Мэр Москвы Сергей Собянин, архивное фото

Собянин: баъд аз ҷорӣ намудани “Патент” ҷиноят аз тарафи муҳоҷирон кам шуд

294
(Таҷдидшуда 11:42 19.11.2018)
Ба гуфтаи шаҳрдори шаҳри Маскав Сергей Собянин, дар пойтахти Русия ҷиноят аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ду баробар кам шудааст

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Сабти иқомат ва додани патент дар Маскав сабаби ду баробар камшудани  ҷиноят аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ шудааст, эълон кардааст шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Россия-1”.

“Ин дар натиҷаи кор бо муҳоҷирон аст, ки имрӯз 70 дарсади онҳо расман сабти иқомат мекунанду патент мегиранд. Инчунин онҳо инчунин нақши ангуштони худро месупоранд, яъне мо онҳоро мебинем ва медонем. Ин раванд сабаби ду баробар коҳиш ёфтани ҷиноят дар соҳаи муҳоҷират шудааст”, - гуфт Собянин.

Ҳамчунин шаҳрдори Маскав таъкид намудааст, ки низоми назорати видеои дар ҳоли ҳозир тамоми кӯчаҳои, ҳавлиҳо, даромадгоҳҳои бино, нақлиёти мусофиркаш ва марказҳои савдоро зери назорат гирифта, раванд кори пулисро самаранок намудааст.

294
Барчаспҳо:
кам шудани шумораи муҳоҷирон дар Русия, ҷиноят, муҳоҷират, муҳоҷир, муҳоҷирати корӣ, Тоҷикистон, Русия