Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области, архивное фото

Дар вилояти Ленинград низ арзиши патент гарон шуд

91
Арзиши пардохти ҳармоҳаи патент барои шаҳрвандони хориҷӣ дар вилояти Ленингради Русия ба 300 рубл гарон мешавад

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар вилояти Ленинград арзиши пардохти ҳармоҳаи патентро барои муҳоҷирон аз 3500 рубл то 3800 рубл гарон карданд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Русия хабар медиҳанд.

Вакилони Маҷлиси қонунгузории вилояти Ленинград рӯзи гузашта лоиҳаи қонуни вижаро қабул кардаанд. Он аз 1-уми январи соли 2019 ҳукми қонунӣ мегирад.

Вакилон пешбинӣ мекунанд, ки гаронтар шудани арзиши ҳармоҳаи патент буҷаи вилоятро ба 200 миллион рубл ғанитар мегардонад.

Пештар арзиши патент дар Маскав низ гарон шуда буд. Муҳоҷироне, ки тариқи патент дар пойтахти Русия ба сар мебаранд, бояд аз 1-уми январ ҳар моҳ 5 ҳазор рубл андоз супоранд.

91