В вагоне-ресторане поезда Москва-Душанбе, архивное фото

Тоҷикистон аз ҳисоби шумораи муҳоҷиронаш дар Русия дувум аст

215
Дар соли 2018 аз Тоҷикистон 1 745 554, аз ҷумла барои кор 790 ҳазору 116 нафар бо мақсади кор, ба Русия сафар кардаанд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Тоҷикистон дар соли 2018 аз ҳисоби шумораи муҳҷирони меҳнатӣ дар Русия ҷои дуюмро ишғол намудааст, иттилоъ додааст ташкилоти ҷамъиятии “Федератсия муҳоҷирони Русия”.

 Дар соли 2018 аз Тоҷикистон 1 745 554, аз ҷумла 790 116 нафар бо мақсади кор, ба Русия сафар кардаанд.

Шумораи муҳоҷирони меҳнатие, ки аз ҳама зиёд ба Русия барои кор меоянд шаҳрвандони Узбакистон мебошнад. Аз моҳи январ то сентябри соли равон аз Узбакистон 3 миллиону 400 ҳазор, аз ҷумла 1 573 991 нафар ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба Русия сафар кардаанд.

Дар ҷои сеюм Украина бо нишондоди 347 272 муҳоҷир ва дар ҷои чорум Қирғизистон  бо 247 658 муҳоҷири меҳнатӣ ҷойгир шудааст. 

Чанде пеш иттилоъ дода шуда буд, ки Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия дар ҷои сеюм қарор дорад. Наздик ба 11,3 дарсади  шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Русия кору фаъолият мекунанд. Айни замон дар Русия зиёда аз 10 миллион шаҳрвандони хориҷӣ ба сар мебаранд. 

Инчунин пештар хабар дода шуда буд, ки интиқоли пулии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон аз Русия дар 6 моҳи соли равон  672 миллион доллрро ташкил додааст.  

  

 

 

215
Барчаспҳо:
шаҳрванд, муҳоҷират, Русия, Тоҷикистон