Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области

Зери болишт беҳтар ё чаро муҳоҷирон пулҳояшонро ба бонкҳои Тоҷикистон бовар намекунанд

107
Мақомоти Тоҷикистон мехоҳад шаҳрвандонашро дар хориҷи кишвар кӯмак кунад, то ки онҳо пулҳояшонро дар муассисаҳои нигоҳдорӣ гузошта, миқдорашонро низ зиёд кунанд. Аммо мутаасcифона мушкил дар он аст, ки худи муҳоҷирон намехоҳанд маблағҳояшон дар  бонкҳо ва ё бунёдҳои сармоягузорӣ нигоҳ доранд

 ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Муҳоҷирони меҳнатӣ нисбати пешниҳодҳои ҳукумат, ки барои нигоҳдории маблағҳои онҳо бунёди махсуси сармоягузорӣ, ташкил кардааст ва  махсусан шаҳрвандони дар хориҷа кору фаъолият дошта метавонанд пулҳояшонро бо фоиз барои нигоҳдорӣ супоранд, бисёр бо эҳтиёт менигаранд.

Аммо ба ақидаи коршиносони тоҷику рус то замоне, ки механизми корӣ фонди “муҳоҷир” ба онҳо пурра фаҳмо нагардад мавҷудияти вай суде надорад.

Ёдовар мешавем, ки Шараф Шерализода, роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  ҳафтаи гузашта дар Душанбе пешниҳод карда буд, ки бунёди махсуси сармоягузорӣ бо ҷалби муҳоҷирони меҳнати сохта шавад.

Ба ақидаи мақомоти кишвар ин бунёд метавонад, аз як тараф ба муҳоҷирон имконият диҳад, ки онҳо маблағҳояшонро ба нигоҳдории давлат супоранд, аз тарафи дигар пулҳояшон ба иқтисоди кишвар фоида биёранд.

 Ба гуфтаи Саидасрор Саидов, роҳбари идораи муҳоҷирати Вазорати меҳнати Тоҷикистон, зарурияти ин фонд дар он аст, ки насли ояндаи муҳоҷирони меҳнатӣ эҳсоси ҳувияти миллӣ ва алоқа бо ватанашонро гум накунанд.

Аммо муҳоҷирони меҳнатӣ маблағҳои бо арақи ҷабин ба даст овардаашонро ба наздиконашон равон мекунанд ва ё амволи ғайри манқул харидорӣ мекунанд.

“Ман фикр мекунам ин тасмим на ба ҳама маъқул мешавад. Дар Тоҷикистон аллакай таҷрибаи пиёда кардани бунёде, ки муҳоҷирон бояд пеш аз рафтанашон ба хориҷа ба он маблағгузорӣ мекарданд ва дар ҳолатҳои зарурӣ метавонистанд гирифта истифода баранд, гузаронида шуда буд. Аммо мутаасифона ин пешниҳод натиҷае нишон дода натавонист”, - қайд кардааст коршиноси масоили муҳоҷиратӣ Андрей Якимов.

Ба гуфтаи Якимов, муҳоҷирон дар хориҷи кишвар ҳатто ба бонкҳо боварӣ надоранд ва маблағҳояшонро мустақилона зери тагсариҳояшон пинҳон мекунанд.

Ба гуфтаи вай, ҳукумати Тоҷикистонро мебояд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида фоидае, ки муҳоҷирон баъди гузоштани маблағашон ба даст меоранд ба онҳо исбот кунад, шаффофияти механизми ин гуна муассисаҳоро дастраси мардум кунад ва нигоҳдории маблағҳои онҳоро кафолат диҳад.

Вагарна мардум маблағҳояшонро дар бунёд ва харидории сохтмонҳою амволи ғайриманқулу тую тамошо сарф мекунанд.

Дар ҳақиқат Шараф Шерализода қоил бар он аст, ки механизми кори бунёд барои сармоягузорӣ шаффоф бошад ва ҳар як сармоягузор бояд донад, ки маблағаш чӣ гуна, дар куҷо ва баҳри чӣ сарф мешавад.

Тахмин меравад, ки созандагони ин бунёд ва аъзоҳои шӯрои мушоҳидакунандагон ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ ва ҳукумати кишвар бошанд.

Гавҳар Ҷӯраева ҳимоятгари ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия бар он аст, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки ба ҳазору як найрангбозӣ рӯбарӯ шуда бо машақатҳои зиёд як танга ба даст меоранд, ба соҳиб гаштани фоидае аз маблағгузорӣ дар ин гуна фондҳо бовар надоранд, ҳатто агар дар гӯшашон аз ватан ва ватандӯсти тарона хонӣ,  барояшон ҷолиб нест.

“Муҳоҷиронро дар Русия доимо фиреб мекунанд, тӯҳмат мекунанд ва таъсири ин ҳама онҳоро ба нобоварӣ ба ин гуна пешниҳодҳо расондааст. Ба ҳама гуна бунёдҳо шаҳрвандони мо амнияти маблағашонро бовар накунанд”, - тавзеҳ дод Ҷӯраева ба Sputnik Тоҷикистон. 

Аммо ба ҳар ҳол вақте, ки ҳукумати Тоҷикистон барои сохтумони Роғун пул ҷамъ мекард, муҳоҷирони зиёд мувофиқи қобилияташон ба ин лоиҳа сармоягузорӣ карда буданд.

Аммо ин тасмими пешгирифта, яъне сармоягузорӣ ба фонд танҳо дар ҳоле амалӣ мегардад, ки мардум ба амнияти сармоя ва суди он дар оянда ба пуррагӣ боварӣ пайдо кунанд

“Хонае, ки онҳо ба он меоянд ва зери дарахтонаш истироҳат мекунанд барои онҳо зиёд хизмат мекунад. Ин гуна сармоягузориҳо низ, бояд эҳсос шаванд ва барои нафақа ва хазинаи оянда пешбинӣ шаванд”, - қайд кардааст Ҷӯраева.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи маълумоти Бонки марказии Русия дар семоҳаи дуюми соли 2018 ҳаҷми маблағҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон 672 миллион долларро ташкил медиҳад.

Инчунин то моҳи сентябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Русия барои кор 350 ҳазор шаҳрванди кишвар сафар кардаанд.

107