Сохтмон дар Маскав, акс аз бойгонӣ

Зарбаи барқу заҳри ангишт: фарзияи пешакии марги ҷавони тоҷик дар Маскав

107
(Таҷдидшуда 13:51 08.11.2018)
Дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Маскав ҷасади ҷавони 23-солаи тоҷик пайдо карда шудааст

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ҷасади шаҳрванди ҷавони тоҷик 6 ноябр дар яке аз сохтмонҳо дар қисмати ҷанубу ғарбии Маскав пайдо карда шудааст, хабар медиҳад “Тоҷик ТА”.

Манбаъ мегӯяд, бар асоси фарзияи пешакӣ ҷавони тоҷик бар аз зарбаи нерӯи барқ ва заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ба ҳалокат расидааст.

Марҳум дар майдони сохтмони бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Никулин кор мекардааст.

Мақомот мегӯянд, дар ҷасад осори марги маҷбурӣ дарёфт нашудааст ва феълан таҳқиқи сабаби дақиқи марги ҷавони тоҷик идома дорад.

107
Барчаспҳо:
барқ, ҳалокат, муҳоҷир, марг, муҳоҷират, Тоҷикистон-Русия