Посетители в многофункциональном миграционном центре Москвы, архивное фото

Аз аввали сол, беш аз 172 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ шаҳрванди Русия шуданд

114
(Таҷдидшуда 18:08 22.10.2018)
Ба гуфтаи коршиносон, дар зарфи ҳашт моҳи соли равон наздик ба 173 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ шаҳрвандии Русияро қабул намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,2 дарсад зиёд мебошад

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Дар Русия аз моҳи январ то авгути соли равон 11 960 763 муҳоҷири меҳнатӣ сабти ном шудааст, ки нисбат ба соли қабли 12, дарсад кам мебошад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ташкилоти “Федератсияи муҳоҷирони Русия”.

Мутахассисони ташкилот таъкид намуданд, ки аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия аз кишварҳои ҳамсуд меоянд.

Дар соли равон 172,86 ҳазор нафар соҳиби шаҳрвандии Русия шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 4,2 дарсад зиёд будааст.   

Бино ба маълумоти коршиносон, дар ҳашт моҳи соли равон Русия ба беш аз 80 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ иҷозтномаи кор додааст, ки нисбат ба соли гузашта беш аз 14 ҳазор иҷозатномаи кор кам дода шудааст.     

Инчунин, дар ин давра ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия беш аз 1,1 миллион патент дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 дарсад кам мебошад. Иҷозати иқомат дар Русияро 122,6 ҳазор нафар гирифтанд (дар соли 2017 ин нишондиҳанда ба 123,5 ҳазор нафар расида буд).

Коршиносон ҳамчунин таъкид намуданд, ки дархостҳои муҳоҷирони меҳнатӣ барои зиндагии муваққатӣ дар Русия низ коҳиш ёфтӣааст. Дар зарфи ҳашт моҳи соли равон 174,9 ҳазор нафар барои гирифтани иҷозатнома барои зиндагии муваққатӣ дар қаламрави Русия дархост равон намуданд (дар соли гузашта ин нишондиҳанда 192 ҳазор нафарро ташкил медод).

114

Муноқишаи муҳоҷирон бо мақомоти қудратӣ дар марзи Русия ва Қазоқистон: ҷузъиёт

214
(Таҷдидшуда 16:00 05.08.2020)
Интизорӣ барои бозгаштан ба Ватан, дар марзи Русия ва Қазоқистон бо муноқишаи миёни муҳоҷирон ва кормандони қудратӣ анҷомид

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар марзи Русия ва Қазоқистон миёни муҳоҷирон ва кормандони қудратӣ муноқиша сар зад. Нахустин шуда шабакаи Match аз ин ҳодиса хабар дод.

Дар ин шабака наворе нашр шуда буд, ки дар он муҳоҷирон ба сӯи марз ҳаракат мекунанд. Аз навор суханони қабеҳ шунида мешуд.

Пасон намояндаи расмии Гвардияи миллии Русия Валерий Грибакин дар суҳбат бо "Интерфакс" гуфт, ҷанҷол рӯзи 3 август рух дод.

Шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон, ба Ватан расиданд

"Муноқишаи миёни муҳоҷирон ва мақомоти қудратӣ дар вилояти Самара ба зудӣ, бидуни дахолати намояндагони Гвардияи миллӣ пахш шуд", - қайд кард Грибакин.

Бино ба гузориши "Интерфакс" қазия субҳидам, соати 9 ба вуқӯъ пайваст. Мардум дар интизори сафар буданд, вале ягон хабар нашуду онҳо ба ғазаб омаданд.

Дар паи ин низоъ касе осеб надидааст. Феълан вазъият дар марзи Русия ва Қазоқистон ором аст.

Айни ҳол дар урдугоҳи муваққатӣ дар марзи Қазоқистону Русия 840 муҳоҷир дар интизори интиқоли онҳо ба ватан мебошанд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳастанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Самара то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст.

214
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, муноқиша, Қазоқистон, Русия
Арест, архивное фото

Боздошти сокини Петербург барои қатли муҳоҷири тоҷик: ҷавони 22 - соларо буғӣ карда кушт

543
Дар Санкт - Петербурги Русия як марди 48 - сола ба гумони қатли муҳоҷири 22 - сола аз Тоҷикистон боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Муҳоҷири 22 - сола аз Тоҷикистон дар шаҳри Санкт - Петербург кушта шуд, хабар медиҳад нашрияи Петербург. ру.

Ба иттилои манбаъ, хабари кушта шудани муҳоҷирро ба мақомоти пулис марди 45 - сола расонд. Гуфта мешавад муҳоҷири тоҷик дар хонаи ин мард ба ҳайси иҷоранишин зидагӣ мекард.

Вазорати меҳнат гуфт, дар шаш моҳ чӣ қадар муҳоҷир ба Русия рафт

Манбаъ меафзояд, ҷавони 22 - соларо нахуст кӯфтанд ва сипас аз роҳи буғӣ кардан ба қатл расонданд.

Зимнан, кормандони пулис ба гумони қатли муҳоҷири ҷавон, соҳибхона, марди 45 - сола, ки бекор аст, боздошт намуданд.

Феълан алайҳи боздоштшуда протокол тартиб дода шуда ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад. 

Зикр мегардад, ки тафтишот дар ин самт идома дорад.

543
Барчаспҳо:
қатл, тоҷик, муҳоҷир, Санкт-Петербург

Табодули таҷрибаву дониш: пизишкони Русия ба хотири кумак озими Қазоқистон шуданд - навор

0
Пизишкони Русия ба хотири имдод расондан ба ҳамтоёни қазоқи худ озими Қазоқистон шуданд ва муддати як моҳ бо онҳо табодули таҷрибаву дониш мекунанд

Пизишкони Русия ба хотири мубориза бурдан алайҳи маризии коронавирус озими Қазоқистон шуданд ва бо ҳамтоёни худ аз ин кишвар табодули донишу таҷриба мекунанд.

Таъкид мегардад, ки пизишкони Русия давоми яе моҳ дар Қазоқистон мемонанд ва роҳи дурусти мубориза алайҳи ин маризиро ба табибони қазоқ нишон медиҳанд.

Русия ба Қирғизистон барои мубориза бо коронавирус кӯмаки навбатӣ расонид

Ба ҳайати табибони рус, ки озими ин кишвар шуданд, пизишкони кӯдакона, анестизологу реанимотолог ва табибони бемориҳои сироятӣ қарор доранд.

Русия дар баробари ирсол намудани пизишкони ботаҷриба ба Ҷумҳурии  Қазоқистон, инчунин маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббиро низ кумак кард.

0
Барчаспҳо:
навор, Қазоқистон, кумак, Русия