Гӯристони Хованское, акс аз бойгонӣ

Талаби 4 то 13 соли зиндон барои саркардаҳои занозании маргбор дар “Хованск”

189
Додситонӣ барои Юрий Чабуев, яке аз саркардаҳои муноқишаи маргбор дар гӯристони “Хованск”- и Маскав, ки боиси марги се шаҳрванди Тоҷикистон шуд, 13 соли зиндон талаб кардааст

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Додситонӣ аз додгоҳ хостааст, Юрий Чабуев, собиқ роҳбари шуъбаи 3-юми хадамоти марбут ба дафн - “Ритуал”, барои ташкили занозании маргбор 13 сол зиндонӣ шавад, иттилоъ додааст РИА Новости бо такя ба манобеи худ дар додгоҳи Маскав.

Манбаъ изҳор доштааст, ки дар маҷмуъ додситонӣ барои 17 муттаҳам вобаста ба нақшашон дар муноқишаи маргбор аз 4 то 13 соли зиндон талаб кардааст.

Кашмакашӣ, ки барои рондани муҳоҷирони тоҷик аз гӯристон ташкил шуд, бо марги 3 шаҳрванди Тоҷикистон ва ҷароҳати 30 нафар анҷомид.

Тафтишот муайян кардааст, ки Юрий Чабуев ва Александр Бочарников, ҳаммуассиси ташкилоти ҷамъиятии “Здоровая нация” муноқишаро барои танг кардани мавқеи муҳоҷирони тоҷик ва рондани онҳо аз “Хованск” ташкил намудаанд.

Аммо зимни тафтишот танҳо яке аз иштирокдорон Сергей Улихин ба гуноҳаш иқрор шудааст. Муфаттишон мегӯянд, бо вуҷуди иқрор нашудани муттаҳамони дигар, далели кофии гунаҳкории онҳо ҷамъоварӣ шудааст.

189