Тахтаи иттилоотӣ дар масоили гирифтани шаҳрвандӣ, акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Русия квотаҳо барои додани "РВП" ба хориҷиёнро дар соли 2019 кам кард

161
(Таҷдидшуда 13:14 19.11.2018)
Ҳукумати Русия сабаби коҳиши квотаҳо барои ироаи иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ - "РВП" -ро ба амалигардонии барномаи баргардондани ҳаммеҳанон аз хориҷа рабт додааст

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Кабинаи вазирони Русия қарор дар бораи миқдори квотаҳо барои додани иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ - "РВП"  ба хориҷиён ва ашхоси бешаҳрвандӣ дар соли 2019 -ро ба тасвиб расонидааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Ҳукумати Русия, қарори дахлдорро сарвазир, Дмитрий Медведев ба имзо расонд.

Соли 2019 мувофиқи ин қарор  83 ҳазору 480 квота барои додани "РВП" дар ҳамаи минтақаҳои Русия ҷудо карда шудааст, ки нисбати нишондоди қаблӣ 6,8 ҳазор адад кам мебошад.

Сабаби камкунии квотаҳо барои иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ, амалигардонии барномаи баргардондани ҳаммеҳанон аз хориҷа арзёбӣ шудааст.

Манбаъ афзудааст, ки дар давоми 8 моҳи соли 2018, бидуни квота қарор дар бораи додани иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ба 42 ҳазору 343 иштирокчии барномаи ҳаммеҳанон қабул шудааст.  

Иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ва ё "РВП", ин ҳуҷҷатест, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва ё бешаҳрвандӣ иҷозаи будубош дар ҳудуди Русия медиҳад ва муҳлати эътибори ин санад се сол аст.

Мақомоти салоҳиятдор барои додани ин ҳуҷҷат идораҳои вазорати умури дохилӣ ва хадамоти муҳоҷиратии Русия мебошанд.  

 

161
Барчаспҳо:
муҳоҷир, шаҳрванд, РВП, Русия