Нижнее белье в магазине, архивное фото

Ҷавони тоҷик дар Маскав 170 халта таҳпӯшҳои марди чиниро дуздидааст

255
Ҷавони тоҷикистонӣ 170 халта либоси зери соҳибкорро дуздида, ба марди чинӣ 2,5 миллион рубл зарар расонидааст

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Мақомоти Маскав марди тоҷикеро дастгир карданд, ки ба дуздии даҳҳо халтаи таҳпӯшҳо муттаҳам мешавад, хабар медиҳад оҷонсии иттилоотии "Москва".

Тавре манбаъ қайд мекунад, 27 сентябр ба пулиси Маскав як шаҳрванди Чин, ки дар Маскав ба соҳибкорӣ машғул будааст, муроҷиат кардааст.

Мард ба пулис шикоят бурдааст, ки нафаре аз ҷойи кораш 170 халта либосҳои таҳпӯшро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷа кормандони пулис дар пайи гузаронидани чораҳои тафтишотӣ ҷавони 29-солаи тоҷикро дастгир кардаанд, ки дар ҷойе кор намекардааст.

Нисбати ҷавон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҳоло кормандони пулис муайян мекунанд, ки гумрнбаршуда амволи дуздидаашро ба куҷо бурдааст.

255