Рабочие на строительной площадке, архивное фото

Русия мехоҳад квотаи муҳоҷирони меҳнатиро дар соли 2019 зиёд намоянд

129
(Таҷдидшуда 18:51 29.10.2018)
Тибқи маълумоти Вазорати меҳнати ва шуғли аҳолии Русия дар соли 2019 бояд ба кишвар беш аз 144 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ ҷалб карда шавад

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik.  Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Русия пешниҳод намудааст, ки квотаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2019 ба 3 дарсад афзоиш дода шавад, таъкид шудааст дар санаде, ки дар пойгоҳи федералии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба нашр расидааст.

Вазорати меҳнат иттилоъ додааст, ки дар соли 2019 ба иқтисоди Русия бояд  беш аз 144 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ҷалб карда шавад.

Дар санад қайд шудааст, ки дар соли гузашта мақомоти Русия барои наздик ба 178 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ иҷозатномаи кор додааст. Ҳамин тавр, дар соли равон теъдоди квотаи муҳоҷирон 144583 нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи қавонин сабаби асосии ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия, татбиқи лоиаҳои сармоягузорӣ  дар кишвар будааст.

Қаблан,  хабар дода шуда буд, ки дар соли 2019 дар Русия, теъдоди меҳоҷироне, ки дар соҳаи сохтмон фаъолият мекунанд то 80 дарсад кам карда мешавад. Муовини сарвазири Русия Татяна Голикова таъкид намуда буд, ки маҳдудиятҳо ба далели зиёд шудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин соҳа вобаста мебоашд.

129
Барчаспҳо:
Ҳукумати ФР, муҳоҷирони корӣ, квота, муҳоҷират, Тоҷикистон