Взрыв на заводе пиротехники Авангард в Ленинградской области, архивное фото

Ҷасади қурбонии чорум шаҳрванди Тоҷикистон дар таркиши коргоҳ дар Русия пайдо шуд

161
Шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар пайи таркиш дар коргоҳи истеҳсоли пиротехника дар вилояти Ленинград ҳалок шудаанд, ба чор нафар расид

ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Расонаҳои маҳаллии Русия хабар медиҳанд, ки дар вилояти Ленинград ҷасади чорум шаҳрванди Тоҷикистон - қурбонии таркиш дар коргоҳи "Авангард" пайдо шудааст.

Қайд карда мешавад, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар коргоҳ қонунӣ фаъолият мекард ва патент дошт.

Ёдрас мешавем, таркиш дар коргоҳи истеҳсоли пиротехникаи "Авангард" 19 октябр рух дод, ки дар натиҷа бинои чорошёнаи коргоҳ хароб гардид.

Пештар хабар дода шуд, ки дар пайи ҳодиса 11 тан, аз ҷумла як кӯдак кушта шуданд. Дар шумули онҳо 3 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Белорус номбар карда мешуданд. Ҷасади муҳоҷири панҷум субҳи 23 октябр пайдо гардид.

Интизор меравад, ки ҷасади қурбониёнро ба зудӣ ба Ватан интиқол диҳанд.

161