Подозреваемый в убийстве 5-летней девочки в Подмосковном Серпухове

Қотили Ҳувайдоро ба табобат фиристоданд

338
Сёмин то 22 декабр дар бемористон мемонад, дар ҳолати табобат ёфтан, ӯро дубора аз ташхис мегузаронанд

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Александр Сёмин - ҷавони муттаҳам дар қатли Ҳувайдоро ба табобат фиристоданд. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон вакили дифои хонаводаи Ҳувайдо Олга Устюжанина хабар дод.

Бино бар иттилои манбаъ, 22 октябр дар додгоҳи шаҳрии Серпухов мурофиаи додгоҳии қотили эҳтимолии Ҳувайдо Александр Сёмин баргузор шуд.

Дар он додгоҳ масъалаи интиқоли Сёминро ба муассисаи табобатӣ дида баромад.

"Сёминро барои аз ташхиси дубора гузаронидан ба табобат фиристоданд. Номи муассиса ҳоло ба мо маълум нест", - гуфт ӯ.

Тавре Олга афзуд, Сёмин муддати 2 моҳ, то 22 декабр дар муассисаи табобатӣ монда, сипас масъалаи ташхиси дубораи ҳолати равонии ӯ дида баромада мешавад.

Пештар хабар дода шуд, ки додгоҳи Серпухов барои идомаи тафтишот мӯҳлати ҳабси пешакии Александр Сёминро то 22 декабр тамдид кард.

Ёдрас мешавем, муттаҳам аз моҳҳои август то аввалҳои октябр дар пажӯҳишгоҳи Сербскии Маскав қарор дошт. Коршносони Сербский бояд ҳолати равонии ӯро санҷида, дар бораи мукаллаф ё номукаллаф будани вай хулосаи худро пешниҳод мекарданд.

Аммо, ба гуфтаи онҳо, Сёмин "бемории муваққатии равонӣ" дорад ва феълан наметавонанд хулосае бароранд.

Ёдрас мешавем, Ҳувайдо Тиллозода духтараки 5-солаи тоҷик дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав бо як бераҳмӣ ба қатл расонида шуд.

Ӯ 22-юми июл дар назди хонаашон дар шаҳри Серпуховои вилояти Маскав ғайб зад ва ҷасади ӯро субҳи 23-юми июл дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии ҳамон маҳал пайдо карданд. Ба қавли мақомоти интизомии Русия, дар ҷасади кӯдаки 5-сола осори таҷовузи ҷинсӣ мушоҳида шуд. Бо иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ ва қатл Александр Сёмини 28-сола, яке аз ҳамсоягони хонавода дастгир шуд.

338