин кишвар ба Тоҷикистон дар 6 моҳи соли равон 672 миллион долларро ташкил додааст.

292
Барчаспҳо:
меҳнат, ихроҷи муҳоҷирон, Маскав, муҳоҷир, тоҷик, Русия, Тоҷикистон, Тоҷикистон