Гавхар Джураева, архивное фото

Муҳим адолат аст: Ҷӯраева дар бораи консепсияи нави муҳоҷират дар Русия

438
(Таҷдидшуда 18:33 01.11.2018)
Гавҳар Ҷӯраева, коршиноси масоили муҳоҷиратӣ боварӣ дорад, ки сиёсати муҳоҷиратӣ дар Русия рӯ ба адолат мениҳад

Гаврҳар Ҷӯраева, коршиноси тоҷик дар масоили муҳоҷиратӣ мегӯяд, Русия бояд дар масъалаи муҳоҷиратӣ принсипи адолатро пеш гирад. Аммо феълан нишонаҳои равшани он нест.

"Яъне, агар одамон ба ватан ва ё ба замини гузаштагонашон баргарданд, чизе бояд садди роҳи онҳо шавад”, - гуфт Ҷӯраева ба Sputnik Тоҷикистон.

Джураева: миграционная политика РФ поворачивается лицом к справедливости

Коршинос афзуд, мақсади муҳоҷирон аз сафар ба Русия набояд танҳо иқтисодӣ бошад.

“Онҳое, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардан мехоҳанду асосе надоранд, бояд аз имтиҳони ҷиддӣ гузаранд”, - таъкид мекунад Ҷӯраева.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳолати ба Русия омадани шумораи зиёди муҳоҷирон, ҳам кишвари қабулкунанда ва ҳам кишвари ирсолкунанда, ки холӣ мешавад, зарар мебинанд.

Ҷӯраева таъкид мекунад, ки қонунгузорӣ бояд нафаронеро низ ҳимоя кунад, ки ба кишвари худ баргаштан мехоҳанд.

“Агар одамон новобаста аз миллаташон ба ватани худ бармегарданд, онҳо бояд мувофиқи қонунгузории муҳоҷиратӣ ҳимоя шаванд”, - мегӯяд коршинос.

Шарҳи бештари Гавҳар Ҷӯраеваро дар ин маврид, метавонед аз сабти овозии Sputnik Тоҷикистон гӯш кунед.

438
Барчаспҳо:
шаҳрвандии Русия, муҳоҷират, Русия, Гавҳар Ҷӯраева

Ҳалокати тоҷикистонӣ зери масолеҳи сохтмонӣ дар мағоза: харидор буд - видео

510
(Таҷдидшуда 14:44 07.08.2020)
Шаҳрванди Тоҷикистон дар мағозаи сохтмоние дар Тюмен фоҷиабор ба ҳалокат расид: Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ҳодиса парванда боз кард

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди як мағозаи сохтмонӣ ба ҳалокат расид, хабар медиҳад "Россия 1 Тюмень".

Руҳулло Нурматов дар шаҳри Тюмен ба сифати сохтмончӣ кор мекард. Дар баробари фаъолият ба сохтмони хонаи худӣ машғул буд.

Шоми 4 август шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон барои интиқоли маводҳои фармоишдодашуда ба мағоза омад.

Ҳалокати муҳоҷири тоҷик баъди сарозер шудан аз ошёнаи 12: ҳамагӣ ду рӯз кор кардааст

Дар қисмати боркунии маводҳои сохтмонӣ, замоне, ки плитаҳои тахтагинро ба дохили мошини боркаш бор мекарданд, боркунак ба дигар тараф тоб хӯрду масолеҳи сохтмонӣ ба сари Руҳулло чаппа шуд.

Нурматовро ба бемористон интиқол доданд, вале ҷароҳатҳои вазнин боиси марги ҷавон шуд.

Шаҳрванди Тоҷикистон хонадор ва соҳиби ду фарзанд буд.

Феълан аз ҷониби Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

510
Барчаспҳо:
тоҷикистонӣ, муҳоҷир, ҳалокат, Тюмен

Муноқишаи муҳоҷирон бо мақомоти қудратӣ дар марзи Русия ва Қазоқистон: ҷузъиёт

226
(Таҷдидшуда 16:00 05.08.2020)
Интизорӣ барои бозгаштан ба Ватан, дар марзи Русия ва Қазоқистон бо муноқишаи миёни муҳоҷирон ва кормандони қудратӣ анҷомид

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар марзи Русия ва Қазоқистон миёни муҳоҷирон ва кормандони қудратӣ муноқиша сар зад. Нахустин шуда шабакаи Match аз ин ҳодиса хабар дод.

Дар ин шабака наворе нашр шуда буд, ки дар он муҳоҷирон ба сӯи марз ҳаракат мекунанд. Аз навор суханони қабеҳ шунида мешуд.

Пасон намояндаи расмии Гвардияи миллии Русия Валерий Грибакин дар суҳбат бо "Интерфакс" гуфт, ҷанҷол рӯзи 3 август рух дод.

Шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон, ба Ватан расиданд

"Муноқишаи миёни муҳоҷирон ва мақомоти қудратӣ дар вилояти Самара ба зудӣ, бидуни дахолати намояндагони Гвардияи миллӣ пахш шуд", - қайд кард Грибакин.

Бино ба гузориши "Интерфакс" қазия субҳидам, соати 9 ба вуқӯъ пайваст. Мардум дар интизори сафар буданд, вале ягон хабар нашуду онҳо ба ғазаб омаданд.

Дар паи ин низоъ касе осеб надидааст. Феълан вазъият дар марзи Русия ва Қазоқистон ором аст.

Айни ҳол дар урдугоҳи муваққатӣ дар марзи Қазоқистону Русия 840 муҳоҷир дар интизори интиқоли онҳо ба ватан мебошанд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳастанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Самара то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст.

226
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, муноқиша, Қазоқистон, Русия
Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков

Жээнбеков: дар ҳар як мулоқот бо Раҳмон мо масъалаи сарҳадро муҳокима мекунем

0
Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар як мусоҳиба мавзӯи коронавирус ва вазъи сарҳадиро бо Тоҷикистон матраҳ кард

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik.  Дар ҳоли ҳозир корҳо барои мушаххас кардани сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон идома доранд, гуфт п резиденти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар мусоҳиба бо радиои "Биринчи Радио".

Президент қайд кард, ки вақте кор беҳтар шуд, музокирот пас аз паҳншавии коронавирус қатъ карда шуд, аммо ба ҳар ҳол, мулоқотҳо оид ба ин масъала, хусусан дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон, идома доранд.

"Дар ҳама ҷое ки мо бо ҳамтои тоҷикам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекардем, мо ҳамеша масоили сарҳадро баррасӣ мекунем. Ислоҳотҳо ҳастанд, аммо мушкил тавре ки ман қаблан зикр кардаам, ҳалли худро наёфтааст. Аммо, миёни ду кишвар ҳусни тафоҳум вуҷуд дорад" гуфт Жээнбеков.

Коронавирус ба музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон таъсир расонд

Сарвари Қирғизистон қайд кард, ки баъзан шиддат дар масъалаҳои марзӣ бо мушкилоти ҳамарӯза афзоиш меёбад, аз ин рӯ мақомоти маҳаллӣ бо мардум зич ҳамкорӣ мекунанд.

Жээнбеков: вазъ дар марз бо Тоҷикистон то ҳол мушкил мемонад

Жээнбеков илова кард, ки ин мавзӯъро яктарафа ҳал кардан мумкин нест. Вай изҳори итминон кард, ки мавзӯи баҳсбарангез тавассути гуфтугӯ ҳаллу фасл хоҳад шуд.

0
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, музокирот, сарҳад, Сооронбой Жээнбеков, Қирғизистон, Тоҷикистон